Никола Крастев, Аҳто Лобякас
Қатъномаи рақами 1267 садҳо узви Толибон ва Ал-Қоидаро вориди рӯйхати сиёҳи мавриди ҷустуҷӯ қарор додааст, ки аз назари мақомоти Кобул, дар талоши истиқрори сулҳи Афғонистон чун монеаи ҷиддӣ арзёбӣ мешавад.
Зоҳир Танин, сафири Афғонистон дар СММ аз Шӯрои амният тақозо кард, ки исми шумори бештари аъзои Толибонро аз рӯйхати сиёҳи пайгарди байналмилалӣ хориҷ кунад. Ӯ гуфт, ки ин иқдом барои расидан ба сулҳу амният дар кишвараш хеле муҳим аст.
Дар ҷараёни як нишасти вижаи марбут ба терроризми ҷаҳонӣ оқои Танин аз Шӯрои амният тақозо кард, ки исми чандин нафари вориди феҳрасти сиёҳи таҳти рақами 1267 шударо ҳазв кунанд. Ин рӯйхат аслан 11 сол пеш ба таври муваққат алайҳи хатарҳои он замон тозапайдои Толибон ва Ал-Қоида ташкил шуда буда ва бо гузашти вақт хусусияти доимӣ касб карда, аз ин ҷиҳат ҳам мавриди интиқод қарор гирифт.
Бозбинии феҳрасти сиёҳи Толибон
Як дипломати австриягӣ, ки раҳбарии кумитаи 1267-ро ба ӯҳда дорад, гуфт, ки ҳоло онҳо таҳқиқ мекунанд, ки чӣ шумори нафарони вориди ин феҳрастшуда то имрӯз даргузаштаанд. Томас Майр Ҳартинг инчунин эътироф кард, ки мушкилоте чанд дар заминаи заъфи ҷараёни ворид ва берун кардани исмҳо аз ин рӯйхат вуҷуд дорад.
Ӯ гуфт: “Системаи рӯйхати 1267 дар нисбати Ал-Қоидаву Толибон ҳам ба наздикӣ аз он ҷиҳат мавриди интиқод буд, ки дигар хусусияти расидагӣ ба ҳолатҳои изтирориро аз даст дода айни замон аз назари замон ва шароит боз будааст”.
Моҳи октябр як масъулин мустақили СММ дар умури ҳуқуқи башар ин масъаларо баҳс мекард, ки дар шароити набуди тавзеҳи умумӣ ва мукаммал барои терроризм ин санад наметавонад хусусияти доимиро дошта бошад. Ҳоло ба ин рӯйхати сиёҳ исми 433 нафаре ворид шудааст, ки аъзои Ал-Қоида ва Толибон маҳсуб мешаванд. Чанде пеш 45 исм аз ин феҳраст пок шуда тасмими бардошта шудани номи 58 нафари дигар аз ин рӯйхат ба баррасӣ гузошта шудааст.
Тақозои Карзай аз Шӯрои амнияти СММ
Кобул исми нафарони зиёди марбут ба Толибонро аз ин феҳрасти СММ бо ҳадафи ба ҷараёни музокираи сулҳ ҷалб кардани онҳо берун кашид. Ҳомиди Карзай, раисиҷумҳурии Афғонистон, аз ҷумла исми 10 нафари баландпояи узви гурӯҳҳои шӯриширо пешниҳод кард, ки мехоҳад аз ин рӯйхат ҳазф шаванд.
Сафири Афғонистон оқои Танин гуфт, ки дар сурати берун шудани исми онҳо аз ин рӯйхати сиёҳ ташаббуси “сулҳ ва мусолиҳаи Афғонистон” бурд хоҳад кард. Айни замон вай гуфт, ки чунин кор бояд дар оянда низ идома пайдо кунад.
Ӯ афзуд: “Афғонистон аз тасмими ҳазф шудани исми 10 узви собиқи Толибон дар давоми сол истиқбол мекунад. Ин тадбир ба манфиати ташаббуси сулҳу мусолиҳаи Афғонистон аст. Мо ҳамчунин аз кумита тақозо мекунем, ки ба дархости мо оид ба берун шудани исмҳои бештар аз ин рӯйхат таваҷҷӯҳ кунад”.
Аҳмад Сиёл, иҷрокунандаи вазифаи намояндаи Покистон дар СММ аз пешниҳоди Афғонистон пуштибонӣ кард ва гуфт, ки дар оянда ин ҷараён метавонад соддатар карда шавад: “Аз назари мо, ҳоло бояд кори зиёде дар заминаи бозбинӣ шудани тадбирҳо ба хотири мутобиқ кардани меъёрҳои муҳокимаи одилонаи исми шахсиятҳо барои ворид ва ё берун шудани онҳо аз ин рӯйхат анҷом шавад”.
Нақши нерӯҳои НАТО дар раванди музокирот
Даъват мақомоти Афғонистон ба берун шудани исми намояндагони Толибон аз феҳрасти сиёҳи СММ дар ҳолест, ки ахиран президент Карзай ба таври ошкоро ба зарурати коҳиш ёфтани амалиёти нирӯҳои амрикоӣ дар хоки кишвараш таъкид кард. Матбуоти хориҷӣ мегӯянд, ки изҳороти Ҳомиди Карзай бисёриҳоро дар ғарб “нигарон ва даҳшатзада” кард.
Вале зимни посух ба ин изҳорот дар Бруссел дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен гуфт, ки ҳеҷ интихоби дигаре ба ҷуз идомаи амалиёти ғарбиҳо дар Афғонистон вуҷуд надорад. Андерс Фог Расмуссен гуфт, ки амалиёти низомии нирӯҳои ғарбӣ дар ин кишвар ба хотири ба “мусолиҳа водор кардани Толибон” хеле муҳим аст.
Дар изҳороти Карзай бо зикри ин ки рейдҳои шабона дар манзилҳои мардуми Афғонистон вазъиятро бадтар мекунад, таъкид мешавад, ки амалиёти нирӯҳои амрикоӣ дар ин кишвар бояд коҳиш дода шаванд. Расмуссен шоми душанбе дар посух ба ин нигарониҳои раҳбари Афғонистон гуфт: “Ман ба зарурати ҳаётии идомаи амалиёти низомиамон таъкид мекунам, чунки фишори афзоянда болои Толибон ва раҳбарияти онҳо боиси ташвиқи бештари Толибон ба музокираҳо мешавад. Интихоби дигаре ба ҷуз идомаи амалиёти низомӣ вуҷуд надорад”.
Карзай генерал Петреусро ҳайратзада кард
The Washington Post навишт, генерали амрикоӣ Дейвид Петреус, ки раҳбарии нирӯҳои ИМА ва НАТО-ро дар Афғонистон ба ӯҳда дорад, аз даъвати Карзай ба коҳиши амалиёти нирӯҳо “ҳайратзада ва дилсард” шудааст. Нашрия менависад, дар посух ба як мушовири Карзай Петреус гуфтааст, ки мавқеи шахсии президенти Афғонистон “пойдор нест”.
Дар изҳороти худ Расмуссен ҳам талош кард ноҳинҷории бамиёномадаро рафъ кунад. Вай гуфт, аз сӯе бо гуфтаҳои Карзай розӣ нашуда намешавад. Суханҳои Карзай, гуфт ӯ, талошҳои НАТОро дар заминаи вогузор шудани масъулияти таъмини амният дар Афғонистон ба дӯши нирӯҳои миллии ин кишвар то соли 2014 инъикос мекунад. Зимнан, ин масъала бояд охири ҳафтаи ҷорӣ дар нишасти Лиссабон баррасӣ шавад:
Ӯ гуфт: “Ман навиштаҳои президент Карзайро бодиққат хондам ва бояд гуфт, дар асл мантиқи фикрронии ӯ айнан ҳамонгуна аст, ки дар зеҳни мо ҳам ҳаст, яъне ҳамаи мо ба самти таъмини раҳбарии қавии амалиёти низомӣ аз ҷониби худи Афғонистон ва ҳамчунин нақши муҳими кӯмакрасони нирӯҳои байналмилалиро касб кардани онҳо ҳаракат мекунем”.
Таҳлилгарон мегӯяд, бо ин суханҳо, Расмуссен нишон дод, ки мехоҳад ниятҳои Карзайро дар ояндаи дур амалишаванда қаламдод кунад. То соли 2014, аз рӯи барномаҳои онҳо, артиш ва полиси Афғонистон бояд тадриҷан масъулияти таъмини амният дар кишварашонро пурра ба ӯҳда бигиранд. ИМА ва Бритониё ҳам гуфтаанд, ки то ҳамон сол мехоҳанд ҳузури низомии худро дар хоки Афғонистон ба поён расонанд. Зимнан, дар нишасти Лиссабон охири ҳафтаи ҷорӣ ширкати худи Ҳомиди Карзай ҳам дар назар гирифта шудааст.