Ин қонун шароити ҳуқуқии ҳимоят ва таъмини амнияти ширкатдорони мурофиаҳои додгоҳӣ аз ҷумла додситон, айбдоркунандаи давлатӣ вакилони дифоъ, ҳимояшавандаҳо, додгустар ва шоҳидонро мушаххас ва таъйин кардааст. Барои мисол дар мурофиаҳои додгоҳӣ ва бахусус дар ҷараёни муҳокимаҳои ҷиноёти сангин нафари аз ҳама осебпазир шоҳид хоҳад буд. Зеро баёнот ва нишондиҳандаҳои шоҳидон ба натоиҷи ниҳоии қабули қарори додгустар таъсири зиёд хоҳад дошт.
Аммо мавориди фаровоне дар раванди муҳокимаҳо ҳикоят аз он дорад, ки шоҳидон ба хотири зери зарба ва ё таҳдид қарор нагирифтани худ ва наздиконашон аз ифшои маълумоти муҳим барои бозкушоии гиреҳи муаммо дар додгоҳ худдорӣ мекунанд. Ҳамакнун бо қабули ин Қонун ин нафарон таҳти ҳимояти алоҳида ва махсуси давлат қарор хоҳанд гирифт.
Барои дарёфти иттилои бештар дар бораи ин қонуни нав Радиои Озодӣ бо бо Муҳаммадалӣ Ватанов, раиси Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва яке аз муаллифони тарҳи қонуни мазкур, сӯҳбате анҷом дод.
Муҳаммадалӣ Ватанов мегӯяд, "Мақсаду мароми таҳияи ин қонун аз он иборат аст, ки раваде, ки дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст,онро ба танзим дароварад. Яъне ончики дар қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ пешбинӣ мешавад. Онро дар амал татбиқ намояд ва дар ин қонун асосҳои ҳуқуқии ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судҳои ҷиноятӣ ба танзим дароварда шудаанд. Бояд дар назар дошта бошем, ки ин чораҳои амниятиву ҳимоявӣ нисбати иштирокчиёни зерини мурофиаи судии ҷиноятӣ паҳн мегарданд: нисбати прокурор, нисбати ҷабрдида, нисбати шоҳид, нисбати айбдоркунандаи хусусӣ, гумонбаршуда, айбдоршуда, судшаванда, маҳкумшуда сафедшуда, ҳимоятгарон ва намояндагони қонунии онҳо, инчунин шахсоне, ки нисбати онҳо парвандаи ҷиноятӣ ва ё таъқиби ҷиноятӣ қатъ карда шудааст. Зарурати қабули ин қонун пеш аз ҳама аз он иборат аст, ки мо тавонем нисбати шахсоне, ки дар рафти мурофиаи судӣ иштирок мекунанд ва барои ҳақро ба ҳақдор расонидан ва таъмини адолати судии онҳо ёрӣ мерасонанд, чораҷӯӣ намоем, ки онҳо мавриди таъқиб ва зӯроварӣ қарор нагиранд.
-Яке аз ширкатдорони мурофиаи додгоҳӣ ҳатман, ки нафари шоҳид аст.Дар асоси қонуне, ки имрӯз таъйид шуд чи гуна амнияти нафари шоҳид аз ҷониби давлат таъмин мешавад?
Муҳаммадалӣ Ватанов: -Нисбати шахси ҳимояшаванда, ки он метавонад ҳам шоҳид бошад, метавонад ҷабрдида бошад метавонад дигар иштирокчии мурофиаи судии ҷиноятӣ бошад, шаклҳои зерини чораҳои амниятӣ татбиқ карда мешаванд. Пеш аз ҳама таъмин намудан бо муҳофизони шахсӣ, таъмини муҳофизати манзил ва молу мулки вай, додани воситаҳои махсуси мудофиаи шахсӣ, алоқа ва огоҳонӣ аз хафву хатар, таъмини махфияти маъулмот дар бораи шахси ҳимояшаванда,кӯчонидани ин шахс ба маҳалли дигари истиқомати муваққатӣ ,иваз намудани ҳуҷҷатҳо, тағйир додани симои зоҳирӣ, дигар кардани ҷойи кор, хизмат ва ё таҳсил, ҷойгиркунии муваққатӣ дар маҳалли бехатар.
-Вақте қиёфаи зоҳирии нафари шоҳид тағйир дода мешавад ба хотири он, ки фардо ба ӯ зиёне нарасад, хароҷоти ҷарроҳии пластикӣ аз ҷониби кӣ пардохта мешавад?
Муҳаммадалӣ Ватанов: -Вақте давлат чораи таъмини ҳимояро ба зимма мегирад, тамоми хароҷоти вобаста ба таъмини амниятӣ аз тарафи давлат пардохта мешавад. Лекин мо дар назар доштанамон зарур аст, ки тағйир додани симои зоҳирӣ танҳо бо ризоияти худи шахси ҳимояшаванда мумкин аст, ки дар амл татбиқ карда шавад.
-Оё қабули ин қонун барои осонтар шудани дарёфти иттилоъ аз шоҳидон мусоидат хоҳад кард?
Муҳаммадалӣ Ватанов: -Ғараз аз қабули ин қонун пеш аз ҳама таъмини амнияти шахси ҳимояшаванда мебошад. Табиист, ки дар як маврид ҳам таъмини амнияти шахс ва ҳам таъмини шаффофияти иттиллои ба дастомада яъне дурустии иттилоот имкон дорад каме душворӣ ба миён орад. Лекин бояд мо қайд кунем, ки ин амалҳо ин чораҳои амниятӣ танҳо дар мавридҳое таъмин карда мешаванд, ки нисбати шахс татбиқи дигар намуди чораҳои амниятӣ ғайриимкон аст ва ё ба ҳаёти шахс хатари ҷиддӣ таҳдид мекунад. Бинобар ин вақте мо дар бораи гирифтани маълумот, иттиллот дар бораи шахси ҳимояшаванда дар инҷо сухан меравад ,мо бояд қайд кунем, ки тибқи ин қонун ҳамаи мақомоте, ки чораҳои амниятиро татбиқ мекунанд бояд махфияти маълумот дар бораи шахси ҳимояшавандаро таъмин намоянд. Агарки таъмини махфият дар бораи шахси ҳимояшаванда ҷой надошта бошад, онгоҳ татбиқи ин чораҳои амниятӣ маънои худро гум мекунад. Зеро агар ҳама донанд, ки шахси ҳимояшаванда ба куҷо кӯчонида шудааст ва ё донанд, ки ӯ бо ҳуҷҷати тағйири номкарда мегардад, ё инки агар ҳама донанд, ки ин шахс дар куҷо манзили иқомати муваққатӣ дорад ман гумон мекунам, ки зарурати татбиқи чораҳои амниятӣ ба миён намеояд.