Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фошкориҳои нави сомонаи WikiLeaks


Алорағми мухолифатҳои шадиди Вашингтон, созмони WikiLeaks ахиран дар сайти интернетиаш ҳудудан 250 ҳазор мукотибаи дипломатии махфиро нашр кард. Ин мукотибаҳо дар бораи вазъи воқеии равобити байни давлатҳо ва таҳаввулоти сиёсии ҷаҳон маълумот медиҳанд.

Айни замон дар бахши навбатии санадҳои нашршуда тақрибан ҳеҷ маводе роҷеъ ба Тоҷикистон оварда нашудааст.

WikiLeaks ахиран чоряк миллион номаи махфии дипломатиро нашр кард, ки дар бисёр мавридҳо ба обрӯи Вашингтон латма ворид кардааст, ҳарчанд аксари таҳлилгарон мегӯянд, нашри ин санадҳо пайомади ҷиддие барои сиёсати хориҷии ИМА дар пай нахоҳад дошт.

«Алфа» ва «ёвари ӯ»

Дар асноди нашркардаи Викиликс, нахуствазири Русия Владимир Путин бо лақаби "Алфа" ва раисиҷумҳури ин кишвар Дмитрий Медведев "Робини ёвари хурдии ӯ" ёдовар шудаанд.
Аз рӯи санадҳои фошшуда хулоса кардан мумкин аст, ки нахуствазири Русия Владимир Путин бо ишора ба нуфузаш бо лақаби “Алфа” ва Дмитрий Медведев ба унвони як “Робини ёвари хурдии ӯ” ёд мешаванд. Дар ин санадҳо инчунин хондан мумкин аст, ки Медведев гаравгони Путини “Бетмани қаҳрамон” гардидааст.

Дигар бозёфти ҷолиб ин аст, ки ба гумони сафорати Амрико дар Пекин, солиёни зиёд аст, ки мақомоти Чин дунболи шикастан ва дастрас кардани маълумоти компютерҳои ҳукумати Вашингтон ва муттафиқи он - раҳбари шӯришии Тибет Далай Лама мегардад. Аксари кулли 250 ҳазор номаҳои фошшуда дорои маълумоти хеле арзишманд дар бораи раҳбарони ҷаҳон буда, танҳо баъди мутолеаи бодиққат онро мешавад дарёфт.

Баъзе маводди чопшуда аз ҷониби матбуот ба унвони кашфиёт арзёбӣ шудааст. Масалан, дар як мукотиба шоҳи Саъудӣ Абдуллоҳ аз ИМА тақозо мекунад, ки ба Эрон ҳамла карда, барномаи ҳастаии ин кишварро нобуд созад.

Дигар мавзӯи ҷолиб – дӯстии наздики нахуствазирони Русия ва Итолиё – Владимир Путин ва Силвио Берлусконӣ буда, мавзӯи дигари фошшуда –иртиботи эҳтимолии миёни ҳукуматдорони Русия ва гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил мебошад.

Вокунишҳои сарони кишварҳо ба WikiLeaks

Дар ҳоле, ки Вашингтон маҷбур шуд аз пеш бархе ҳукуматҳоро дар бораи хатари фошшавии асноди махфӣ огоҳ кунад, аксари раҳбарон гуфтанд, ҳоло бояд дақиқ бубинанд, ки WikiLeaks дар сайташ чиҳо хоҳад гуфт. Аксари раҳбарон, аз ҷумла Владимир Путин, тавассути дафтарҳои матбуоти худ гуфтанд, ки танҳо баъди мутолиаи мавод вокуниш нишон хоҳанд дод. Нахуствазири Туркия Раҷаб Тайиб Эйрдуғон ҳам дар нишасти матбуотие дар Истамбул рӯзи душанбе гуфт:

“Нахуст, бубинем, ки оё WikiLeaks дар даст чӣ дорад, баъдан мо мебинем, ки оё мукотибаи фошшуда мавриди эътимод буда метавонад ё на. Обрӯи WikiLeaks шубҳаангез аст. Мо интизор мешавем, ки WikiLeaks маводи дар даст доштаашро чоп кунад, баъдан ба он баҳогузорӣ карда назари худро шарҳ хоҳем дод”.

Он чи ки ҳоло мушаххас аст, ин аст ки чунин амали WikiLeaks боиси боло рафтани хашму ғазаб ва мухолифати корпуси дипломатии Вашингтон ва бевосита онҳое шудааст, ки номаҳои махфии онҳо фош шудаанд. Ҳоло бисёр нависандаҳои ин номаҳо аз он нигаронанд, ки оё мукотибаҳои чопшудаи онҳо боиси бад шудани равобиташон бо кишварҳои зиёд нагардад.

Ҳушдор аз хатари нашри асноди махфӣ

Дар як изҳороти Кохи Сафед гуфта мешавад, ки чунин фошкорӣ кормандони риштаи дипломатия ва амният, инчунин шахсиятҳоеро, ки дар шароитҳои мухталифи сиёсӣ, аз ҷумла дар кишварҳои дорои режимҳои истибдодӣ амал мекунанд, таҳти хатар мегузорад. Дар идомаи изҳороти Кохи Сафед гуфта мешавад, ки пахши мукотибаи дуздӣ ва махфӣ на танҳо масъалаи ҳуқуқи башар, балки зиндагии шахсиятҳои алоҳидаро таҳти хатар мегузорад.

Адмирал Майк Мӯллен, раиси ситоди муштараки ИМА дар мусоҳиба бо телевизиони CNN гуфт, ки хатари дигари фошшавии мукотибаҳои пинҳонӣ барои гурӯҳҳои ҷиноятпешаву ситезаҷӯ дастаки хубе дар амри ба ҳам задани барномаҳои ИМА медиҳад.

Ӯ гуфт: “Ба назари ман, нафарони вобаста ба WikiLeaks намефаҳманд, ки мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки як иттилои хурд ба як шабакаи азими иттилоот табдил мешавад ва барои дарки он чи ки дар гузашта мумкин набуд, мусоидат мекунад. Ва дар оянда ин метавонад воқеан ҳам хатарнок шавад”.

Кашфи ҷангиёни тоҷик дар Ироқ

Дар миёни мукотибаҳои дипломатии фошшуда Тоҷикистон қариб ки ном бурда намешавад. Масалан, дар як маврид дар мукотибаи раҳбари Моссад – хадамоти кашфи Исроил дар соли 2005 навишта шудааст, ки дар миёни ҷангиёне, ки дар Ироқ ҷангидаанд, дар баробари шаҳрвандони Ӯзбакистон, Сурия ва Яман, ҳамчунин ҷангиёни Тоҷикистон ҳам мебошанд. Вале тафтиши дурустии ин мавод тавассути манобеи мустақил ғайриимкон аст.

Вале новобаста аз афзоиши мухолифатҳову интиқодҳо, муассиси WikiLeaks Ҷулиан Ассанж гуфтааст, ки вай бо ин амали худ “шаффофияти солими умури давлатиро” ташвиқ мекунад. Рӯзи якшанбе вай тавассути як конфронси видеоӣ бо журналистон дар Аммони Урдун чунин гуфт:

“Тамоюли умумии масъулияти низомиёни амрикоӣ хеле нигаронкунанда аст. Вале хушбахтона дар ҳукумати ИМА ҳамоно одамони хуб зиёданд ва баъзе аз ин одамҳои хуб мехоҳанд, ки кор дигаргуна сурат гирад ва онҳо мехоҳанд, ки ба мо барои беҳтар шудани вазъ мавод бидиҳанд ва чунин маводро дар ихтиёри журналистон қарор диҳанд”.

Ассанж гуфт, ки нусхаҳои иловагии мукотибаҳои дипломатии фошшударо дар ихтиёри панҷ нашрияи бонуфузи амрикоиву аврупоӣ қарор додааст. Дар миёни онҳо "The New York Times" рӯзи душанбе зарурати чоп шудани ин маводро шарҳ дод. Ин рӯзномаи бонуфуз гуфт, ки ин мукотибаҳо барои дарки беҳтари манфиатҳо, ҳадафҳо, ворисон, муомилаву нокомиҳои дипломатияи хориҷии Амрико мусоидат мекунанд.
XS
SM
MD
LG