Дар ин бора хабаргузории Ассошиатед пресс менависад, ки сармуншии НАТО Фог Расмуссен изҳор дошт, дар маҷлиси сарони кишварҳои узви ин паймон қарор аст дар мавриди тавсеаи транзит ва ҳамин тавр навъияти чизҳои муҳорибавӣ, ки аз тариқи Русия интиқлол дода мешавад, баҳс сурат гирад.
Афғонистон - меҳвари гуфтугӯҳо дар нишасти НАТО
Қарор аст 28 кишвари узви паймони НАТО рӯзҳои ҷумъа ва шанбе дар Лиссабон, пойтахти Португалия маҷлиси солонаашонро баргузор кунанд. Нахуствазирони 20 кишвари дигар, ки дар Афғонистон қувваҳои низомӣ доранд ва ҳамин тавр Русия ва Ҷопон низ дар ин маҷлис ҳузур хоҳанд дошт.
Дар маҷлиси НАТО мавзӯи асосиии мавриди баҳс, ҷанги кунунӣ дар Афғонистон ва дурнамои супоридани масъулияти амниятӣ аз қувваҳои хориҷӣ ба қувваҳои Афғонистон мебошад, ки дар моҳи июли соли ояда оғоз хоҳад шуд.
Кишварҳои НАТО акнун ҳам аз роҳҳои Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна ба ҳайси як гузина барои роҳи асосии транзит, ки аз хоки Покистон мегузарад истифода мекунанд, зеро дар масири роҳҳои транзитии Покистон вазъияти амниятӣ номуътадил буда корвонҳои борбар ва маводи сӯхти қувваҳои НАТО дар ин масир чандин бор мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Беҳбуди равобити рақибони даврони ҷанги сард
Ба навишаи хабаргузории Ассошиатед пресс, тавофуқ дар мавриди истифода аз роҳи транзити Русия, нишондиҳандаи беҳбуди бештари равобит байни рақибони даврони ҷанги сард мебошад. Русия, ки аз густариши нуфузи ифротгароии исломӣ дар сарҳодоти ҷанубии худ тарс дорад, ба эъзоми сарбоз ба Афғонистон ба ҳеҷ сурат розӣ нест, аммо мехоҳад барои маваффақ шудани талошҳои НАТО дар Афғонистон ҳамкорӣ кунад.
Сармуншии НАТО Фок Расмуссен изҳор дошт ба назари ӯ Русия ҳам ба ин фикр мувофиқ аст, ки бояд дар мавриди якдигар нигаронӣ надошта бошанд ва беҳтар аст, ки бо ҳам кор кунанд ва ин амалро анҷом хоҳанд дод.
Дар маҷлиси НАТО, ки раиси ҷумҳури ИМА Борак Обама ва ҳамин тавр раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев дар он саҳм хоҳанд дошт, тавофуқномаҳои дигар байни НАТО ва Русия низ ба имзо хоҳад расид.
Тарафайн ҳамкорӣ мекунанд
Ба гуфтаи мақомоти НАТО, тарафайн як маркази муштараки мубориза бо маводи мухаддирро ташкил хоҳанд дод, ки маъмурини амниятии афғон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказиро дар заминаи ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир таълим диҳанд ва ҳамин тавр Русия дар таълим ва тарбияи кормандони қувваҳои ҳавоии Афғонистон саҳм бигирад. Дар ин маврид як мақоми паймони НАТО, ки нахост номаш зикр шавад, ба хабарнигорон маълумот додааст.
То ҳол ҳам як теъдод маъмурини мубориза бо маводи мухаддир чӣ аз Афғонистон ва чӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна дар Маскав таълим гирифтаанд.
Ба гуфтаи мақомоти НАТО, илова бар он, як сандуқи молии тартиб хоҳад шуд, ки барои таълим ва тарбия, муҳофизат ва тармими чархболҳои сохти Русия, ки дар Афғонистон фаъолият доранд, ба кор бурда хоҳад шуд.