Аммо Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, изҳор намуд, ки интиқоли таъмини назорати авзоъ бар дӯши нерӯҳои афғон маънои аз кишвар берун шудани ҳама низомиёни хориҷиро надорад ва нерӯҳои байнулмилалӣ баъд аз соли 2014 ҳам дар Афғонистон боқӣ хоҳанд монд.
Ӯ гуфт, “агар душманони Афғонистон гумон мекунанд, ки онҳо метавонанд интизори ихроҷи мо аз ин кишвар бошанд, иштибоҳ мекунанд. Мо дар он ҷо он қадар боқӣ хоҳем монд, ки барои анҷоми рисолати мо зарур аст”.
Айни ҳол дар Афғонистон тақрибан 140 ҳазор низомиёни хориҷӣ, аз ҷумла, наздики 100 ҳазор афсару сарбози амрикоӣ мустақаранд.
НАТО ба Русия таҳдид намекунад
Қарор аст, ки имрӯз дар чаҳорчӯби нишасти НАТО музокироти сарони кишварҳои узви Паймон бо раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев баргузор шавад. Интизор меравад, ки НАТО ба Русия ширкат дар системи воҳиди зидди ҳамлаи мушакӣ дар Аврупоро пешниҳод намояд.
Созиш дар бораи ташкили ин систем рӯзи ҷумъа – рӯзи аввали нишасти НАТО ҳосил шуда буд. Сарони кишварҳои узви НАТО дирӯз ҳамчунин доктринаи нави стратегии Паймон барои 10 соли ояндаро пазируфтанд.
Зимни муаррифии ин санад Андерс фог Расмуссен, Дабири кулли НАТО, аз ҷумла, гуфт, ки "доктринаи стратегии НАТО дарҳоро барои вуруд ба Паймон ба рӯи ҳама кишварҳои демократии Аврупо, ки мехоҳанд ба меъёрҳои мо мувофиқ бошанд, боз мекунад". Ӯ афзуд, "даҳсолаҳои ахир рушан намоиш доданд, ки густариши НАТО барои паҳнсозии сулҳ, демократия ва шукуфоӣ дар қора кӯмак мекунад".
Зимнан, дар ин доктрина бори аввал гуфта шудааст, ки НАТО барои Русия ягон таҳдид нахоҳад дошт. Дар санад омадааст, “НАТО баръакс, хостори ҳамкории стратегӣ бо Русия аст ва мо вобаста ба ҳамин гуна муносибати Русия амал хоҳем кард.