Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви боҷи гумрукии маводи сӯхт миёни Тоҷикистон ва Русия


Тоҷикистон ва Русия дар бораи аз сар гирифтани воридоти маводи сӯхт аз Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи давлати тавофуқ карданд. Ин тавофуқ дар ҷараёни ёздаҳумин иҷлоси кумиссюни байнидавлатии ҳамкориҳои иқтисодӣ дар шаҳри Маскав сурат гирифт.

Сергей Шматко, вазири энержии Русия ин тавофуқро дастоварди муҳими ин иҷлос хонд. Бар асоси ин тавофуқ, қарор аст ҳар ду тараф то моҳи январи соли ҷорӣ асноди содироти сӯхт бидуни боҷи давлатӣ аз Русия ба Тоҷикистонро омода созанд.

Ангезаи сиёсии боҷгузории қаблӣ аз ҷониби Русия

Ин дар ҳолест, ки моҳи июни соли ҷорӣ Русия дар содироти маводи сӯхт бо Тоҷикистон боҷи давлати ҷорӣ кард, ки қимати як литр бензин дар Тоҷикистон 30-40 дарсад боло рафт. Далели Русия ин буд, ки Тоҷикистон узви кишварҳои иттиҳоди гумрукӣ нест.

Вале ба эътиқодӣ бархе аз таҳлилгарон, ин иқдоми Русия ангезаи сиёсӣ дошт ва иҷозати аз сар гирифтани содироти сӯхт бидуни боҷи давлатӣ аз сӯи Русия маънои онро дорад, ки Тоҷикистон то ҷое дар масоили сиёсӣ ба нафъи Русия гузашт кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки 70 дарсади маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад. Ва ширкати русии «Газпромнефт»-и ин кишвар бозори маводи сӯхти Тоҷикистонро контрол мекунад.

Акбар Хоҷаев, сардори раёсати ҳимоя ва рушди рақобати хадамоти зидди инҳисории давлати Тоҷикистон дар бораи ҳаҷми боҷи давлатии Русия бар сари маводи сӯхт ва таъсири он ба иқтисод гуфт:

«Корхонаҳои нафтии Русия ба нархи хариди як тонна нафт 284 доллар ва ба як тонна бензин ва сӯхти дизелӣ 203 доллари амрикоӣ боҷи гумруки таъин кардааст. Дар нӯҳ моҳ 242 ҳазор тонна бензин ва 143 ҳазор тонна сӯхти дизели ворид шудааст.»

Таъсири боҷгузориҳо ба иқтисодӣ Тоҷикистон

Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, дар ҳафт моҳи ахир ширкатҳои воридкунандаи сӯхт дар ҳудуди 52 миллион доллар дар воридоти сӯхт танҳо боҷи давлатӣ супурдаанд.

Бино ба иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдо, роҳандозии боҷи давлатӣ дар содироти сӯхт аз сӯи Русия дар шаш моҳи ахир ба боло рафтани қимати колоҳо дар бозорҳои дохилӣ ва ҳамчунин дар бахши хизматрасонӣ ба мардум шудааст.

Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдо дар ин бора гуфт:

«Аз кишварҳое, ки мо сӯзишворӣ ворид мекунем нархи онро якбора баланд карданд ва ба ин далел қимат дар бозори истеъмолӣ низ боло рафт.»

Ба гуфтаи вазорати рушди иқтисод ва савдо, роҳандозии боҷи давлатӣ дар воридоти сӯхт аз сӯи Русия дар 6 моҳи ахир ҳатто ба тавозуни савдои хориҷии Тоҷикистон таъсир кард. Зеро маблағи зиёде, ҳудуди 30 дарсад нисбат ба соли гузашта дар хариди сӯхт масраф шуд.
XS
SM
MD
LG