Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири нақлиёти Чех аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум шуд


Ахиран як комиссиюни назорати роҳи Ҷумҳурии Чех вазири нақлиёти ин кишварро аз муҷаввизи ронандагӣ маҳрум кард. Вит Барта дар ҳоле аз ҷониби полиси роҳ боздошт шуд, ки дар даст муҷаввизи ронандагӣ надошт ва мошинаш ҳам бидуни рақамҳои давлатӣ дар хиёбонҳои Прага ҳаракат мекард.

Комиссиюни назорати роҳ гуфт, ки “ҳама дар баробари қонун баробар ҳастанд” ва аз ин рӯ бояд вазир аз рӯи қонун муҷозот шавад.

Ҳукми комиссиюн ин буд, ки вазир бояд ба мӯҳлати ним сол аз муҷаввизи ронандагиаш маҳрум шуда инчунин ба маблағи 5000 крон, муодили 210 евро ҷарима супорад. Бархе коршиносони умури ҷароими нақлиётӣ дар Ҷумҳурии Чех ба матбуот гуфтанд, ки вазир бояд ду баробар сахттар муҷозот мешуд, ба он хотир, ки худ баландпоятарин мақоми кишвар дар умури ироаи қонунҳои истифодаи нақлиёт аст ва рафтори ӯ бояд барои ронандаҳои дигар намуна бошад.

Дар ҳоле, ки вокуниши Вит Барта ба ин ҳодиса маълум нест, мо хостем бархӯрди намояндагони ҷомеаҳои мухталифи ҷаҳонро ба ин хабар суол кунем.

Ронандаи амрикоӣ дар вокуниш ба ин хабар гуфт:

“Ин як чизи хуб аст, ҳар кас бояд дар баробари қонун, новобаста аз кӣ буданаш, ҷавоб диҳад. Дар ҷомеаи Амрико ингуна ҳодисаҳо хеле зиёд рӯй медиҳанд: мақомот, одамони муҳими кишвар, ситораҳо хеле зиёд барои ингуна қонуншиканиҳо муҷозот мешаванд. Барои ҷомеаи мо ин як чизи оддӣ аст”.

Як ронандаи рус гуфт:

“Дар Ғарб ҳама чиз имкон дорад, ки рӯй диҳад. Дар мо – ғайриимкон аст!”

Як ронандаи туркман мегӯяд:

“Дар Туркманистон рӯй додани чунин як кор аслан ғайриимкон аст. Ба эҳтимоли зиёд, тамоми он комиссюнро, ки тасмими муҷозоти вазирро содир кардааст, пароканда мекарданд. Ҳеҷ гоҳ дар Туркманистон иҷоза намедоданд, ки як мақоми баландпояи давлатӣ аз муҷаввизи ронандагӣ маҳрум шавад”.

Як марди афғон гуфт:

“Дар кишвари ман, Афғонистон, мошини вазирро касе манъ карда наметавонад. Аслан вазир, ки аз раҳ убур мекунад, роҳбандон мешавад. Ӯ муҳофизҳо дорад, аслан полиси роҳ ҷуръат надорад, ки ӯро нигоҳ дорад, чӣ расад ба ин, ки муҷаввизи ронандагии ӯро бубинанд”.

Марди қазоқ, ки ин хабарро шунид, чунин вокуниш нишон дод:

“Дар Қазоқистон он лаҳза ҳамон ходими полис зарар медид, ки ҷуръат карда мошини вазирро манъ кунад. Гуноҳи дигараш дар он мешуд, ки вазирро нашинохт. Полис бояд “чест” медод, узр мехост ва дигар ҳеҷ гоҳ худро пеши чашми вазир нишон намедод”.

Ронандаи ӯзбак гуфт:

Дар тарафҳои мо ин ғайриимкон аст. Аҳсант ба чехҳо, ки ба ин дараҷа расидаанд, ки худи вазири нақлиётро муҷозот мекунанд! Аҳсант!”.

Марди эронӣ, ки худ ронандагӣ мекунад, хандид ва гуфт:

“Дар Эрон маъмулан агар полис фарди оддиро бигирад, бо ӯ бо хоҳишу илтимосу таманно вориди гуфтугӯ мешавад, ки ё ҳадди ҷаримаро поин бубаранд ё аслан ҷарима надиҳанд. Агар мақоми давлатӣ бошад, бештари вақт полис зиёд музоҳими мақомҳои давлатӣ намешавад. Ба хотири ин, ки мақомҳои давлатӣ қудрат доранд, нуфуз доранд”.

Дар Тоҷикистон хабарнигор Далер Ғуфронов дар вокуниш ба ин хабар аввал табассум кард ва баъд гуфт:

“Ин хабар барои ман бисёр хандаовар метобад, аз он нуқтаи назар, ки дар кишвари мо ингуна муносибат ғайриимкон аст. Чунки воқеияти кишвари мо ин аст, ки ҳама дар баробари қонун баробар нест. Дар мо қонунсолорӣ нест, балки шахсиятсолорӣ аст. Вақте манзалати баъзе шахсиятҳои мушаххас аз қонун болотар аст, муносибат ҳамин гуна мешавад”.
XS
SM
MD
LG