Натиҷаҳои аввалия, ки ба таври расмӣ эълон шудааст нишон медиҳад, ки аз 125 ҳавзаи интихоботӣ, ҳизби ҳокими Озарбойҷони навин то ба ҳол муваффақ шудааст дар 74 ҳавза аксарияти ороро ба даст биёрад.
Бархе аз дипломатҳои ғарбӣ ва аҳзоби мухолиф аз қонуншиканиҳо дар ҷараёни раъйдиҳӣ, аз ҷумла пур кардани сандуқҳо бо варақаҳои ҷаълӣ ва таҳдиди кормандони давлат ва маҷбур кардан барои раъй додан ба нафъи ҳизби ҳоким хабар додаанд.
Шикояти мухолифин аз тақаллубкориҳо
Хабарнигорони бахши озарии Радиои Озодӣ раъйдиҳандагонеро дар ҳавзаи интихоботии Хазар ба навор гирифтаанд, ки бо автобус аз як қитъаи раъйдиҳӣ ба қитъаи дигар бурда мешаванд. Дар ин ҳавза, Меҳрубон Алиева ҳамсари Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон номзадиашро пешбарӣ кардааст. Дар як қитъаи раъйдиҳии ноҳияи Сабойили Боку, ба гуфтаи хабарнигорони Радиои Озодӣ, нозиронро дар фосилаи 50 метрӣ аз ҳуҷраҳои раъйдиҳӣ ва ҷойи нишасти мақомоти интихоботӣ ҷой додаанд.
Чанде аз нозирони аҳзоби мухолиф шикоят карданд, ки пулис ба онҳо таҳдид карда ва аз қитъаҳои раъйдиҳӣ ронда ва нагузоштаанд, то интихоботро назорат кунанд. Ҳамингуна пулиси Озарбойҷон ва мақомоти интихоботӣ ба Нушоба Фатҳуллоева, хабарнигори бахши озарии Радиои Озодӣ таҳдид карда ва ӯро як соат нигаҳ доштаанд. Ӯ мардеро наворбардорӣ кардааст, ки бо вуҷуди сабти ном нашудан дар ҳавзаи Ясамал раъй додааст.
Нӯшоба Фатҳуллоева мегӯяд, маъмурони пулис ва мақомот аз ӯ хостаанд, тамоми наворҳояшро пок кунад, вагарна раҳояш нахоҳанд кард. Аммо ба ӯ муяссар шудааст, сабти наворро пинҳон кунад.
Мақомот: Интихобот озоду одилона буд
Аммо Нотиқ Мамадов, котиби кумиссиёни марказии интихоботи Озарбойҷон аз шеваи баргузории интихобот таъриф кард. Ӯ гуфт: "Шароите, ки барои раъй додани мардум дар дохил ва хориҷи ҳавзаҳо муҳайё шудааст, натиҷа дод. Ба мо муяссар шуд, ки интихоботи озоду одилона ва демократӣ баргузор кунем".
Дар интихобот 700 номзад барои 125 курсии Маҷлиси Миллии Озарбойҷон рақобат карданд. Ҳоло порлумон дар дасти ҳизби ҳокими Озарбойҷони нав ва муттаҳидони он аст, ки дар интихоботи ба гуфтаи мухолифин пур аз тақаллуб дар соли 2005 пирӯз шуданд. Ҳолу ҳавои шаҳри Боку интихоботӣ набуд ва мақомот гуфтанд, ки то нисфирӯзӣ тақриибан 24 дарсади мардум раъй додааст.
Соҳибназарон раъйдиҳии огоҳонаи мардумро ҳам зери суол мебаранд, зеро давлати Озарбойҷон бо ислоҳи қонун замони маъракаҳои тарғиботи кӯтоҳ кард ва матбуот ҳам доир ба ин корзори сиёсӣ чизи зиёде намегуфт. Гузоришҳо доир ба қонуншиканиҳо дар остонаи интихоботи Озарбойҷон фаровон буданд. Номзадҳои мухолифин мегуфтанд, ки мақомот намегузоранд, онҳо ба раъйдиҳандагон мулоқот кунанд.
Интиқоди САҲА аз интихобот
Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтанд, гузоришҳои мӯътамаде дарёфт кардааст, ки раъйдиҳандагон пас аз таҳдид, имзо ба тарафдории номзади мушаххасро пас гирифтаанд. Ин созмон аз рад шудани номзадии бисёре аз довталабон ба номзадӣ ба мақоми вакилӣ ибрози нигаронӣ кардааст. Кумиссиёни марказии интихоботи Озарбойҷон, ки ба ҳизби ҳоким наздик аст, аз се ду ҳиссаи довталабони эътилофи аслии мухолифин муташаккил аз Ҷабҳаи мардумӣ ва Мусовотро сабти ном накард.
Дар остонаи интихобот созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба мисли Дидбони Ҳуқуқи Башар ҳукумати Озарбойҷонро интиқод карданд, ки бо таҳдид ба хабарнигорону ҳомиёни ҳуқуқ, дурустии интихоботро зери суол мебарад. Аммо мақомоти Озарбойҷон ва Ҳизби Озарбойҷони нав ҳаргуна хилофкориро рад кардаанд. Озарбойҷон, аз газу нафт бой аст, як умеди Аврупо барои коҳиши пойбандиаш ба захираҳои энержии Русия маҳсуб мешавад ва ҳамчунин як роҳи икмолотӣ барои нерӯҳои Амрико дар Афғонистон аст.
Аммо ҳукумати Илҳом Алиев даъватҳои кишварҳои ғарбӣ барои ислоҳоти демократиро нодида гирифта ва ахиран қонуну қарорҳое қабул кард, ки мояи интиқод ва ақибнишинӣ дар роҳи демократия арзёбӣ шуданд. Дигар ин, ки мухолифин имсол қавмгароии бесобиқа дар интихоботи Озарбойҷонро маҳкум карданд. Агарчӣ порлумон ҳамеша ба ҳукумати ин кишвар наздик будааст, имсол феҳрасти номзадҳои хеш ба раҳбарони баландпоя бузургтар шудааст.
Бар изофаи ҳамсари Илҳом Алиев, амуи ӯ Ҷалол Алиев ва бародарзодааш Восиф Толибов низ дар интихобот ширкат мекунанд. Ҳамингуна дар он феҳраст бародарону хешовандони чанд вазири дигари озарӣ ва дастгоҳи раёсати ҷумҳур низ ҳастанд.