Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филми "Сукут"- и Сироҷиддин Ғафурӣ ба намоиш даромад


Сироҷиддин Ғафурӣ
Сироҷиддин Ғафурӣ

Ахиран дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе маросими муаррифии филми ҷадид таҳти унвони «Сукут» баргузор шуд. Ин филм таззодҳои зиндагӣ, сарнавишти фоҷиабори чор ҷавон — се писар ва як духтарро инъикос мекунад, ки аз хурдӣ дар як синфу як мактаб хонда, аммо баъд аз хатми он аз ҳам ҷудо нашуданд

Аммо зиддиятҳо бо атрофиён, чеҳраҳои манфии зиндагӣ ин чоргонаро дар ниҳоят аз ҳам ҷудо мекунад ва муборизаи онҳо барои боз бо ҳам омадан шурӯъ мешавад. «Сукут» филми нави коргардони 23 сола Сироҷиддин Ғафурӣ аст. Қаблан ӯ филми «Беҳуда хорам мекунӣ»-ро, ки миёни мардум маъруф аст, ба навор гирифта буд. Сироҷиддин дар ҷавоби ин пурсиш, ки чаро филм маҳз «Сукут» ном гирифтааст, гуфт:

Ҷавоб: Сароғоз ба шунавандагону хонандагони Озодӣ салом мефиристам. «Сукут» дар оғоз аз сукути ду қаҳрамони асосии филм — модари маризи бистарӣ ва писари гунгаш бар омадааст. Атрофиёни онҳо, дигар бозигарони филм ҳам сукутҳои хешро доранд. Яъне сукут аз он мушкилотест, ки дар ҷомиа вуҷуд доранд.

Суол: Яъне ин сукути як ё ду нафар нест, балки сукути як ҷомиа дар як — ду нафар ҷамъбаст мешавад? Ҳарфҳое, ки мардум гуфта наметавонад, бояд аз сукути он фаҳмида шавад?

Ҷавоб: Бале, «Сукут» танҳо ба он маънӣ нест, ки дар сукутҳои ҷомиа мушкилоташ хонда шавад, балки даъватест ба он, ки зиндагии ҷомиа на бо чашми сар, балки бо чашми дил дида шавад. Он сукутҳое, ки дар мо нуҳуфтаанд ва мо бо чашми сар мебинему мегузарем, бояд ҳис шаванд. Дилҳои ба сукут рафтаро бояд бедор кард.

Суол
: Шумо вақте филмро таҳия мекардед, чӣ сукутҳоро кашф кардеду ба мардум нишон додед?

Ҷавоб: Дар ин бора чизе гуфта наметавонам. Шояд тамошобинон хубтар дарк кунанд. Аммо он чизе, ки ман ҳамчун муаллиф ва коргардон дар худ ҳазм кардам, ба тамошобин пешниҳод кардам ва ӯ худ шояд дид. Ҳар саҳнае, ки вуҷуд дошт, беҳадаф набуд, балки як филме дар филм буд. Дар «Сукут» ҳама жанрҳои истифода шуданд, аз қабили триллер, драмаву мелодрама.

Суол: Дар кулл филм чӣ паём дорад?

Ҷавоб: Ман мехоҳам бо ин филм ба ҷомиа гӯям, ки меҳру муҳаббати миёни якдигарро қавӣ кунанд ва ҳамеша ба як инсони комил будан одамон бикӯшанд. Зиндагиро бо чашми дил бубинанд. Маънии зиндагӣ ҳам ҳамин аст.

Суол: Сироҷиддин, сохтани як филм ҳазина талаб мекунад. Дар филми Шумо саҳнаҳо ба ҷуз Тоҷикистон, дар Русияву Афғонистон ҳам сабт шудаанд. Ин ҳама кори маблағ аст. Дар ин самт мушкил набуд?

Ҷавоб: Мушкили аслие, ки пеши мо буд, ҳамин маблағ буд. Ягон сарпарасти кулл ё хурд надоштем. Ҳама корро худамон бо маблағи худ анҷом додем. Барои сабти бархе аз саҳнаҳо дӯстонамон кӯмак карданд. Метавонам гӯям, ки қисмати бузурги филм бо қарз ба навор гирифта шуд.

Суол: Яъне қарздор ҳам шудед?

Ҷавоб: Бале, хеле қарзи бузург дорем, албатта, вобаста ба меъёрҳои Тоҷикистон. Аммо умедворем, ки лоақал ҳамин қарзҳоро адо мекунем.

Суол: Чӣ тавр?

Ҷавоб: Аввал ба видео-прокат умед дорем, яъне дар кинотеатрҳои шаҳру ноҳияҳо филмро ба намоиш мегузорем. Роҳи дигар фурӯхтани филм ба ягон студия.

Суол: Оё ҳамин гуна студияҳо ҳастанд?

Ҷавоб: Бале, чанд студия ба мо рӯзи намоиш дар Кохи Борбад муроҷиат карданд. Азбаски рӯзҳои истироҳат буд, мо дигар бо онҳо сари ин мавзӯъ дигар сӯҳбат накардем.

Суол: Як чизе, ки дар филми Шумо буд, ҷалб кардани «ситораҳои» мусиқии попи кишвар ба иҷрои нақшҳо. Ба назари Шумо, онҳо ба бозоргир шудани филм ва маъруфияти он мусоидат мекунанд?

Ҷавоб: Ҳадаф ин нест. Вақте сенарияи филмро навиштам, образу характерҳое, ки офаридам, бо «ситораҳо» рост омаданд. Ба назарам онҳо нақшҳои худро хуб иҷро карданд.

Суол: Ба назар мерасад, қисмати дуввуми «Сукут» ҳам бояд шавад, зеро сужаҳои филм як гуна тамомнашуд боқӣ мондаанд. Оё ин гуна ният ҳаст?

Ҷавоб: Як нуктаро таъкид мекунам, ки агар дастгирӣ шавад, филми дигарӣ ҳам мешавад. Аммо боз ба ҳамин ҳол бошад, «Сукут» тамом шуд.
XS
SM
MD
LG