Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз вазъи зиндониёни Ҷаслики Узбакистон


Бахши ӯзбакии радиои Озодӣ гузориш медиҳад, ки вазъи зиндониёни маҳбаси низомаш шадиди Ҷаслики Ӯзбакистон нигаронкунанда аст ва онҳо мавриди шиканҷаи маъмурони зиндон қарор гирифтаанд. Ин зиндониён вақте ба шиканҷа гирифтор шудаанд, ки даст ба гурснанишинӣ заданд.

Пайвандони 30 зиндонии Ҷаслик гуфтанд, ки даст ба гуруснанишинӣ задани наздиконашон боис шудааст, ки мавриди шиканҷа қарор бигиранд ва аз ҳақи дидорбинӣ бо хешу таборашон маҳрум шаванд.

Аксари ин маҳбусон барои фаъолиятҳои ғайриқонунии мазҳабӣ, кӯшиши табаддулоти давлатӣ ва амалиёти зидди конститутсионӣ ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.

Зиндоне, ки роҳи бозгашт надорад

Зиндоне, ки дар борааш мегӯянд, “аз он роҳи бозгашт вуҷуд надорад”, дар гузашта ҳам ба хотири шиканҷаву бадрафторӣ нисбати зиндониён дар сархати ахбори ҷаҳон қарор гирифтааст.

Ҷасликро водии марг мегӯянд. Онҳое, ки наздиконашон ба ин зиндон андохта мешаванд, бояд омода бошанд, ки шояд ҳеҷ гоҳ бародар, шавҳар ё падари худро баъди анҷоми мӯҳлати маҳкумият дигар сиҳҳату саломат нахоҳанд дид. Исми ин зиндони воқеъ дар минтақаи дурдасти вилояти шимолу ғарби Қароқалпоқистон имрӯз фаъолони ҳуқуқи башар ва саҳифаҳои матбуот шуд.

Гуруснанишинии гурӯҳе аз маҳбусон ба нишони эътироз аз шароити сахти нигаҳдориву шиканҷа ва бадрафтории маъмурият дар охири моҳи октябр боис ба афзоиши мавридҳои шиканҷа шудааст.

Бахши ӯзбакии радиои Озодӣ мегӯяд, ки хешу наздикони ҳадди аққал 30 зиндонии Ҷаслик барои норизоиятӣ аз шароити буду бошашон аз охири моҳи октябр даст ба гуруснанишинӣ задаанд.

Клара Олимова, як сокини Тошканд, баъди интизориҳои зиёд ниҳоят тавонист рӯзи шанбе бо писари 31-солаи зиндониаш дар Ҷаслик мулоқот кунад. Писари ӯ Миркарим Саидкаримов гуфтааст, ки кормандони маҳбас ӯ ва бисёр дигар зиндониҳоро шадидан шиканҷа карда баъзеҳоро чандин рӯз бо дасту пои баста дар ҳолати овезон ва бараҳна дар карсер ё хонаи муҷозот нигаҳдорӣ кардаанд.

Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ хонум Олимова нақлҳои писарашро аз мавҷи ахири шиканҷаҳо чунин бозгӯ кард: “Ман бо чашми худам дидам, писарамро зада хунолуд кардаанд. Шиканҷаи маҳбусон ҳақиқат дорад. Майнаи сари баъзеҳо шикастааст. Дунбаи писари ман аз задан лахт-лахт шудааст. Барои беномус кардани маҳбусон аз калтак истифода мекунанд. Писари бечораам мегӯяд, ки намедонад додашро ба кӣ гӯяд, ба доди ӯ касе ҷуз худо намерасад”.

Ин зан аз қавли писари зиндониаш гуфт, ки эътирози зиндониҳо ба ҳамин шакл саркӯб шуда, ҳоло бисёриҳо дар чунон ҳолати ғайри қобили тасаввур қарор доранд, ки маъмурият ба онҳо ҳаққи дидорбинӣ бо наздиконашонро намедиҳад.

"Таҷрибаи усулӣ"

Созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон борҳо гуфтаанд, ки шиканҷаву бадрафторӣ дар зиндонҳои Ӯзбакистон ба як “таҷрибаи усулӣ” табдил шудааст.

Созмони байналмилалии Салиби Сурх, ки дар Тошканд ҳам дафтари намояндагӣ дорад, дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин созмон ҳақи боздид аз зиндонҳову боздоштгоҳҳои Ӯзбакистонро дорад ва ин корро ба шакли муназзам анҷом медиҳад. Аммо айни замон ҳақ надорад ба матбуот дар бораи шароити дохилии зиндонҳо маълумот диҳад.

“Хулосаҳои мо баъди боздид танҳо дар ихтиёри дафтари аслии Салиби Сурх ва ҳукумати Ӯзбакистон вогузор мешавад”, гуфт як раҳбари ин созмон дар Тошканд.

Сурат Икромов, як фаъоли ҳуқуқи инсон дар Тошканд мегӯяд, Ҷасликро дар Ӯзбакистон зиндони сиёсӣ мегӯянд ва шиканҷаву бадарафторӣ ҷузви ҷудоинопазири низоми кори ин муассиса мебошад.

Ӯ мегӯяд: “Ҳар сол танҳо дар Ҷаслик ҳадди аққал 10 зиндонӣ бар асари шиканҷа ҷон медиҳанд. Ин танҳо он оморест, ки ман медонам, шояд ҳақиқати ҳол аз ин бадтар бошад”.

Як хабарнигори ғарбӣ, ки соли 2003 иҷозаи боздид аз ин зиндонро доштааст, дар интернет навишта буд: “…Дар Ҷаслик куллан 500 нафар ва дар ҳар хона 12 нафарӣ нигаҳдорӣ мешаванд”.

Аксари онҳо дар узвияти гурӯҳҳои тундгарои мазҳабӣ айбдор шудаанд.
Мӯътабар Тоҷибоева, як фаъоли ҳуқуқи инсон соли 2005 то 2008 -ро дар зиндон сипарӣ кардааст. Ӯ дар сӯҳбат бо Озодӣ аз шаҳри Париж мегӯяд, ки гуноҳаш шоҳидии кушторҳои ҷамъии садҳо нафари бегуноҳ дар эътирозҳои Андиҷон аз роҳи факту далелҳои мушаххас будааст.

"Бандии ҷазираи шиканҷа"

Мӯътабар Тоҷибоева тамоми саргузаштҳои талхи худро дар зиндонҳои Ӯзбакистон ва режими саркӯбгари президент Ислом Каримов дар китобе зери унвони “Бандии ҷазираи шиканҷа” нақл кардааст, ки қарор аст, баъди соли нав ба забонҳои фаронсавиву англисӣ чоп шавад.

Ӯ бо шинохт аз низоми кори зиндонҳои Ӯзбакистон гуфт, эҳтимолан дар зиндони Ҷаслик аз 30 нафар бештар мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.

Ӯ мегӯяд: “Барои ҷазои норозиҳову ҷилавгирӣ аз такрори эътирозҳо” маъмулан кормандони зиндон шиканҷаро нисбати доираи васеътари маҳбусон раво мебинанд, то ки “барои дигарҳо дарс шавад”.

Вай афзуд, мақомот метарсанд, ки ҳеҷ маълумоте аз дохили зиндонҳои Ӯзбакистон берун наравад. Вай, ки худ борҳо дар карсери зиндон андохта шудааст, гуфт, шиканҷа дар зиндонҳои занона ҳам як амали маъмулӣ аст:

Хонум Тоҷибоева мегӯяд: “Масалан, онҳо занонеро, ки кадом гуноҳе кардаанд, барои чандин рӯз ба карсер меандозанд. Фарқ надорад, ки ӯ духтари ҷавон аст ё як пиразан. Ин хона сарду торик аст. Ҷазои дигар ин аст, ки занро ба як ҷои кушоде паси панҷара меандозанд, ки номаш “боғи вуҳуш” аст. Занро комилан урён карда зимистону тобистон, дар ҳавои сарду офтобӣ, зери барфу борон се-панҷ соат нигоҳ медоранд. Онҳо васоили хеле зиёди шиканҷаро барои азияти занҳои зиндонӣ дар ихтиёр доранд”.

Мӯътабар Тоҷибоева гуфт, ки аз рӯи қонун дар ҳар зиндон ё боздоштгоҳ қутии почта ба номи омбудсмен ё додситони назоратӣ гузошта шудааст, ки ҳадафаш ҷамъоварии арзу шикоятҳои хатии маҳбусон аз бадрафтории маъмурият аст.

Вай борҳо шоҳиди он шудааст, ки ин шикоятномаҳо дар асл аз ҷониби масъулин боз шуда, баъдан мушкили зиндониҳоро дучанд мекунанд. Мақомоти давлат ё додситонӣ, ки аз зиндон боздид мекунанд, гуфт ӯ, ҳеҷ гоҳ, бо зиндониҳо мулоқот намекунанд, арзу доди онҳоро намешунаванд.
Дар сурати шикояти зиндонӣ ба намояндаи созмони Салиби Сурх, ба гуфтаи ӯ, маъмурият баъдан аз ӯ қассос мегирад. Дар натиҷа, зиндонӣ “ҳеҷ ҳуқуқ, интихоб ё додрасе” надорад, гуфт Тоҷибоева.

Ӯ мегӯяд, ҳоло наздикони зиндониҳои Ҷаслик бояд на дар дохил, балки дар хориҷ пуштибон ҷустуҷӯ карда, шикоятҳои хаттии як ба яки худро ба унвонии Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ироа кунанд. Дар он сурат, интизор шудан мумкин аст, ки тағйироте дар шароити нигаҳдориву бархӯрд бо зиндониҳо ба миён меояд.
XS
SM
MD
LG