Инчунин тазоҳуроти эътирозии сокинони деҳаи Ҳушёрии ноҳияи Варзоб аз насби дарвоза ё тарозуи пулчинии ширкати IRS, идомаи амалиёти таъқиб ва маҳви аъзои гурӯҳҳои мухолифи мусаллаҳи давлат дар води Рашт низ аз мавзӯъҳоенд, ки нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта бештар рӯи онҳо тамаркуз карданд.
"Дар мулоқот кадом масоил бояд баррасӣ шавад", "Аз омадани Путин ба Тоҷикистон шумо чиро интизоред?", "Хонаро ҷорӯб занед, Путин меояд", "Оғӯши хунуки бародарӣ" аз ановини матолиби нашрияҳо дар иртибот ба нишасти сарони ҳукуматҳои Созмони Шанхай дар Душанбе буда ва баёнгари таваҷҷӯҳи зиёди ҷомеаи кишвар бар ин нишаст аст.
Нашрияи «Тоҷикистон» дар робита ба ин нишаст матлаберо бо қалами профессор Абдунабӣ Сатторзода, корманди аршади Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир кардааст. Муаллиф менависад, азбаски кишварҳои узви ин созмон аз вартаи бӯҳрони молиявӣ берун мешаванд, масъалаи таҳкими ҳамкориҳои иқтисодиву молиявӣ ва тиҷоратӣ дар маркази таваҷҷӯҳи ин нишаст қарор хоҳад гирифт.
Аммо ҳафтаномаи «Наҷот» аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, зери унвони «Аз ташрифи Путин ба Тоҷикистон чиро интизоред?» дар робита ба нишасти мазкур назарсанҷиеро миёни коршиносон доир кардааст. Шокирҷони Ҳаким- муовини раиси ҲСДТ ба ин пурсиш посух додааст, ки сафари сарвазири Русия ба Тоҷикистон аҳамияти ҷиддӣ дорад. Аммо ба ҳар сурат ӯ шахси аввали Русия нест ва ҳалли бисёре аз масоил, аз ҷумла тарҳҳои энерҷии Тоҷикистон ба иродаи президенти ин кишвар вобаста аст. Вале то ҳанӯз ҳеҷ нишонае дар бораи тағйир кардани мавқеи президенти Русия дар баробари тарҳҳои энерҷии Тоҷикистон мушоҳида намешавад. Муовини раиси ҲСДТ афзудааст, Путин дар ин нишаст талош барои гирифтани ҳаққи истифодаи фурудгоҳи низомии Айнии Тоҷикистонро хоҳад кард ва шояд бар иваз барои муҳоҷирини кории тоҷик дар ин кишвар бархе аз имтиёзҳоро давлати Тоҷикистон битавонад ба даст оварад.
Ба навиштаи таҳлилгарони нашрия «Нигоҳ» ташрифи Путин ба Душанбе ва мулоқоти рӯбарӯи ӯ бо президенти Тоҷикистон барои Тоҷикистон ва Русия бештар аз ҳар масъалаи дигар дорои аҳамият аст. Аммо нашрия бар ин бовар аст, ки роҳбарияти Тоҷикистон дар ин мулоқот аз мавқеъгирии ду соли ахир дар робита ба муносибот ва ҳамкорӣ бо Русия по пас нахоҳад кашид.
Баъди таваққуфи наздик ба ду моҳ, нашрияи «Пайкон» ин ҳафта дубора ба нашр расид. Ин нашрия низ рӯи мулоқоти Путин ва Раҳмон таваҷҷӯҳи бештар зоҳир ва изҳори умедворӣ кардааст, дар пайи он шароити ҳуқуқии муҳоҷирони тоҷик дар Русия беҳтар мешавад.
Тазоҳуроти эътирозии сокинони рустои Ҳушёрӣ бар зиди нуқтаи пулчинии мансуб ба ширкати IRS дар роҳи Душанбе –Хуҷанд, ки ин ҳафта боз ҳам такрор ёфт, мавзӯи гузоришу матолиби нашрияҳо қарор гирифтааст. Аз ҷумла «Фараж», ки ин ҳафта ба далели боз ҳам пеш омадани мушкилии чоп дар чопхонаҳо тавассути принтери худи ин нашрия нашр шудааст, зери унвони « Варзоб эътироз мекунад!» матлаберо ба нашр расонидааст. Ба қавли муаллифи ин матлаб, дар оғози фаъолияти ин ширкат мақомоти Тоҷикистон аз ҷумла вазири нақлиёт гуфта буд, ки ин ширкат пули қарзи Чинро, ки роҳи мазкурро навсозӣ кард мепардозад, вале баъдан маълум шуд, ки пули қарз аз ҳисоби бюҷет пардохт мешавад.
Дастандаркорони ширкати бесоҳибе бо номи аҷнабии IRS, ки дар таблиғоташон ҳатто имиҷи давлатро зери суол мебаранд, навиштааст «Озодагон», дар вокуниш ба эътирози аҳолӣ миннат ба мардум мегузоранд, ки садҳо ҷои кор фароҳам кардаанду ин кӯмак ба иқтисодиёти кишвар аст. Муаллиф афзудааст, ин ширкати аҷнабӣ, дар роҳи омм нуқтаҳои пулчинӣ сохта ва ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро ғорат мекунад ва боз болои мардум миннат мегузорад.
Дар ин миён «СССР» матлаберо зери унвони «Талко» корхонаи давлатӣ не, мардумӣ шавад» ба табъ расонидааст, ки дар он мизон ва ё сатҳи шаффофияти фаъолияти бузургтарин корхонаи саноатии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Нашрия пешниҳод мекунад, ки барои назорати фаъолияти шаффофи ин корхона бояд як Шӯрои ҷамъиятӣ ташкил шавад. Зеро менависад нашрия, фоидаи тоза аз ин ширкт дар ҳаҷми 300-400 миллион доллар ба суратҳисоби толлингерҳо дар ҷазоири оффшорӣ мераваду ҳамагӣ 30-40 миллион доллар ба бюҷети кишвар. Ҳамин тавр навиштааст СССР «барои мардуми Тоҷикистон ва будҷа оши палав не, фақат равғани табақро лесидан мемонаду бас»
Нашрия «Миллат» дар робита ба қазияи пешомада бо ширкати биносозии «Мовароуннаҳр», ки ахиран раиси он боздошт шуда ва дар натиҷа сарнавишти сармоягузорони он номаълум боқӣ мондааст, як назарсанҷиеро зери унвони «Кафили амнияти сармояи мардум кӣ бояд бошад?» доир кардааст. Ҳамзамон ин нашрия мавориди мушобеҳеро мисли сармояҳои аз дастрафтаи мардум дар мӯҳрабизнеси ширкати «Ҷамол» , дар нерӯгоҳҳои Сангтӯда-1 ва «Роғун» ёдоварӣ мекунад. Аксарияти пурсидашудагон гуфтаанд, ки вақте ин корхонаҳо расман сабти ном шуда ва аз сӯи давлат иҷозаи фаъолият дарёфт кардаанд, боястӣ масъулияти амният ва ҳифзи сармояи мардум ба дӯши давлат бошад . Аз ҷумла рӯзноманигор Марат Мамадшоев гуфтааст, ки ин ширкатҳо аз мардум пул мегиранд, пул гум мешавад, вале ҳеҷ кас ҷавобгар нест. Мардум норозӣ аст ва эътироз мекунад. Аз ин рӯ ҳукумат ин корро бояд назорат кунад ва масъулиятро бар дӯш гирад.
Ҳафтаномаи «Азия плюс» дар иртибот ба авзои минтақаи Рашт матлаберо таҳти унвони «Шоҳ Искандаров – муҷоҳид, полковник ва дипломат» ба нашр расонида ва аз роҳи паймудаи зиндагии ин фармондеҳи собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ҳикоят кардааст. Ин нашрия дар сафҳаи аввали худ як аксеро ба чоп додааст, ки зоҳиран дар замони муқовиматҳои дохилии солҳои навадум гирифта шуда ва дар он Шоҳ Искандаров ҳамроҳ бо фармондеҳони дигар Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Мирзохӯҷа Низомов ҳузур доранд.
Ва нашрияи «Нигоҳ» барои аввалин бор як акси Аловуддин Давлатов- мулаққаб ба Алии Бедакӣ, аз фармондеҳони дигар собиқ ИНОТ-ро, ки дар нооромиҳои ахири шарқи кишвар айбдор дониста мешавад чоп кардааст, ки ба гуфтаи ин нашрия, ба нафаре, ки ахиран дар навори мунташира дар сайти интернетии Дейли Мовушен бо номи ҳазрат ёд мешавад, шабоҳати зиёд дорад.