Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдории Бан Кӣ Мун аз афзоиши аъзои Шӯрои Амният


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдори афзоиши шумори аъзои Шӯрои амнияти СММ аст. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар Остона Бан Кӣ Мун иброз дошт, ки аксари аъзои СММ аз ин иқдом пуштибонӣ мекунанд.

Феълан Шӯрои амнияти СММ аз 15 кишвар, аз ҷумла 5 узви доимии дорои ҳаққи вето иборат аст. Хабарнигори Радиои Озодӣ Эдигей Мағавин мусоҳиба бо дабири кулли СММ -ро, ки дар шаҳри Остонаро сурат гирифт, аз нашри асноди сиррии ҳукумати ИМА тариқи сомонаи Wikileaks оғоз намуда, гуфт, ки тибқи иттилои Wikileaks ҳукумати Амрико ба дипломатҳояш дастур додааст, дар бораи Бан Кӣ Мун ва дигар раҳбарони баландпояи СММ маълумоти биометрӣ ҷамъ кунанд.

Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ дар ин бора гуфт: "Дар ин масъала сухангӯи ман изҳороте пахш кардааст. Умедворам шумо онро зикр хоҳед кард. Асосан, ман фикр намекунам касе аз он хушҳол шавад, ки ӯ зери назорат аст. Дар ҳар сурат, ба ҳайси дабири кулли СММ кору фаъолиятам шаффоф буда, зери муроқибати доимии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Фаъолияти СММ шаффоф асту мо талош меварзем интизориҳои ҷомеаи ҷаҳониро бароварда созем."

Озодӣ:
Як сол инҷониб Қазоқистон дар садри САҲА (Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо) фаъолият дорад. Баъзеҳо бо ишора ба поймолшавии ҳуқуқи башар ва озодиҳо дар ин кишвар ин интихоб, яъне сарварии даврии Қазоқистонро номуваффақ меноманд. шумо дар ин бора чӣ фикр доред?

Бан Кӣ Мун: "Дар давоми соли гузашта Қазоқистон ҳамчун раиси даврии САҲА нақши раҳбарӣ ва садоқаташ ба сулҳу субот дар Қирғизистону дигар минтақаҳоро намоиш дод. Ин кишвар бо дигар аъзои САҲА ва СММ ҳамкории зич ташкил намуда, саъй кард дар Қирғизистон сулҳу субот ва эҳтироми ҳуқуқи башар по бар ҷо бошад. Ман самимона умед дорам, ки таҳти сарпарастии президент Нурсултон Назарбоев ва ба хусус аснои баргузории ин нишасти раҳбарони кишварҳои узви САҲА ширкаткунандагон дар ҳалли масъалаҳои мавриди нигаронии умум ва аз ҷумла таҳкими назму субот, ҳуқуқи башар, муҳити зист ва халъи силоҳи ҳастаӣ пешрафт хоҳанд кард. Қазоқистон яке аз аъзоим уҳими СММ буда, рушди бузурги иҷтимоиву иқтисодиро аз сар мегузаронад. ман самимона умед дорам, ки Қазоқистонг дар соҳаи эҳтироми ҳуқуқи башар ҳам пешрафт хоҳад кард. Ман ин масъаларо бо раҳбарони Қазоқистон арзёбӣ кардам ва бовар дорам, ки онҳо машваратҳои Шӯрои Ҳуқуқи башари СММ-ро дар амал татбиқ мекунанд."

Радиои Озодӣ: Ахиран 40 донишманд ва шореҳи сиёсӣ аз ИМА дархост намудаанд, сиёсаташ дар муқобили Теҳронро бознигарӣ карда, ҳаққи истифодаи урани ғанигардонидашуда аз тарафи Ҷумҳурии Исломиро эътироф намояд. Ба ақидаи муаллифони ин даъват барномаи ҳастаии Теҳрон бояд зери назорати ҷомеаи ҷаҳонӣ сурат гирад.
Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?

Бан Кӣ Мун: "Ман ин масъаларо бо раҳбарони Эрон ва аз ҷумла президенти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод борҳо матраҳ намудаам. Ман борҳо аз раҳбарони Эрон хостаам, ки қатъномаҳои Шӯрои Амниятро дар шакли комил иҷро кунанд. Ман аз онҳо дархост намудам, ки бо Агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ ҳамкорӣ кунанд. Эрон дар созиши адами тавсеаи силоҳи ҳастаӣ имзо гузоштааст ва аз ин рӯ, ҳақ дорад нерӯи ҳастаиро бо ҳадафҳои осоишта истифода барад. Дар ҳар сурат онҳо бояд собитъ кунанд, ҳадафҳои осоишта доранд. Дар гузориши ахири Агентии байналмилалии нерӯи ҳастаӣ таъкид шудааст, ки то ҳанӯз фаъолиятҳои Теҳрон ҷавобгӯи чунин меъёр нестанд. Мақомоти эронӣ бояд собит кунанд, ки барномаи ҳастаии онҳо миқёси низомӣ надорад ва ин вазифаи онҳост."

Радиои Озодӣ:
Ахиран сару садои зиёд дар мавриди зарурати тавсеаи Шӯрои амнияти СММ ба гӯш мерасад. Шумо ҳам аз пешниҳоди афзоиши аъзои шӯрои амнияти СММ пуштибонӣ мекунед?


Бан Кӣ Мун:
"Ҳамчун дабири кулли СММ ва шахсан ҳамчун фард, ман бар ин назарам, ки Шӯро бояд тавсеа ёбад, то ҷавобгӯи вазъи тағйирёбанда ва ҷавобгӯи таҳдидҳои асри 21 бошад. Ин дархости аксари аъзои СММ аст. Вале ин тавсеа бояд дар шакли баштар ошкоро, шаффоф ва демократӣ ҷараён гирад. Ин ҳамон чизест, ки кишварҳои аъзо мехоҳанд ва ба фикри ман он бояд амалӣ гардад."
XS
SM
MD
LG