Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роҳе, ки Тоҷикистонро аз бунбаст раҳо мекунад


Дар ҳоле ки дарвозаҳои Узбакистон ба рӯйи Тоҷикистон баставу зимистон равуо ба Чинро аз роҳи заминӣ мушкилтар мекунад, коршиносон аз навсозии роҳи мошингарди Дӯстӣ-Панҷи Поён истиқбол мекунанд.

Вазорати роҳу мухобироти Тоҷикистон ахиран аз анҷоми навсозии роҳи мошингарди Дӯстӣ-Панҷи Поён хабар дод, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон пайванд дода, барои аз бунбасти иртибототӣ раҳо ёфтани кишвар кӯмак мекунад.

Исмоил Талбаков, вакили Маҷлиси Намояндагон, мегӯяд, ин роҳ як роҳи транзитӣ аст, ки Тоҷикистон аз ҳисоби хадамоти интиқоли молу коло ба буҷаи худ маблағи бештаре ворид хоҳад кард.

Аҳамияти стратегии шоҳроҳ ба ҷануб

Ба илова, аз тариқи ин роҳ транзити колоҳо барои нерӯҳои эътилофи байналмилалии зиддитеррористӣ ба Афғонистон низ таъмин хоҳад шуд, ки Тоҷикистон аз он ҳам фоидаи зиёди иқтисодӣ ва молӣ ба даст хоҳад овард.

Агарчӣ мизони дақиқи интиқоли мавод барои нерӯҳои эътилоф аз тариқи Тоҷикистон маълум нест, вале гуфта мешавад, ки роҳи Дӯстӣ-Панҷи Поён роҳи мӯътамад барои интиқоли мол барои нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон будааст.

Бо ин вуҷуд мегӯяд, Давлати Усмон, таҳлилгари тоҷик, масъалаи амният дар Афғонистон яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа барои роҳи мошингарди миёни Тоҷикистону Афғонистон ва афзоиши тиҷорат миёни ин ду кишвар ва интиқоли мол аз Тоҷикистон ба Афғонистон ва аз он ҷо ба кишварҳои дигар аст.

Роҳ ба бандари Ҳинд

Йошиҳиро Накояма, сарпарасти сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, ки ин роҳ бо кӯмаки молии ин кишвар анҷом шудааст, низ мутмаин аст, ки дар сурати амнтар шудани Афғонистон Тоҷикистон имкон пайдо хоҳад кард, то ба бандари Ҳинд барояд.

Навсозии роҳи мошингарди Дӯстӣ—Панҷи Поён аз ду марҳила иборат буд, ки марҳилаи аввали он дар соли 2008 анҷом шуда, марҳилаи дуввуми он якуним соли пеш оғоз ёфта буд.

Навсозии ин роҳи мошингард дар маҷмӯъ 20 миллион долларро бар бар мегирад ва тармими ин роҳро ширкати ҷопонии Нипо корпорейшн ба анҷом расондааст.

Вазири роҳу мухобироти Тоҷикистон мегӯяд, мӯҳлати кафолати роҳ як сол аст ва дар тӯли ин муддат ҳар нуқсоне, ки дар роҳ ба вуҷуд ояд, ширкат муваззаф хоҳад буд, ки онро ислоҳ кунад.

Тақрибан ҳама роҳҳои Тоҷикистон аз тариқи Узбакистон мегузаранд. Вале солҳои ахир ин кишвари ҳамсоя талош кардааст, ки барои интиқоли молу коло аз қаламраваш ба Тоҷикистон мушкил эҷод кунад. Бахусус, дар замоне Тоҷикистон тасмим гирифт, нерӯгоҳи барқи обии Роғунро бо сармояи худӣ бунёд кунад.
XS
SM
MD
LG