Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи додгоҳии "Миллат" боз ба таъхир уфтод


Мурофиаи додгоҳии ҳафтаномаи «Миллат» рӯзи сешанбе дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз сар гирифта шуд. Аммо қозии парванда ба ҷонибҳо - ҳафтаномаи «Миллат» ва вазорати кишоварзӣ барои ироаи маводу даллелҳои лозим то 15 декабр фурсат дод.

Ин дар ҳолест, ки охирин муҳокимаи ин қазия 11 моҳи март дар рӯзи матбуоти тоҷик баргузор шуда буд.

Мурофиа пушти дарҳои баста

Баррасии баҳси байни вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва ҳафтаномаи мустақили “Миллат” пас аз зӯҳри рӯзи сешанбе дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе пушти дарҳои баста сурат гирифт. Бархе аз хабарнигорони расонаҳо, ки ба додгоҳ омада буданд, натавонистанд дар ҷараёни мурофиа ширкат кунанд. Пас аз ду соати баррасии ин баҳс, ҷонибҳо берун шуданд ва маълум гардид, ки мурофиаи қазия барои як ҳафтаи дигар ба таъвиқ афтодааст.

Зеро Дилором Абдураҳимова, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва ҳамзамон қозии парванда, ба ҷонибҳо фурсат додааст, то далелҳо ва маводи лозим барои парвандаро дар ин мӯҳлат ба додгоҳ пешниҳод кунанд. Аммо он чи барои тарафҳо муҳим аст, ки додгоҳ ба моҳиятан баррасӣ кардани парванда шурӯъ кардааст.

Баҳси гузориши Оҷонси мубориза бо фасод

Намояндаи ҳафтаномаи «Миллат» бори дигар гузориши Оҷонси мубориза бо корупсия ба порлумонро, ки вазорати кишоварзии Тоҷикистонро дар истифодаи ғайримуассири маблағи беш аз 6 миллион сомонӣ аз буҷаи кишвар айбдор медонад, далели аслӣ дар муқобили даъвои вазорати кишоварзӣ донистааст.

Ҷунайд Ибодов, намояндаи ҳуқуқии ҳафтаномаи «Миллат» ба Радиои Озодӣ гуфт: «Матлабе, ки дар ҳафтаномаи «Миллат» нашр шуд, решаи он мактуби расмии директори Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсионӣ ба порлумони кишвар буд. Ва дар оянда низ ин маводи асосӣ хоҳад шуд».

Нарзулло Додобоев, намояндаи вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ин далелро то ҷое мепазирад, аммо мегӯяд, «аксарияти факту далелҳои овардашуда дар мактуби агентӣ воқеият доранд, лекин таҳлилҳои амиқтар нишон медиҳанд, ки онҷо сухан дар бораи дуздӣ, фасод аз тарафи кормандони вазорати кишоварзӣ намеравад. Ман ба хотири нарасондани халал ба ҷараёни баррасии парванда худдорӣ мекунам».

Талаби як миллион сомонӣ аз "Миллат"

Вазорати кишоварзӣ як сол қабл як матлаби нашршуда дар ҳафтаномаи “Миллат”-ро, ки аз қавли мақомоти Ожонси зиддифасод, ин вазоратро дар шумори фасодзадатарин идороти давлатии Тоҷикистон ном мебурд, тӯҳматомез дониста, бо талаби як миллион сомонӣ товон ба додгоҳ шикоят бурд. Нашрия низ ба навбаи худ ба додгоҳ даъвои мутақобила бурда, аз вазорати кишоварзӣ 1 сомонӣ тавон талаб кардааст.

Ба ин тартиб дар мурофиаи рӯзи сешанбе мавзӯи тӯҳмату таҳқир аз ин баҳс бардошта шуд ва ҳамакнун додгоҳ масъалаи истифодаи ғайримуассири маблағҳо ва омори овардашударо ба баррасӣ хоҳад гирифт.

Аммо баҳси миёни вазорати кишоварзӣ ва ҳафтаномаи «Миллат» пас аз ҳудуди 10 моҳи тавқифи мурофиаи додгоҳӣ ва дар остонаи 8 декабр — Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия аз сар гирифта шуд.

Дилором Абдураҳимова, муовини раиси додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ва қозии парванда, дар мавриди сабаби тавқифи мурофиаро шарҳ дода гуфт: «Сабаби аслӣ барқарор кардани адолат аст. Ҳадафи мо он аст, ки бо таҳқиқи ҳамаҷониба ва шунидани тарафҳои баҳс тавонем ба адолати комил бирасем ва ҳақиқатро ошкор созем».

Ҳамакнун бо он ки додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ба баррасии баҳси байни вазорати кишоварзӣ ва ҳафтаномаи «Миллат»-ро шурӯъ кардааст, аммо қазияи додгоҳии се ҳафтаномаи мустақили дигар - «Азия плюс», « Фараж» ва «Озодагон» дар ин додгоҳ ба таври муаллақ мондааст. Се додраси додгоҳи шаҳри Душанбе ва Додгоҳи олии Тоҷикистон ин нашрияҳоро барои тӯҳмат алайҳи худ дар аввали соли ҷорӣ ба додгоҳ кашонда буданд.
XS
SM
MD
LG