Ӯро барои сарфи пулҳои давлат бо мақсадҳои дигар айбдор мекунанд. Худи Тимошенко дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки ин амали мақомоти кишвар “як террори зидди мухолифин”-ро мемонад. Юлия Тимошенко инак ду рӯз аст, ки ҳақи тарк кардани кишварро надорад ва додситонӣ ӯро барои додани баёнот даъват мекунад.
Барои шарҳи ин ҳодиса мо бо Ирена Халупа, раиси бахши украинии радиои Озодӣ, сӯҳбате анҷом додем.
Хонум Халупа мегӯяд: “Ҳукумати президент Виктор Янукович чанд моҳ пеш ду ширкати ғарбиро дар муомилаҳо бо ҳукумати Юлия Тимошенко айбдор кард. Ҳукумат гуфт, ки онҳо пулҳои барои ҳадафҳои муайян ҷудошударо бо дигар мақсадҳо истифода кардаанд. Мутобиқи протоколи Киото, ки коҳиши партоби газҳои гулхонаиро дар назар мегирад, пулҳое, ки ба ҳукумат ҷудо мешаванд, бояд барои иҷрои тарҳҳои муҳитзистӣ истифода шаванд. Ҳоло ҳукумат иддао дорад, ки ҳукумати Тимошенко дар авҷи бӯҳрони молӣ ин пулҳоро барои пардохти нафақаи мардум равона кардааст. Аз миёни иттиҳомоти додситонӣ ду айбмонӣ марбут ба истифодаи берун аз ҳадафи пулҳо мебошад. Айни замон, чаҳор мақоми баландпояи Украина барои ҳаргуна иттиҳомоту ҷиноятҳо дар зиндон ҳастанд. Азбаски ҳоло Тимошенко ҳам ба ҷавобгарӣ ҷалб шудааст, бисёриҳо мегӯянд, ки ин қазияҳо сирф сиёсӣ буда ришват фақат як баҳонаи муҷозоти мухолифин аст”.
-Оё Тимошенко ҳамоно як рақиби нирӯманду пуриқтидори Янукович аст? Чунки мо медонем, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ онҳо қариб раъйи баробари мардумро ба даст оварда буданд.
Ирена Халупа: -“Ӯ ҳоло ҳеҷ касе нест. Ӯ ҳатто як дафтари кории сиёсӣ ҳам надорад. Мегӯянд, вай як ҳукумати соягии мухолифинро раҳбарӣ мекунад. Вале мухолифон дар Украина шадидан заъиф шудаанд. Ба фикри ман, вай аслан ҳеҷ нирӯву тавоне надорад”.
-Мо медонем, ки дар гузашта, дар миёнаҳои солҳои 1990-ум Тимошенко ба хотири халос шуданаш аз иттиҳомоти ҳамсони муомилаҳои ғайриқонунии пулӣ, дуздиву азхудкунии маблағҳо ҳангоми раҳбарии ширкати газ дар боздоштгоҳ ба сар бурдааст. Ӯро як сиёсатмадори бисёр боақлу “рӯбаҳсифат” мегӯянд. Ҳоло ҳам ба назари шумо вай метавонад аз об хушк берун шавад?
Ирена Халупа: -“Намедонам, сахт аст гуфтани ин. Як чизе, ки дар ҳақи ӯ бояд гуфт, вай, мисли дигар шахсиятҳои бонуфузу сарватманд дар солҳои 1990-уми бенизомиҳои Украина соҳиби пул шуд. Вай ҳамеша гуфтааст, ки бо роҳҳои қонунӣ пулдор шудааст. Бархӯрди мардум ҳам бо ӯ хеле ҷолиб аст: ӯро ё бад мебинанд ё дӯст медоранд. Ҳарчанд бисёриҳо ба ӯ эътимод надоранду вайро сиёсатмадори қавӣ намедонанд, аммо айни замон ба унвони рақиби шоистаи Янукович хуш мепазиранд. Чунки ӯ як суханвар ва демагоги олиҷаноб аст, вай шуморо дар ҳар чизе, ки хоҳед мутақоид мекунад. Вале ҳақиқат ин аст, ки ҳоло заъфи ӯ рӯшан аст ва воқеият ин аст, ки дар саҳнаи имрӯзаи сиёсӣ вай як сиёсатмадори дирӯза шудааст”.