Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими тақдими ҷоизаи Нобел дар ғайби барандаи он


Рӯзи ҷумъа дар шаҳри Осло Кумитаи Нобел маросими тақдими ҷоизаи сулҳи Нобелро бидуни ширкати барандаи он - дигарандеши чинӣ Лю Сяобо доир намуд. Кумитаи Нобел курсии холии барандаи ҷоизаро ҳамчун ёдоварӣ аз ҳабси Лю дар Чин дар садри маросим ҷойгир кард.

Ин бори дуюм аст, ки курсии барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел холӣ мемонад, зеро на баранда ва на намояндаи расмии ӯ натавонистаанд дар маросими ботантана ширкат варзанд.

Соли 1935 Олмони натсистӣ ба Карл фон Осиестскӣ ва намоядагони расмии ин фаъоли сулҳ иҷозат надод, ки барои гирифтани ҷоизаи сулҳи Нобел ба Норвегия сафар кунанд. Дар соли 1975 вақте Андрей Сахаров дар шаҳри Нижний Новгороди Русия дар бадарға қарор дошт, ҳамсараш Елена Бонер аз номи Сахаров ҷоизаро гирифта, паёми ӯро ба ҳозирин ироа кард.

Ҳукумати Чин Люро бо ҷурми кӯшиши вожгун намудани давлат ба муддати 11 сол аз озодӣ маҳрум кардааст. Ҳамин тариқ медали барандаи ҷоизаи сулҳ ва якуним миллион доллар дар Кумитаи Сулҳи нобел мунтазири Лю хоҳанд буд. Мақомоти Чин имкон надоданд, ки наздикони Лю ва 20 фаъоли дигареро, ки метавонистанд ба ин маросим сафар кунанд, дар дохили кишвар нигаҳ доштанд.

Талоши Чин барои бойкоти ҷоизаи Нобел


Бар илова мақомоти Чин бар зидди ҷоизаи Нобел маъракаи таблиғотӣ оғоз намуда, муваффақ шуд, ки тахминан 20 кишвари дигар, аз ҷумла Русия, Эрон, Қазоқистон ва Покистонро ба худдорӣ аз ширкат дар маросими тақдими ҷоиза водор кунад.

Дар лаҳзаҳои ахир Украина ва Сербия тасмими таҳрими маросимро канор гузошта, таъкид карданд, ки дар маъракаи ботанана ҳузур хоҳанд дошт.

Интиқоди ИМА аз иқдоми Пекин

ИМА маъракаи бойкоти ҷоизаи Нобелро бо лаҳни шадид маҳкум кард.

Рӯзи панҷшанбе дар Вашингтон сухангӯи департаменти давлатӣ ё худ вазорати корҳои хориҷии ИМА Филип Кровлӣ гуфт: “Мо аз Чин даъват мекунем, ки ӯҳдадориҳои байналмилалиаш дар мавриди эҳтироми ҳуқуқи башар ва озодиҳои асосии мардуми ин кишварро иҷро намояд ва ҳамоно дархост мекунем, ки раҳоии фаврии Люро таъмин намояд.”

Ҳамин гуна даъватҳо аз чандин кишвари дигари олам низ садо додаанд, вале мақомоти Пекин дар баробари радди ин дархост мамолики ғарбиро ба бор намудани арзишҳояшон рӯи мардуми Чин муттаҳам карданд.

Рақиби режими Чин


Лю Сяобо нависанда ва собиқ устоди донишгоҳ аст, ки соли 1989 дар эътирозҳои майдони Тянанмен машҳур шудааст. Он замон Лю ба муддати ду сол аз озодӣ маҳрум шуда буд.

Соли 1996 Лю аз зиндон раҳо шуд, вале баъди даъвати ташкили низоми сиёсии бисёрҳизбӣ дар Чин боз барои се соли дигар равонаи маҳбас гашт.

Сипас дар соли 2008-ум Лю ҳамроҳ бо 300 равшанфикри ин кишвар дар як санаде бо номи Оинномаи 8-ум имзо гузошта, даъват кард, ки дар Чин сарқонуни нав, додгоҳи мустақил ва озодии баён таъмин гардад. Ҳамин тавр дар соли 2009 Лю ба муддати 11 сол аз озодӣ маҳрум гашт.

Мақомоти Чин зиёд саъй доранд, ки дар қаламрави Чин дар бораи маросими имсолаи тақдими ҷоизаи сулҳи Нобел хабару гузорише нашр нашавад.
XS
SM
MD
LG