Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси Шӯрои ҷамъиятӣ бо ҲНИТ


Нуралӣ Саидов, котиби Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон
Нуралӣ Саидов, котиби Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон

Нуралӣ Саидов, котиби Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, мавзеъгирии Воҳидхон Қосиддинов, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷкистон, дар баробари фаъолияти ин шӯроро нодуруст ҳисобид ва гуфт, ки ба зудӣ ба ӯ посухи расмии хоҳанд дод.

Воҳидхон Қосиддинов, муовини раҳбари ҲНИТ, фаъолияти Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистонро, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 90 созмони иҷтимоӣ, ақаллиятҳои милливу динӣ ва аҳзоби сиёсӣ шомили он буда, раёсаташро Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, “бемаъно” хондааст.

Интиқод аз кори Шӯрои ҷамъиятӣ

Воҳидхон Қосиддинов, муовини раиси ҲНИТ
Муовини раҳбари ҲНИТ мутмаин аст, ки Шӯрои ҷамъиятӣ нуфузу тавоноӣ ва аҳамияти худро аз даст дода ва ба ин шакле, ки ҳоло амал мекунад, ба дард намехӯрад.

“Дар ҷаласаҳои шӯро масъалагузорӣ мешавад, масъалаҳо муҳокима мешаванд. Ҳамаи онҳо рӯи коғаз мемонад. Аз рӯйи он тасмимгирӣ ва ё амалкарди ҷиддӣ намешавад. Яъне, дар фаъолияти давлатию ҳукуматӣ ба кор рафтани тасмимгириҳои шӯроро надидем”,-афзуд ӯ.

Ин гуфтаҳои оқои Қосиддинов дар ҳолест, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар пайи интихоботи гузаштаи порлумонии моҳи феврал ба нишони эътироз аз шӯрои ҷамъиятӣ берун рафт.

Раиси ҲИИ: «Ин шӯро зарур аст»

Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ
Аммо Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки ҳизбаш шомили Шӯрои ҷамъиятист, вуҷуди онро зарур меҳисобад.

Вай мегӯяд, феълан нақши шӯро барои расонидани мавқеи созмонҳои ғайридавлатӣ ва аҳзоби мухолиф ба ҷониби ҳукумат муҳим аст: “Ин шӯро зарур аст. Зеро ягона сатҳи олиест, ки дар он ҷо созмонҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилоти ғайридавлатӣ мубоҳиса мекунанд ва назари худро дар бораи мушкилоти ҷомеа изҳор мекунанд.”

Абдулғанӣ Мамадазимов, раиси Анҷумани сиёсатшиносони Тоҷикистон бовар дорад, ки бо коркарди механизмҳои иҷрои қарордодҳо (ё пешниҳодҳои) Шӯрои Ҷамъиятӣ, метавон онро ба як ниҳоди хеле тавоно табдил дод.

“Ҳоло Шӯрои Ҷамъиятӣ вазифаи худро ба иҷро нарасонидааст. Фаъолияташро боз ҳам ҷоннок кунем, барои ҳамкорӣ миёни созмонҳои ҷамъиятӣ ва ҳукумат хеле ва хеле муҳим аст”,-илова кард ӯ.

Шӯрои “нишастану гуфтану рафтан”

Коршиноси масоили сиёсӣ Исмоил Раҳматов низ мегӯяд, фаъолияти ин шӯро дар чорчӯби “нишастану гуфтану рафтан” маҳдуд шудааст ва ҳоло аз имконияте, ки ин шӯро дар ихтиёр дорад, истифода намешавад.

Бо ин ҳол, Воҳидхон Қосиддинов, муовини раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, шӯрои ҷамъиятиро бояд барҳам дод ва ба ҷои он созмони дигаре ташкил кард, ки танҳо аҳзобу созмонҳои бонуфуз вориди он шуда, масоили рӯзмарраи Тоҷикистонро ба баҳс гиранд.

Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 1996, як сол пештар аз имзои созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон таъсис ёфтааст, ки раҳбарии онро раиси ҷумҳур ба ӯҳда дорад ва вазифаи он мусоидат ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ унвон мешавад.

Хуруҷи ҳизбҳо аз Шӯрои ҷамъиятӣ

Феълан, Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби демократ ва Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон узвияти ин шӯроро надоранд.

Ҳизбҳои наҳзати исломӣ ва демократ дар пайи интихоботҳои порлумонии соли 2005 ва 2010 аз ин шӯро хориҷ шудаанд, вале ҳизби состиал-демократ танҳо ҳизби сиёсиест, ки ҳич гоҳ узви ин шӯро набудааст.

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баъд аз эълони натиҷаҳои интихоботи порлумонии соли 2005 изҳор кард, ки аз шӯрои ҷамъиятӣ берун меравад, вале то кунун узвияташ дар ин шӯроро ҳифз кардааст.
XS
SM
MD
LG