Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди "тоҷири марг" аз Тайланд ба Амрико


Имрӯз кишвари Тайланд тоҷири маъруфро, ки дар қочоқи силоҳ айбдор мешавад, ба ИМА истирдод кард. Тасмими мазкур баъди ду соли баҳсу баррасиҳо ва ҳам эҷоди сардиҳо дар равобити дипломатии миёни ИМА ва Русия сурат мегирад, ки билохира имрӯз ҷониби Маскавро хашмолуд кард.

Русия бо пахши изҳороте истирдоди қочоқчии машҳури силоҳ Виктор Бутро ғайрииқонунӣ унвон кард.

Марди русе, ки ба унвони маъруфтарин қочоқбари силоҳ дар ҷаҳон шинохта шуда замоне “корномаи ӯ” барои Ҳолливуд чун намунаи қаҳрамони филми бадеии “Шоҳи силоҳ” хизмат кардааст, ниҳоят баъди ду соли баҳсҳову гиру дорҳои додгоҳиву қонунӣ ба ИМА истирдод шуд. Рӯзи сешанбе полис ва мақомоти фурудгоҳи Бангкок гуфтанд, ки Бут савори ҳавопаймои вижа баъди хатми нишасти ҳукумати Тайланд билофосила дар шароити сахти амниятӣ ба ИМА истирдод шуд.

Вокуниши хашмолуди Маскав

Баъди боздошташ моҳи марти соли 2008 Бут ва ҳам Маскав ҳамаҷониба талош доштанд аз истирдодаш ба Амрико ҷилавгирӣ кунанд ва ин масъала ҳатто боиси ба миён омадани танишҳои дипломатии миёни Амрикову Русия гардид. Рӯзи сешанбе вокуниши билофосилаи Маскав бисёр хашмолуд ва тундлаҳн буд. Вазорати хориҷаи Русия бо пахши изҳороте гуфт, “бисёр таассуфовар аст, ки мақомоти Тайланд ба фишорҳои сиёсии беруна сар фароварда ин истирдоди ғайриқонуниро анҷом доданд”.

Сафорати Русия дар Тайланд низ гуфтааст, ки барояш тасмими ҳукумати ин кишвар ногаҳонӣ буд. Андрей Дёрников, як дипломати рус дар сӯҳбат бо Интерфакс гуфт, ки “ҳамаи кор чунон зуд ва ҳатто фаврӣ гузашт, ки ба назар чун як амалиёти махфӣ менамояд”.

Хабаргузориҳои ғарбӣ навиштанд, ҳамсари Бут – Алла, ки аз оғоз дар наворҳои телевизионӣ бо чашмони гиряолуд ҳозир мешуд, ин навбат низ ба дидор шавҳараш шитофт. Вале “на дипломати сафорати Русия ва на ҳамсари Бут натавонистанд бо ӯ пеш аз истирдодаш дидорбинӣ кунанд”, мегӯяд ин манбаъ.

Ҳоло парвандаи Виктор Бутро тибқи қонунҳои амрикоӣ аз рӯи иттиҳомоти марбут ба терроризм таҳқиқ хоҳанд кард.

Тайланд: Истирдори Бут қонунӣ буд

Абҳисит Ветчачива, нахуствазири Тайланд дар посух ба суоли хабарнигорон гуфт, ки фикр намекунад баъди ин ҳодиса равобити Бангкоку Маскав бад хоҳад шуд. Вай гуфт, Тайланд бо ҳарду ҷониб дар тамос аст, то ин ки ҳукуматҳоро аз ҷараёнҳои қонунии ин кор огоҳ созад. Вай гуфт, тасмими аъзои ҳукумат бар пояи ҳукми додгоҳ гирифта шуд ва ин парванда сиёсӣ нест, чунки “ҳеҷ далеле барои истирдод нашудани ӯ вуҷуд надошт”.

Бут афсари 43-солаи нирӯҳои ҳавоии шӯравии собиқ аслан дар Душанбе таваллуд шудааст. Баъди хатми донишгоҳи ҳарбии Русия бо ихтисоси тарҷумони низомӣ вай дар Русия монда шаҳрвандии ин кишварро пазируфтааст. Матбуоти ғарбӣ вайро “Тоҷири марг” лақаб монда хадамоти амниятии ғарбӣ ӯро барои таъмини силоҳ кардани ҷангҳо дар Амрикои Ҷанубӣ, Ховари Миёна ва Африқо айбдор мекунанд.

Дар як мусоҳиба бо телевизиони русӣ Алла гуфтааст, ки тасмими боздошти шавҳараш аз ҷониби мақомоти Тайланд заминаҳои қонунӣ надорад. Вай гуфтааст, ки “боздошти ӯ бешубҳа як тасмими сиёсист, ки бо пофишориҳои ИМА сурат гирифтааст”. Вакили Бут гуфт, ки ӯ аз болои тасмими мақомоти Тайланд рӯзи 17 ноябр шикоят хоҳад кард. Сафорати Амрико дар Бангкок ҳам бо таъйиди хабари истирдоди Бут вале аз додани тафсилоти бештар худдорӣ кардааст.

Дуввуним соли бозрасии парванда

Моҳи августи имсол як додгоҳи Тайланд баъди бозбинии ҳукми додгоҳи зинаи поинтар амри дар давоми се моҳ истирдод шудани Бутро содир кард. Вале то имрӯз иҷрои ин ҳукм бо сабаби иттиҳомоти марбут ба шустушӯи пулҳо ва тақаллуб, ки аз сӯи додситонҳои амрикоӣ ироа шудааст, ба таъвиқ афтода буд.

Боздошти Бут дуюним соли пеш дар яке аз меҳмонхонаҳои дараҷаи олии Бангкок бо ширкати хадамоти амниятии Амрико имконпазир шуд. Дар он ҳодиса Бут мебоист барои ҷосусони амрикоӣ, ки дар либоси ҷангиёни нирӯҳои мусаллаҳи инқилоби Колумбия, як ташкилоти террористӣ дар чашми Вашингтон, силоҳ мефурӯхт.

Бутро баъдан дар иттиҳомоти марбут ба терроризм айбдор карданд, ки яке аз онҳо ба кӯшиши фурӯши силоҳ бо арзиши милёнҳо доллар ба ҷангиёни нирӯҳои мусаллаҳи инқилоби Колумбия вобаста аст. Дар миёни номгӯи силоҳҳои фурӯшӣ мушакҳои замин ба ҳаво, тӯпхона, чархбол ва ҳавопаймоҳои ҷангӣ ном бурда мешаванд, ки тавони партоби мушак ва норинҷакро доранд. Иттиҳомоти дигари ӯ нақшаи куштори амрикоиҳо ва таъмини маводи зарурӣ барои пуштибонӣ аз терроризм мебошад.

Хатари ҳабси абад ба Бут

Таҳлилгарон мегӯянд, ки дар сурати собит шудани гуноҳҳояш дар додгоҳи Амрико, шадидтарин ҳукми ӯ ҳабси абад хоҳад буд.
Бут, ки муассиси корхонаи азими нақлиёти заминиву ҳавоии низомӣ мебошад, чандин бор тавонистааст сармояву дороиҳои худро аз таҳримҳои СММ ва ИМА ҳифз карда худ аз ҷавобгарии ҷиноӣ дар баробари қонунҳои амрикоӣ эмин монад.

Мегӯянд, муштариёни эҳтимолии ӯ раҳбарони Либерия Чарлз Тейлор ва Муаммар Қаззофӣ мебошанд, ки дар доман задани ҷангҳои дохилӣ муттаҳам мешаванд. Худи Бут ин иттиҳомотро пайваста рад кардааст. Дар сомонаи интернетии ӯ низ гуфта мешавад, ки “дар давоми даҳ соли охир, ки Бут ба гуноҳҳои зиёд айбдор шудааст, ҳеҷ яки онҳо исботи худро наёфтаанд”.
XS
SM
MD
LG