Ахиран ширкати «Барқи тоҷик» низ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки қимати барқ аз 20 то 25 дарсад боло бурда шавад. Ҳоло як киловат-соат барқ дар Тоҷикистон 9 дирам аст ва дар ҳоли боло рафтан ба 11 дирам баробар мешавад. Корхонаҳои саноатӣ, ки ҳоло барои як киловат 25 дирам падохт мекунанд, дар сурати боло рафтани нархи энержӣ барои ҳар киловат ҳудуди 30 дирам сарф хоҳанд кард.
"Заруратҳои фаннӣ ва тақозои бозор"
Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи «Барқи тоҷик» ин болоравиро ба заруратҳои фаннӣ ва тақозои бозор рабт медиҳад:
«Ин пешниҳод ба модернизатсия ва навсозии таҷҳизот вобаста аст. Таҷҳизот фарсуда шудаанд. Мардум бояд бо барқ таъмин бошад ва барои ин таҷҳизоти нав зарур аст. Дигар ҷониби масъала ҷалби сармоягузорони хориҷӣ аст, ки бо нархҳои имрӯза онҳо барои сармоягузорӣ шавқманд нестанд. Фоида намебинанд.»
Дар ҳоле, ки Тоҷикистон аз манобеӣ алтернативии энержӣ амсоли газу нафт бархурдор нест ва ин ду маҳсулотро ба таври номуназзам аз хориҷ ворид мекунад, нирӯи барқ барои аҳолии ин кишвар ягон воситаи пешбурди зиндагӣ боқӣ мемонад. Ниёз ба нирӯи барқ махсусан дар фасли сармо бештар мешавад. Дар чанд соли ахир ҳукумат додугирифт бо мардумро то андозае ба танзим овард ва шаҳрвандон низ ба ҳатмӣ будани пардохти пули барқ акнун одат мекунанд. Аммо эҳтимоли боло рафтани нирӯи барқ дар кишваре, ки ҳади ақали маош дар он 80 сомон ва ҳади миёна 280 сомон муайян шудааст, шаҳрвандонро нигарон мекунад.
Нигаронӣ аз афзоиши пайдарпайи қимати барқ
Суҳроб Ҳамдамов, як донишҷӯ аз Панҷакент, иҷоранишин аст. Ӯ мегӯяд, бо вуҷуди сарфакорӣ моҳе 60 сомон пули барқ медиҳад ва агар қиммати барқ аз ин ҳам боло равад, зиндагияш сахт мешавад:
«Чӣ хел пардохт мекунем? Вақте нарху наво қимат шуд, пардохт ҳам мушкил мешавад. Мардуми камбағал аз куҷо ёфта месупорад? Мо шахсан наметавонем»
Бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ баъзе шаҳрвандон зарурати боло бурдани киммати барқро дарк мекунанд.
Татяна Иванова, сокини Душанбе мегӯяд, ӯ мухолифи боло бурдани қимати барқ нест. «300 сомонӣ маош мегирам, 150 сомонӣ барои барқ пардохт мешавад, албатта ин барои зиндагӣ кофӣ нест, фарзандонам кӯмак мекунанд, - мегӯяд хонум Иванова:
«Мо қудрати пардохти нерӯи барқро дорем, зеро хеле сарфа мекунем. Чароғҳои каммасраф дорем, барои хӯрок пӯхтан газро ҳам ба кор мебарем. Чун боло бурдани нарх зарур аст, пас зарур будааст.»
Рустоиҳо бетафовутанд....
Аммо Музаффар Салимов, як сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, барои ӯ аслан боло ё поён рафтани қиммати барқ фарқ надорад, зеро дар деҳаи онҳо дар зимистон ҳамагӣ 4 соат барқ медиҳанд:
«Ман розиям, барои он, ки дар ҳар зимистон чор соат барқ дорем. Дар тамоми сол фақат се моҳ барқ ҳаст, ҳамон ҳам вақти пахтакорӣ. Чӣ фарқ дорад нархро баланд мекунанд ё паст?»
Тибқи иттилои «Барқи тоҷик», Тоҷикистон аз соли 2001 ба ин сӯ қиммати барқро аз 0,5 ба 2 сент боло бурдааст. Ба қавли Нозирҷон Ёдгорӣ, ҳар сол ду маротиба нарх боло бурда мешуд, аммо имсол як дафъа ва он ҳам дар шурӯъи сол сурат гирифт. Ӯ гуфт, дар ҳоле, ки ширкат боло бурдани қиммати барқро зарур мешумурорад, аммо ҳукумат пешниҳоди онҳоро афзудани нарх напазируфтаст.
Коршинос: сатҳи иҷтимоии мардум ба назар гирифта шавад
Ба думболи анҷоми суҳбат бо мақомот ва шаҳрвандон, мо аз Баҳром Сироҷев, собиқ сарвари «Барқи тоҷик», академики Академияи байнулмилалии муҳандисӣ пурсидем, ки оё далоили боло бурдани қиммати барқ тавҷеҳ дорад? Баҳром Сироҷев чунин посух дод:
«Аз агрегатҳои Норак сар карда, то равғанҳои молиданӣ харида мешаванд. Барои танзими системаи энергетикӣ маблағҳои бузург лозиманд. Агар онҳо набошанд, имрӯз ё пагоҳ дар хонаҳои мо барқ намешаванд. Аммо ҷониби дигари масъала. Дар Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустон нархи як киловат-соат барқ 7 — 8 сент аст. Аммо мо бояд на ба он дараҷа нархро боло бардорем. Бояд сатҳи иҷтимоии мардуми худро ба назар гирем. Мешавад, ки нархро боло барему муштарӣ онро пардохт карда натавонад. Дар ин ҳол баланд кардан фоида надорад»
Дар ҳар сурат, ба назар мерасад, ки афзоиши қиммати барқ як амри ногузир аст, ки имсол ё соли дигар фаро мерасад. Албатта шаҳрвандоне, ки ҷойи кор доранд ё манобеъи дигари молӣ аз ин афзоиш хисороти гарон намебинанд. Ин дигаргунии эҳтимолӣ бештар ба оилаҳои камбизоат ва серфарзанд пуртаъсир хоҳад буд.