Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Каримов дар ҷустуҷӯи ворис ё бозии навбатӣ?


Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон
Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон

Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, ба парлумони кишвараш пешниҳод кард, ки ба Қонуни асосӣ дигаргунӣ ворид созад. Дар пешниҳоди Каримов гуфта мешавад, ки дар сурати маризӣ ва корношоям шудани президент ваколатҳои ӯ на ба нахуствазир, балки ба раиси палатаи болоии парлумон - Сенат вогузор шавад.

Пешниҳоди тағйири қонуни асосии Узбакистон дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон садо дод. Коршиносони умури сиёсии Узбакистон мегӯянд, бо шинохте, ки аз парлумони ин кишвар доранд, тағйирот ба қонуни асосӣ то нимаҳои моҳи декабр ворид хоҳад шуд.

Президенти 72-солаи Узбакистон, ки беш аз 20 сол дар ин кишвар ҳукуматдорӣ кардааст, дар ҳоле ин мавзӯъро бардошт, ки мӯҳлати раёсати ӯ соли 2014 ба поён мерасад. Акнун пешниҳоди ахири ӯ суолҳоеро ба миён овард, ки оё Каримов билохира хаста шудааст ва аз қудрат дур мешавад, ё ин як гашти навбатӣ дар тахтаи шоҳмоти раисиҷуҳур аст, ки муҳраҳоро пайваста дар атрофи худ ба гардиш медарорад.

Кӣ ҷойгузини Каримов хоҳад шуд?

Дигаргуние, ки раисиҷумҳур пешниҳод кардааст, нақши нахуствазирро, ки то ҳол дар ғайби президент ӯро иваз мекунад, камранг карда, баръакс нуфузи раиси палатаи болии парлумонро боло мебарад. Ин ба маъноест, ки дар сурати маризии раисиҷумҳури Узбакистон Илгизар Собиров, раиси Сенат, ҷойгузини ӯ хоҳад буд.

Аксари коршиносон аз Шавкат Мирзиёев, нахуствазири Узбакистон, ба унвони вориси эҳтимолии Ислом Каримов ном мебурданд
Тайи як соли ахир доираҳои сиёсӣ дар дохил ва хориҷи кишвар аз нахуствазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев, ҳамчун аз ҷойгузини эҳтимолии президент Каримов ном мебурданд. Азбаски интирга ё фитнаҳои дарборӣ дар ин кишвари пӯшидаи Осиёи Марказӣ бисёр вақт аз погаҳи Оқ Сарой берун намешаванд, гуфтан душвор аст, ки кадом омил президентро аз Шавкат Мирзиёев дилсард ва ба Илгизор Собиров дилгарм кардааст. Худи Каримов пешниҳоди ахирашро «як амали маъмулӣ дар давлати демократӣ» арзёбӣ кард.

Дар банди 96–и Қонуни Асосии Узбакистон омадааст, баъди он ки комиссиюни тиббӣ корношоям будани президентро тасдиқ мекунад, комиссиюни вижаи парлумонӣ иллатҳои бемории президент ва номумкин будани идомаи фаъолияти ӯро меомӯзад. Баъдан ҳарду палатаи парлумон дар як ҷасалаи изтирорӣ иҷрокунандаи президентро ба муддати се моҳ интихоб мекунанд. Дар тӯли ин се моҳ кишвар бояд ба интихоботи нави раисиҷумҳур омода шавад.

Бозӣ дар тахтаи шоҳмоти Каримов

Муҳаммад Солеҳ, раҳбари ҳизби демократии “Эрк” ва мухолифи сарсахти сиёсии режими Ислом Каримов, пешниҳоди ӯро дар бораи тағйири навбатиии Қонуни асосии Узбакистон чун иваз кардани муҳраҳо дар дар тахтаи шоҳмоти Каримов арзёбӣ кард:

Ӯ гуфт: “Раисҷумҳури Узбакистон – Каримов ҳеҷ вақт, то замоне ки зинда аст, ба ҳеҷ шакле истеъфо нахоҳад дод, ё ки тахти раисҷумҳурии худро дар ихтиёри касе нахоҳад гузошт. Ман ба ин сахт бовар дорам. Чунки хислати ин шахсро хеле хуб медонам. Агар Каримов ҳоло ҳарфҳое мегӯяд ва баъзе касонро ҳайрон месозад, ба хотири мустаҳкамтар кардани пояҳои тахти худ ва системаи худсохташ ва кашидани таваҷҷуҳи одамон ба сӯи дигар анҷом медиҳад. Мисли ин ки ҳозир ҳам гӯё мехоҳад онро дар ихтиёри раиси Сенат гузорад ва ин имтиёзҳое, ки ба раиси Сенат доданист, аз сӯи дигар, чун маҳдуд кардани ваколатҳои вай низ аён мешавад.”

Ба ақидаи Муҳаммад Солеҳ, Каримов бо пешниҳоди тағйири Қонуни асосӣ мехоҳад бо як тир ҳадди ақал ду нишон занад. Аз як сӯ ӯ ҷомеаро ором мекунад, ки гӯиё вориси худро таъин намуда ва ба истеъфо хоҳад рафт, вале дар асл мехоҳад баъдан ҷанг дар атрофи ворисро тамошо кунад, меафзояд ӯ.

Ҳамзамон Ислом Каримов зимни суханронӣ дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони Узбакистон ба зарурати нақши аҳзоби сиёсӣ таъкид ва пешниҳод кард, ки нахуствазири Узбакистон аз ҳизбе баргузида шавад, ки дар интихобот овози бештар ба даст меорад.

Куҳансолтарин раисиҷумҳур

Ислом Каримов аз куҳансолтарин раисони ҷумҳури кишварҳои собиқ Шӯравӣ аст, ки дар тӯли беш аз 20 сол раҳбарии ин кишварро бетанаффус бар уҳда дорад. Коршиносон ва мақомоти собиқи ҳукумати Ислом Каримов ӯро ҳамчун сиёсатмадори зирак ва ҳиллагар муаррифӣ мекунанд ва мегӯянд, Каримов ба ҳеҷ зердасташ итимнон надорад ва онҳоро ба таври тӯлонӣ дар як мақом нигаҳ намедорад, ҳатто онҳоеро, ки аз клан ё қабилаи худи раиси ҷумҳуранд.

Бо назардошти тасвиби бечунучарои пешниҳоди раисиҷумҳур дар парлумон аксар, коршиносон мегӯянд, ин тағйирот пояҳои курсии нахуствазир Шавкат Мирзиёевро ларзон хоҳад кард.

Брюс Панниэр, шореҳи Радиои Озодӣ, ин пешниҳоди Каримовро аломати беэътимодии ӯ ба нахуствазир Мирзиёев мешуморад.

Ӯ мегӯяд: ”Аз мантиқи суханони раисҷумҳури Узбакистон ман ба бақои қудрати сарвазири ҳозира шубҳа мекунам. Ба назари ман, бо чунин пешниҳод Каримов дар оянда кӯшишҳои рӯзафзуни Шавкат Мирзиёев барои презиндент шуданро ба нестӣ мебарад. Ин баёнгари нобоварии Каримов ба сарвазир аст.”

Гуфта мешавад, дар ним соли ахир ширкатҳои сарватманд, ки дар иқтисоди Узбакистон нақши умда доштанд, ба иллати пуштибонии онҳо аз Шавкат Мирзиёев як-як суқут карданд. Баъзе таҳлилгарон ин ҳолатро оғози камранг шудани нақши нахуствазир унвон карданд.

Мавзуи ҷойгузини ояндаи Ислом Каримов аз мавзӯъҳои мармузест, ки ҳамеша дар матбуот доман зада мешавад. Аксаран то ду соли пеш муътақид буданд, ки ягона ҷойгузини раисиҷумҳур духтари ӯ Гулнора Каримова хоҳад буд. Аммо шавқмандии Гулнора ба алмосу либос ва хоҳишҳои заминӣ ин пешгӯиҳоро то ҷойе ботил сохт, вале комилан аз байн набурд.

Солҳои ахир бо назардошти равобити хеле наздики Мирзиёев бо Каримов ва то рафт пир шудани ахирӣ ба Оқ Сарой кӯчидани Мирзиёев воқеӣ ба назар мерасид. Коршиносон мегӯянд, новобаста аз интихоби ворис, баъди рафтани Каримов аз қудрат кланҳои мавҷуд дар кишвар чанди дигар бо ҳам сар ба сар хоҳанд зад.
XS
SM
MD
LG