Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бори гарони 22 навъи андоз дар иқтисоди Тоҷикистон


Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро бо 22 навъи андозе, ки дар ин ҷумҳурӣ ситонида мешавад, дар байни 183 кишвари ҷаҳон дар мақоми 165-ум ҷой додааст.

Ба эътиқоди Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистонро зарур аст, то системи андозбандиро бозбинӣ кунад, зеро андозҳои барзиёд ва дар бархе мавридҳо на чандон судманд дар рушди бахши иқтисод ва иҷтимоъ монеа эҷод мекунад.

Шеваҳои андозбандӣ дар Тоҷикистон

Пардохти андозҳо дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон ба ду шева – патентӣ ва шаҳодатномаӣ – роҳандозӣ шудааст. Шеваи патентӣ хоси соҳибкорони инфиродӣ аст ва ҷанд намуди андоз дар як баста ба унвони патент ҷамъоварӣ шудааст. Соҳибкори инфиродӣ ин андозҳоро ҳар моҳ яклухт пардохт мекунад.

Барои мисол, Ҷамолиддин Беҳбудов соҳиби як ошхонаи кӯчак аст ва бар асоси патент кор мекунад.

Ӯ дар бораи бартарии патент нисбат ба дарёфти шаҳодатномаи тиҷоратӣ гуфт: «Ман ҳар моҳ бар асоси патенти дарёфтӣ ва ҳаҷми кор пули муайяншударо месупорам ва роҳат корро анҷом медиҳам. Нозири андоз ҳар моҳ барои тафтиш намеояд, ҷуз намояндаи идораи сӯхторнишонӣ. Воқеан шакли патент барои соҳибкори хурд хеле муносиб ва судманд аст».

Низоми ношаффофи андозсупорӣ

Мухолифони системаи патентӣ дар Тоҷикистон кам нестанд. Ба гуфтаи онҳо, ин шакли фаъолият сабаби тавсеаи фасод дар ҷумҳурӣ мешавад ва ба рупӯш кардани ҳаҷми тиҷорат ва гардиши мол кумак мекунад.

Ҷамшед Қуддусов, коршиноси бахши иқтисод ва иҷтимоъ, мегӯяд, патент хоси соҳибкори инфиродӣ аст, вале аксари мағозаву ошхона ва марказҳои савдо, ки онҷо аз 3 то 10 кас кор мекунад, на шаҳодатномаи тиҷоратӣ доранд, балки бо патент кор мекунанд, ки бар зарари буҷаи давлат аст.

Ҷаноби Қудусов афзуд: «Соҳибкоре бо патент бояд кор кунад, ки дар фаъолият шахси дигарро киро намекунад. Вале дар Тоҷикистон бо як патент чанд нафар фаъолият мекунанд, ки муғойири қонун аст ва дар ин сурат ин корхона ва ё мағоза бояд бо шаҳодатномаи тиҷоратӣ фаъолият кунад ва чанд намуди андоз супорад».

Андоз аз ширкатҳои бедаромад

Фатҳиддин Ҳимматов, як тоҷир дар шаҳри Душанбе, ширкати хусусии тиҷоратӣ дорад ва бо шаҳодатномаи тиҷоратӣ фаъолият мекунад, зеро то се нафар аз ин ширкат моҳона мегирад.

Ҷаноби Ҳикматов дар мавриди андозсупорӣ гуфт: «Агар фаъолият накунӣ, ду намуди андоз месупорӣ ва агар фаъол бошӣ - шаш намуд. Бар илова пардохти андозҳои дигаре вобаста ба воридоти анвои молҳо низ мавҷуд аст, ки бояд супурд. Агар моли аксиздор бошад, андози аксизӣ месупорӣ. Пештар, агар фаъолият намекардӣ, аз пардохти чанд навъи молиёт озод будӣ, вале ҳозир хоҳ фаъол бошӣ – хоҳ не, ҳама навъи андозҳоро месупорӣ, ки ба назари мо, боиси муфлисшавии ширкатҳои хусусӣ мешавад».

Тарҳи "панҷараи воҳид"

Ба гуфтаи Парвиз Камолиддинов, коршиноси бахши иқтисод ва тиҷорат, роҳандозии панҷараи воҳид дар бақайдгирии фаъолияти соҳибкориву тиҷоратӣ дар Тоҷикистон ба содда сохтани системаи андозбандӣ низ бояд мусоидат кунад ва мушкилоти мавҷуда дар андозситониро низ бояд аз байн бубарад.

Ӯ гуфт: «Як қатор созмонҳои молии байнулмилалӣ талош доранд, ки фазои тиҷорат ва андозбандӣ дар Тоҷикистон соддатар карда шавад. Ба назари ман, ин созмонҳо дар ҳамкорӣ бо ҳукумат бояд як барномаи сабуктар кардани пардохти андозҳоро таҳия кунанд, амсоли барномаи панҷараи воҳид. Чунки идораи пардохти андозҳо ин яке аз мушкилиҳои аслии имрӯз дар Тоҷикистон аст ва ин мушкил бояд омӯхта шавад».

Гурези мардум аз андозсупорӣ

Ҷамшед Қуддусов, коршиноси бахши иқтисод ва иҷтимоъ низ ба ҳамин назар аст. Ба гуфтаи ӯ, бояд дар байни мардум фарҳанги андозсупорӣ таблиғ шавад.

Ҷаноби Қуддусов афзуд: «Мумкин намуди андозро кам кардан лозим бошад ва системаи пардохти онро сабуктар. Лекин то имрӯз мо як тин аз буҷаи давлат барои омӯзиши андозсӯпоранда сарф накардаем. Барои чӣ мардум ҳамеша фикри гурез аз супоридани андозро мекунад? Шояд андозҳо зиёд бошад, вале дар ин бора пажӯҳиши мушаххасе сурат нагирифтааст».

Ба гуфтаи коршиносони созмонҳои байнулмилалии молӣ, ба ҳамин далели норушаниҳо ва тафовут миёни навъҳои зиёди андоз ва тавони воқеии андозсупоранда аст, ки Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро аз лиҳози супоридани андоз дар мақоми пойин – 165-ум қарор додааст.
XS
SM
MD
LG