Дастаи КВН, дӯстдорони танз ва ҳозирҷавобӣ аз Тоҷикистон дар бозиҳои Ҷоми Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ ширкат мекунад. Хабаргузории "Авеста" ба нақл аз намояндаи Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, сабқат рӯзи 20-уми ноябр баргузор гашта, аз рӯи беҳтарин танз, беҳтарин бозии ҳунарӣ ва беҳтарин ҳунарнамоии мусиқӣ арзёбӣ хоҳад шуд. Пештар дастаи КВН-и Тоҷикистон шикоят карда буд, ки барои омодагӣ ба сабқат ва сафар ба Маскав сармоя надорад ва интизори кӯмаки спонсорҳост.