Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи кӯмакпулии давлат ба беморони Вич-СПИД


Масоили бемории норасоии масунияти бадан мавзӯи нишасти мутахассисон ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе буд
Масоили бемории норасоии масунияти бадан мавзӯи нишасти мутахассисон ва намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ дар шаҳри Душанбе буд

Давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, барои кӯдаконе, ки аз модари худ ба вируси норасоии масунияти бадан сироят ёфтаанд, сар аз моҳи январи соли 2011 кӯмакпулӣ ироа кунад, ки он дар як моҳ 250 сомониро ташкил медиҳад.

Амониддин Назмиддинов, сокини ҷавони Душанбе, бовар надошт, ки рӯзе ӯро барои ташхис ба маркази ҷумҳуриявии мубориза бо вируси норасоии масунияти бадан мефиристанд.

Вай замоне, ки мехост ба Амрико барои таҳсил равад, аз ӯ варақаи ташхис дар бораи ибтило будан ё набуданаш ба вируси ВИЧ ё худ ангезаи бемории масунияти баданро пурсиданд ва ӯ маҷбур шуд, ки ба ташхисгоҳи маркази мубориза бо бемории Вич-СПИД равад.

Ӯ мегӯяд: “Ман то он дам дақиқан намедонистам, ки мубтало шудан ба бемории масунияти бадан чисту чӣ гуна бояд аз ташхис гузашт. Вақте маҷбур шудам, ба маркази СПИД дар «Диагностика» рафтам ва дар он ҷо худро ташхис кардам. Аз ман хун гирифтанду дар тӯли чанд дақиқа ҷавобашро навишта доданд.”

Мисли Амониддин онҳое, ки мехоҳанд ба хориҷа барои таҳсил ва ё сайёҳат бираванд, акнун аз ташхиси табибон мегузаранд ва мақоми мусбат ё манфӣ доштани бемории масунияти бадан дар танашонро кашф мекунанд.

Омори расмӣ ва ғайрирасмии беморон

Муродалӣ Рӯзиев, раҳбари маркази мубориза бо бемории вируси норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон, дар ин кишвар 56 навраси мубтало ба ин беморӣ ба сар мебарад.
Ҳоло дар Тоҷикистон бештар аз 2 ҳазору 300 тан расман ҳамчун мубталои вируси норасоии масунияти бадан сабтином шудаанд, вале масъулони маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории СПИД мегӯянд, ба таври ғайрирасмӣ ин рақам ба 10 ҳазор нафар мерасад.

Муродалӣ Рӯзиев, раҳбари маркази ҷумҳуриявии мубориза бо бемории масунияти бадан дар Тоҷикистон, ки дар ин бора сӯҳбат мекард, гуфт, дар кишвар 56 навраси то чордаҳсола, ки мубтало ба бемории ВИЧ-СПИДанд, низ зиндагӣ мекунанд.

Маризии «меросӣ»

Ҷаноби Рӯзиев афзуд, қисмати зиёди ин кӯдакон то соли 2008 аз модари худ ба ин беморӣ сироят ёфтаанд, аммо дар ду соли гузашта ин рақам фақат 3 нафарро ташкил додааст.

“Пас аз қабул ва ҷорӣ намудани барномаи Вазорати тандурустӣ барои пешгирии ин вабои асри 20 аз модар ба кӯдак чунин ҳодисаҳо дар байни заноне, ки дар ин барнома иштирок мекунанд, ба қайд гирифта нашудааст. Баъзан ҳодисаҳое ҳастанд, ки пас аз таваллуд ё пас аз чанд соли таваллуд чунин сироятёфтагон дарёфт мешаванд”-афзуд ӯ.

Гуфта мешавад, ҳоло дар кишвар 125 зани ҳомила низ ба қайд гирифта шудаанд, ки статуси мубтало буданашон ба бемории норасоии масунияти бадан мусбат аст ва онҳо таҳти назорати табибон қарор доранд.

Нахустин мубталои бемории норасоии масунияти бадан дар Тоҷикистон дар соли 1991 сабт шудааст. Ва дар ин тӯли нуздаҳ соли гузашта 264 тан фақат ба далели гирифтор будан ба ин беморӣ фавтидаанд, ки 14 тани онҳо ба соли ҷорӣ рост меояд.

Коҳиши мизони бемории HIV

Ба гуфтаи Ростислав Вербенский, масъули СММ, мизони мубталошавӣ ба бемории HIV дар Тоҷикистон рӯ ба коҳиш аст
Бо ин ҳол, Ростислав Вербенский, раҳбари Барномаи рушди Созмони милал дар Тоҷикистон, мутмаин аст, ки то соли 2015 мизони мубталошавӣ ба вируси норасоии масунияти бадан коҳиш ёфта, Тоҷикистон дар мубориза бо ин навъи беморӣ “дастболо” хоҳад шуд.

“Тоҷикистон имкони пирӯзӣ ба ин бемориро дорад ва то соли 2015 яке аз ҳадафҳои рушди ҳазорсоларо амалӣ хоҳад кард. Ин имкон дар пайи ҳамкории зичи созмонҳои давлативу ғайридавлатӣ ба вуҷуд омадааст”,-илова кард вай.

Барои ҷилавгирӣ аз афзоиши бемории масунияти бадан дар Тоҷикистон давлат ва созмонҳои байналмилалӣ талош мекунанд.

Масалан, дар идомаи соли 2008 ва 2009 аз 100 миллион сомонӣ кӯмаке, ки барои мубориза бо Вич-СПИД расидааст, 15 фисади онро давлати Тоҷикистон пардохтааст.

Кумаки созмонҳои байнулмилалӣ

Ҳамчунин, Бунёди глобалӣ мегӯяд, барои мубориза бо ин навъи беморӣ дар Тоҷикистоон аз соли 2003 то 2015 бештар аз 67 миллион доллар ихтисос додааст.

Аммо ҳоло мушкиле, ки ҳам мубталоёни СПИД ва созмонҳои байналмилалӣ дар фикри онанд, вуҷуди стигма ё доғи нангин дар ҷомеаи Тоҷикистон будааст.

То ҳол мубталоёни бемории СПИД рӯшод аз вуҷуди ин беморӣ дар тани худ изҳори назар намекунанд ва мегӯянд, баробари шунидани ин ҳарф одамон аз онҳо рӯй мегардонанд ва ё ҳазар мекунанд.

Мушкиле, ки акнун барои аз миён бурдани он мақомот мехоҳанд аз нерӯ ва нуфузи рӯҳониён зиёд истифода шавад.
XS
SM
MD
LG