Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони рус ба Тоҷикистон бармегарданд?


Марзбонони Русия омодаанд дубора дар ҳимояти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ширкат варзанд. Баъди анҷоми замони ҳузури марзбонони рус дар марзҳои бар пояи як қарордоди байниҳукуматӣ соли 2005 ин нерӯҳо бо дархости давлати Тоҷикистон аз ин кишвар ихроҷ шуда буданд.

Аммо Максим Пешков, сардори раёсати вазорати корҳои хориҷии Русия имрӯз, 9 декабр, ин суханонро дар ҳошияи ҳамоиши "Тоҷикистон ва Русия 2010" дар пойтахти Тоҷикистон ба хабарнигорон баён дошт ва гуфт, бозгашти марзбонони рус аз мавзӯъҳои матраҳ дар музокира байни ду кишвар аст.



Максим Пешков афзуд, ки нооромии авзоъ дар Афғонистон ва таҳдиди афзояндаи гурӯҳҳои ифротгарову террористие чун Толибон водор мекунад, ки дар назорат ва таҳкими марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон таваҷҷӯҳ бештар карда шавад.

5 сол бе марзбонони рус

Зимнан Тоҷиикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад ва то соли 2005 ин марзҳоро нерӯҳои сарҳадии Тоҷикистон якҷо бо русҳо посбонӣ мекарданд. Аммо дар соли 2005 баъди анҷоми замони амали созишномаи дуҷониба миёни ин ду кишвар давлати Тоҷикистон ҳифозати марзро ба ихтиёри худ гирифт ва бо ин дар роҳи таҳкими истиқлоли давлатӣ гомҳои ҷиддӣ пеш гузоштани худро ба намоиш гузошт.

Аммо бо ин вуҷуд Русия ҳаво ва ҳаваси дубора ба ин марзҳо баргаштани худро аз сар дур накард ва дар як соли ахир ин масъала бо шеваҳои мухталиф аз забони бархе аз сиёсатмадорони ин кишвар садо медоданд. Мансабдорони русӣ аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва нокифоятии қудрати Тоҷикистон дар ҳифзоати марз гоҳ-гоҳе низ садо баланд мекарданд. Дар ҳоле ки дар ин фосила Тоҷикистон бо ҷалби сармояи кишварҳои аврупоӣ ва Амрико бештари иншоот ва зерсохторҳо дар имтидоди марзро навсозӣ кардааст.

Бозгашти марзбонони рус зарурате дорад?

Генерал Нуралишо Назаров, ки дар замони рафтани русҳо аз марз раёсати Ситоди марказии Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, гуфт, ки ҳамаи иттиҳомоти мабнӣ бар афзоиши қочоқи маводи мухаддир ва нокоромадии сарҳадбонони тоҷик ҳарфҳои боварнакарданианд. Зеро ба ҷуз аз масоили иҷтимоӣ дар бақия масоил сарҳадбонони Тоҷикистон барои мустақилона назорат кардани сарҳади ватани худ кутоҳӣ надоштанд. Аз сӯи дигар, афзуд оқои Назаров, вуҷуди нерӯҳои бегона дар марз истиқлоли он кишварро таҳти суол қарор медиҳад.



Ҳарчанд ин генерали тоҷик хатари Толибон ба амнияти минтақаро ҷиддӣ меҳисобад, аммо ба бозгашти дубораи русҳо барои назорати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон заруратеро намебинад.

Бо ин ҳол мақомоти Тоҷикистон дар мавриди бозгашти нерӯҳои марзбонии Русия ба Тоҷикистон изҳори назар намекунанд. Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, гуфт, ки ҳалли ин масъала ба ихтиёри раҳбарияти сиёсии кишвар аст ва ӯ наметавонад чизе бештар дар ин бора маълумот диҳад.

Фишор барои бозгашт ба Тоҷикистон

Вале бархе аз коршиносон ва соҳибназарони тоҷик мӯътақиданд, ки Русия барои бозгашти нерӯҳои марзбониаш рӯи давлати Тоҷикистон фишорҳо ворид кардааст. Парвиз Муллоҷонов, коршиноси тоҷик, мегӯяд Русия чунин фишорҳоро метавонад ҳам аз роҳи сиёсӣ ва ҳам аз роҳи иқтисодӣ ба кор барад.



Аммо бархе дигар аз коршинсон аз ҷумла Комёб Ҷалилов, таҳлилаги масоили амниятӣ, бар ин назар аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба тарки Афғонистон кардани нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ афзоиши таҳдидҳо аз ин кишвари ҳамсоя аз сӯи гурӯҳҳои нофармон эҳтимоли бурузи нооромиҳо дар марзҳои Тоҷикистонро наметавон рад кард. Бар изофа шояд кӯмакҳои ваъдагии кишварҳои аврупоӣ ба давлати Тоҷикистон дар ҳифозати марз кифоят накарда бошад.

Дар ҳоли ҳозир дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон як гурӯҳи мушовирони низомии Русия ҳамроҳ бо сарҳадбонони Тоҷикистон фаъолият мекунанд, вале дар масъалаи бозгашти русҳо барои ҳифозати марзи Тоҷикистон бо Афғонистон танҳо роҳбарияти сиёсии ин ду кишвар ҳарфи ниҳоиро хоҳанд гуфт.

Ин ҳам дар ҳолест, ки раисиҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло барои ширкат дар нишасти роҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои Муштаракулманофеъ дар Маскав ба сар мебарад.
XS
SM
MD
LG