Тарҳи қонуни “Дар бораи хидмати шаҳрвандии алтернативӣ”
Ин тарҳи қонунро ҳуқуқшиносони ҷавони созмони “Ампаро” бо ҳамдастии гурӯҳи мутахассисону ҳуқуқшиносон таҳия кардаанд. Ахиран, дар як мизи мудаввар бо иштироки намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мақомот, ҳизбҳои сиёсӣ ва рӯзноманигорон дар дафтари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо дар Хуҷанд, ин тарҳ муаррифӣ шуд.
Қонунгузории Тоҷикистон адои хидмати алтернативиро ба ҷойи хидмати ҳатмӣ дар сафҳои артиш иҷоза медиҳад. Аммо набуди қонуни ҷудогона дар бораи шарту шароитҳои адои чунин тарзи хидмат, иҷрои онро ба таъхир гузоштааст.
Шарту шароити адои хидмати алтернативӣ
Агар ин тарҳи хидмати алтернативӣ аз ҷониби парлумони Тоҷикистон пазируфта шавад, бархе аз ҷавонони тоҷик имкон хоҳанд дошт хидмати низомиро на бо либоси низомӣ, балки бо хилъати сафеди тиббӣ дар бемористон ё ҳамчун устод дар мактаб сипарӣ кунанд.
Дилрабо Самадова – раҳбари иттиҳодияи ҳуқуқшиносони ҷавони “Ампаро” ба Озодӣ гуфт, баъд аз такмили тарҳ онро барои баррасӣ ба парлумони Тоҷикистон ироа мекунанд. Ба гуфтаи вай, тарҳи таҳиякардаи онҳо аз 25 банд иборат буда, шарту шароитҳои адои хидмати алтернативиро вобаста ба шароити Тоҷикистон баён мекунад.
Хонум Самадова афзуд: “Дар тарҳи қонун мо вазъи иҷтимоиву оилавӣ ва саломатии даъватшавандаро чун асос барои адои хидмат ба тариқи алтернативӣ нишон додем. Даъватшавандаҳо аз оилаи камбизоат, оилаҳои 4 ё зиёда фарзанддор, кӯдаки хурдсолдор, дараҷаи саломиашон сусттари дараҷаҳои 4 – 5, ҳамсарашон бемори дараҷаи сеюм, ки дар ин бора санади тиббӣ доранд, инҳо ҳуқуқ доранд хидмати алтернативӣ адо кунанд. ”
Хонум Самадова афзуд, ин қонун барои ин гурӯҳи ҷавонон шанс медиҳад хидмати низомиро дар шароити оддӣ ва дар фосилаи дастрас ба оилаи худ адо кунанд.
Ба гуфтаи вай, дар ҳоли ҳозир бархе аз мактабҳои миёна ё муасисаҳои дигар, мисли бемористонҳои амрози сил ба кормандони ғайриихтисос ниёз доранд ва ҷорӣ шудани хидмати алтернативӣ ин мушкилро бартараф хоҳад кард.
Тарҳи навтаҳияи қонуни хидмати алтернативӣ мӯҳлати адои онро барои ҷавонони дорои маълумоти олӣ яку ним сол ва барои касони бемаълумоти олӣ се сол пешниҳод кардааст.
Дар ин муддат сарбозони алтернативӣ 20 дар сади моҳонаи худро ба ихтиёри вазорати мудофиа месупоранд, 80 дар сад барои худашон боқӣ мемонад.
Хидмати сарзоби дар кишварҳои дигар
Зимнан, хидмати алтернативӣ дар тақрибан тамоми кишварҳои аврупоӣ ҷорӣ аст ва аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қирғизистону Узбакистон низ аз ин таҷриба истифода мекунанд. Давлати Узбакистон бузургтарин артиш дар Осиёи Марказиро дорад, ки бинобар маълумотҳои мухталиф, 70 - 80 ҳазор сарбозу афсарро дарбар мегирад.
Аммо давлати Узбакистон бо роҳе хидмат дар ин артишро барои ҷавонон як кори ҳавасангез ва дар чашми аҳли ҷомеа пурэътибор кардааст. Дар ин кишвар меъёри хоси ҳуқуқие ҷорӣ аст, ки аз рӯи он касони хидмати ҳарбӣ адо накарда ҳаққи кору фаъолият дар идораҳои давлатиро надоранд.
Инчунин, ҷавонони хидмати ҳарбиро адокарда ба донишгоҳу коргоҳҳо бо имтиёз дохил мешаванд. Ҳамин чиз боис шудааст дар ин кишвар ҷавонони зери синни 20, ки ҳудуди панҷоҳ дар сади аҳолиро ташкил медиҳанд, барои даъват шудан ба сафи артиш номҳои худро дар навбат гузоранд ва ҳаққи хидмати ҳарбӣ ё алтернативиро ба тариқи озмун ба даст оранд.
Хидмати аскарӣ дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон ҳам бархе аз ҷавонон ихтиёран ва бо дилгармӣ ба сафи артиш мераванд, аммо бархе дигар, ду соли хидмати ҳарбиро беҳуда гузаронидани умр ва хароб кардани саломатӣ мефаҳманд ва сарпечӣ мекунанд. Давлати Тоҷикистон барои адокардагони хидмати ҳарбӣ ё оилаҳои сарбозон тақрибан имтиёзоте муқаррар накардааст ва сарбозони аз хидмат баргаштаву оилаҳои сарбозони дар сафи артиш ба ҳоли худ вогузошта шудаанд. Онҳо тақрибан ҳеҷ гуна ёрӣ ва дастгирие аз ҷониби давлату ҳукумат намебинанд.
Музаффар Бобоҷонов, аз муаллифони тарҳи қонуни мазкур, ки худ собиқаи тӯлонии хидмат дар вазифаи раҳбари комиссариати ҳарбиро дорад, мегӯяд, ҷавонони тоҷик ва волидайни онҳо ба таъсири ҷанги шаҳрвандӣ, бад шудани шароит ва зиёд шудани муносибатҳои ғайриоинномавӣ ё меҳтарсолорӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, нодории аҳолӣ, ба хусус - суст шудани тарбияи ватандӯстӣ дар мактабҳо аз хидмати ҷавонон дар сафи артиш дилхунук шудаанд.
Давлат чаро ба хидматкардаҳо имтиёз намедиҳад?
Бар пояи маълумоти мухталиф, артиши Тоҷикистон аз 6 то 20 ҳазор сарбозу афсар дорад. Мӯҳлати хидмати ҳатмӣ дар сафи артиш ба ҷавонони бе маълумоти олӣ 2 сол ва барои ҷавонони дорои маълумоти олӣ 1. 5 сол муқаррар шудааст. Ахиран вазорати дифоъ эълон кард, “план”- и даъвати тирамоҳӣ сад дар сад ба иҷро расид. Аммо ҷойи пинҳон нест, теъдоде аз ин ҷавонон ихтиёрӣ ба нуқтаҳои даъват ҳозир нашуданд ва онҳоро аз кӯчаву хиёбонҳо дошта, ба қисмҳои ҳарбӣ фиристоданд.
Як ҷавони тоҷик – Абдуқодири Абдуқаҳҳор мегӯяд : “Давлат бояд барои ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ва ҷавонони хидматкарда имтиёзҳо муқаррар кунад, масалан - барои хондан, соҳиби ҷойи кор шудан. Як ҷавоне, ки ба хидмати ҳарбӣ меравад, бояд донад, ки баъди бозгашт вай аз як ҷавони хидматгурез дар ҷомеа мақому мавқеъи иҷтимоии баландтареро соҳиб хоҳад шуд. Агар як ҷавон саломатиашро дар вақти хидмати ватан аз даст дод, давлат бояд ӯро табобат кунад. Чунин муносибати инсондӯстона хидмати ҳарбиро дар чашми ҷавонон боэътибор мекунад. Ҳозир чӣ ? Як ҷавони тоҷик меравад аскарӣ, мезананд, маъюбаш мекунан. Ё ки аз аскарӣ бемор бармегардад. Кӣ ҳоли ӯро мепурсад? Вай ғайри аҳли оилааш дигар ба касе даркор нест. Беҳтараш, мерафт Русия, муздурӣ карда, соҳиби чор танга мешуд.”
Музаффар Бобоҷонов, полковники мустафъӣ, раҳбари кумитаи волидайни сарбозони Суғд, хидмати алтернативиро низ як роҳи ҷалби ихтиёрии ҷавонон ба хидмат ва сарбаландона, барои оилаашу артиш манфиатнок адо кардани он медонад.
Вай афзуд: “Пеш касони дар сафи артиш хидмат накардаро барои кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ ба кор намегирифтанд. Ин мақоми артиш ва эҳтироми касони хидматкардаро баланд мебардошт. Худи аҳли ҷомеа ҳам касони хидматнакардаро чун як шахси таҷрибанадидаю ба қавле гармию сардии рӯзгор начашида гарм қабул надоштанд. Одатан вақти хостгорӣ ҳам мепурсиданд. Масалан, вақти ба домодӣ пазируфтани ҷавон аз ҳама аввал мепурсиданд, ки фарзанди шумо хидмати аскарӣ кардааст ё хайр. Ғайр аз ин, барои ҷавонони хидмати ҳарбиро адокарда, хусусан ба касони дар ҷойҳои хатарнок хидматкарда, мисли Афғонистону Чернобил имтиёзҳо дар қабул шудан ба ҷойи кор, гирифтани хонаву замин, дастрасӣ ба табобату дорувори бепул медоданд. Ба назари ман, давлат ин ҳамаро барқарор кунад, ҷавонон ихтиёрӣ худро ба сафҳои артиш мезананд. ”
Ҷавонон ва падару модарон аз чӣ меандешанд ?
Мусоҳибони радиои Озодӣ дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе, ҷавонон ва падару модарон ҳам мегуфтанд, ки онҳо хидмати худ ё фарзандашон дар сафи артишро як вазифаи бошараф ва нишонаи ватандӯстӣ меҳисобанд. Аммо ба қавли онҳо, таъмини амният ва сиҳати сарбозон, ҳадди ақал дар шароити оддӣ, аз байн бурдани меҳтарсолориву муносибатҳои бераҳмона дар қисмҳои низомӣ ва додани бартариҳо барои ҷавонони хидматкарда, пайвастан ба сафи артишро дар назари насли ҷавон марғуб мегардонад.
Ин барои бори аввал дар Тоҷикистон тарҳи қонуни алтернативӣ барои пешниҳод ба парлумони кишвар таҳия шудааст. Муаллифони тарҳи мазкур мегӯянд, дар сурати тасвиби он аз ҷониби парлумон, дар соли оянда дар мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба аскарӣ ё баҳори соли 2011 ба иҷро хоҳад даромад.
Қонуни Тоҷикистон дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ адои хидмат дар сафҳои артишро барои ҳама ҷавонмардони аз 18 то 27 сола ҳатмӣ ва аз соли 2008 адои хидмат ба тариқи алтернативиро низ раво меҳисобад. Аммо набуди қонуни хос дар бораи шарт ва шароитҳои хидмати алтернативӣ, иҷрои ин банди қонунро ба таъхир андохтааст.