Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъияти тоҷикон: Муҳоҷирон бояд ба муноқиша ҳамроҳ нашаванд


Ҷамъияти тоҷикон дар Русия аз муҳоҷирони корӣ даъват кард, ки ҳамагуна пешниҳоди иштирок дар тазоҳурот алайҳи миллатгароёни русро нодида бигиранд ва худро аз ин тавтеъаҳо дур нигаҳ доранд.

Ба думболи ошӯбҳои рӯзи шанбеи миллатгароёни рус бо латту кӯби мардуми ғайрирус, дар саҳифаҳои интернетӣ аз қавмҳои мусалмони Русия даъват шудааст, ки ба гирдиҳамоии эътирозии ҷавонони қафқозӣ ҳамроҳ шаванд.

Ҳушдор аз пайомадҳои тазоҳурот


Масъулини Анҷумани тоҷикони муқими Русия бо номи “Самандар” ин даъватҳоро ғайриқонунӣ ва барои идомаи будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия хатарнок унвон кард.

Созмонҳои тоҷикони муқими Русия зимни пахши як муроҷиатнома гуфтаанд: “Муҳоҷирони кории тоҷик, ки барои кору тиҷорат ва дарёфти рисқу рӯзии хонаводаҳои худ ба Русия омадаанд, набояд худро ба бозичаи дасти сиёсатбозҳо табдил диҳанд.”

Мақомоти ҷамъиятҳои тоҷикон аз он нигаронанд, ки тобишҳои мазҳабии муноқишаи ахир дар байни бегонаситезҳои рус ва ҷавонони қафқозӣ мабодо муҳоҷирони тоҷикро вориди ин рӯёрӯиҳо накунад.


Гирдиҳамоии хунини миллатгароёни рус


Авохири ҳафтаи гузашта садҳо мухлиси футбол якҷо бо миллатгароёни рус, бо шиорҳое “Русия барои русҳо ва Маскав барои маскавиҳо” ба кӯчаҳои пойтахт рехтанд ва ва дар роҳи ҳаракати худ ба намояндагони қавмҳои ғайрирус дарафтоданд.

Дар пайи он ҳодисаҳо 13 нафар, аз ҷумла чанд пулис захм бардошт. Хабаргузории Интерфакс навишт, рӯзи якшанбе як ҷавони қирғиз – Алишер Шамшиеви 37-сола аз зарби корди гурӯҳи ситезаҷӯи рус кушта шуд.

Изтироби муҳоҷирони тоҷик

Маҳина Абдулҳаева – як ҷавонзани тоҷик ҳамроҳи хонаводааш дар канори Маскав ба сар мебарад. Ӯ мегӯяд, ҳар рӯз дар бораи эҳтимоли бурузи низоъҳову пархошҳои нав хабарҳое пахш мешаванд ва ӯро ба изтироб меоранд.

Ӯ гуфт: “Ман аз писарам, ки дар донишгоҳи Маскав таҳсил мекунад, дар хавотирам. Мебинам, ки ин ҳодисаҳо ҳама одамонро новобаста аз қавму миллат сахт дар ташвиш андохтааст. Ман чун як шаҳрванди Тоҷикистон аз раҳбарони давлати худ хоҳиш дорам дар ҳалли ин мушкил бо раҳбарони давлати Русия ҳамкорӣ кунанд ва саҳмгузор бошанд.”

Кор ва зиндагии пур аз хатар


Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳадафи дарёфти ҷойи кор дар манотиқи мухталифи Русия ба сар мебаранд. Бо вуҷуди он ки бисёре аз онҳо ҷойи кори амн доранд, аммо мегӯянд, ҳеҷ кафолате вуҷуд надорад, ки дар кӯча бо бегонаситезе рӯ ба рӯ шавӣ ва ҷон ба саломат бубарӣ.

Дилбар Самадова таҳлилгари тоҷик, ки чанде пеш аз Маскав баргашт, мегӯяд, агар мақомоти Тоҷикистон ва кишварҳои дигар барои фурӯ нишондани оташи хашми безонаситезӣ дар Русия ба мақомоти Маскав муроҷиат накунанд, оқибати ин ҷумбиш ҳам барои муҳоҷирони корӣ ва ҳам барои худи Русия хатарнок хоҳад буд.

Хонум Самадова мегӯяд, сартарошидаҳои Русия ва гурӯҳҳои миллатгарои дигар, ки гӯё шӯхӣ ба шӯхӣ ба майдон ворид шуданд, акнун ба як нирӯи вайронкоре табдил шудаанд, ки дигар на ба мақомоти Русия сар мефуроранд ва на ба раҳбароне, ки онҳоро тамрин додаанд.

Хатари миллатгароӣ ба Русия

Нашри наворҳои батаҳрири ҳодисаи 11-уми декабр дар саҳифаи Ютюб ҳудуди бегонаситезӣ дар Русияро ба намош гузошт. Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев задухурди ахирро таҳдид ба пояи давлат номид ва гуфт, ки масъулони ин ҳодиса муҷозот хоҳанд шуд.

Аксаран ба ин назаранд, ки 11-уми декабр дар таърихи Русия бо ранги сиёҳ сабт хоҳад шуд. Аммо барои муҳоҷирони корӣ фарқ надорад, ки ин рӯз дар таърих чӣ ранг хоҳад дошт. Онҳо ҳоло як дарди сар доранд, ки ин ҳодиса ба зудӣ аз хотирхо зудуда шавад, то онҳо битавонанд беҳарос ба кӯча бароянд ва то ҷойи кор зинда бирасанд.
XS
SM
MD
LG