Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистони кӯчак дар дохили Тоҷикистон


Деҳаи Сарбанд
Деҳаи Сарбанд

Деҳаи Сарбанд, маъруф бо Плотина, дар 50 километрии шимоли Хуҷанд ҷойгиршудааст. Бархе аз мардуми вилояти Суғд бо шухӣ Cарбандро «Узбакистони кӯчак дар дохили Тоҷикистон» меноманд. Ин деҳа ва ин замин ҳамеша аз қаламравҳои Тоҷикистон буд, ҳатто дар замони Шӯравӣ, ки марзу бум қариб вуҷуд надошт.

Аммо пас аз суқути шӯравӣ Узбакистон марзро якҷониба хеле дарунтар ба қаламрави Тоҷикистон кашид. Он замон ин деҳа ба заминҳои Узбакистон пайваст, вале баъдан ин марзи якҷониба кашидаи Узбакистон шикаста шуд. Нишонаҳои тахрибшудаи хатти марз, ки Узбакистон якҷониба кашида буд, ҳанӯз ҳам дар қаламрави Тоҷикистон боқист.

Аммо аз нигоҳи маъмурӣ деҳаи Сарбанд тобеи Узбакистон аст. Дар ин деҳа 1500 нафар шаҳрвандони Узбакистон ва 600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон зиндагӣ доранд. Кулли навиштаҷоти деҳа бо ҳуруфи лотинӣ ва забони узбакист. Дар мактаби деҳа тадрис танҳо бо забони узбакӣ аст, таъриху адабиёт ва фарҳанги Узбакистон таълим дода мешавад.

Дар деворҳои мактаб акси Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, насб шудааст. Шаҳрвандони узбакистониии деҳаи Сарбанд ба ҳеҷ ваҷҳ бо хабарнигорон сӯҳбат намекунанд, вале мегӯянд, «ин деҳаи Узбакистон аст».

Хабарнигори мо ахиран ба ин минтақа сафар дошт ва мушкили номушаххасии марзҳо бар сари сокинони ду кишвари ҳамсояро мавриди таваҷҷӯҳ қарор додааст.

XS
SM
MD
LG