Маъмулан дар интихобот шаҳрвандони Амрико мувофиқ ба ҷойи зисти худ овоз медиҳанд. Ва аммо агар як сол бештар дар ин ё он аёлот зиндагӣ карда бошанд, макони овоздиҳиашон онҷо хоҳад буд.
Қабл аз интихобот ба ҳар як шаҳрванд махсус лифофа фиристода мешавад, ки дар он варақаи овоздиҳӣ ва китобчае, ҳаст ки дар бораи ҳамаи овоздиҳандаҳо маълумоти мушахас медиҳад. Шаҳрванд варақаро пур мекунад ва рӯзи интихобот онро ба маркази интихобот месупорад.
Ҳузури баробари ҳизбҳо дар ҳавзаҳо
Одатан овоздиҳӣ дар Амрико 3 ҳафта қабл шурӯъ мешавад ва рӯзи интихобот чун рӯзи ахири ин маъракаи сиёсӣ маҳсуб меёбад. Дар ҳавзаҳои интихоботӣ бошад, намояндаҳои ҳамаи ҳизбҳо баробар ба кор ҷалб мешаванд. Ва онҳо дар ҳамкорӣ ба ҳамдигар барои ҳисоб, ё қабули овоздиҳандаҳо ё дигар корҳои ташкиливу баргузории интихобот ҳамкорӣ мекунанд.
Маъмулан дар Тоҷикистон ба ин кор устодони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ё донишгоҳҳо ҷалб мешаванд, ки онҳо коркунони ҳукумат маҳсуб меёбанд. Аммо ин намояндаҳои аҳзоб, ки дар баргузории маъракаи интихоботӣ ҷалб шуда буданд, наметавонанд ба овоздиҳандаҳо дар тағйири андешаашон таъсир гузоранд. Шаҳрвандон низ ба ин имкон намедиҳанд. Зеро мустақилона овоз додан, як навъ нишони ихтиёрии онҳост ва ҳеҷ кас намехоҳад, ки нафаре ба ҳудуд ва мустақилияти онҳо дахолат кунад.
Аммо он шаҳрвандоне, ки дар хориҷи кишваранд ва ё дар хизмати аскарӣ, ба онҳо таввасути емайли электронӣ варақаи райъдиҳӣ фиристода мешавад ва онҳо ин варақахоро пур мекунанд ва таввасути нома мефиристанд.
Дар Амрико барои нафароне, ки дар беморхона бистарианд ва ё барои афроди маълул, ба мисли Тоҷикистон гурӯҳҳои саёр амал мекунанд, ки ба наздашон барои овозгирӣ мераванд. Ҷолиб ин аст, ки барои нобиноён ҳам бюлетенҳо бо хатти брайн омода шудааст.
Бо дидани ин варака саҳнаи интихоботи ахири парлумонӣ дар Тоҷикистон, пеши назарам омад, ки дар яке аз ҳавзаҳои интихоботӣ ба шаҳрвандони русзабон, варақаҳои тоҷикиро медоданд ва онҳо матни онро дарк намекарданд аз масъулини интихобот кӯмак мехостанд.
Маъракаи тарғиботии номзадҳо
Як фарқияти интихоботи Амрико аз Тоҷикистон дар он аст, ки дар рӯзи интихобот ҳам номзадҳо таввасути телевизион худро тарғиб мекарданд. Ва одатан дар ин барномаҳои тарғиботӣ онҳо низ ба ин ё он мушкили ҷомеъаи худ ишора намуда, пешниҳод мекарданд, ки дар сурати ғолиб омадан, ба ҳалли он мусоидат хоҳанд кард.
Барои ман низ ин суол қолиб буд, ки оё онҳо низ ба овоздиҳандаҳо ваъда хоҳанд дод ва бо ҳамин дигар беному нишон мешаванд. Ба ман фаҳмониданд, ки ин номзадҳо дар асоси кӯмак ва мусоидати молии созмонҳои ҷамъиятӣ дар маъракаи интихоботӣ иштирок мекунанд. Ва агар ғолиб омаданд, барномаҳои онҳоро ин созмонҳои чамъиятӣ маблағгузорӣ мекунанд.
Мардуми Аризона маъмулан тарафдори ҳизби ҷумҳурихоҳ ҳастанд. Ба андешаи аксари онҳо, ҳар кас дар зиндагӣ бояд комилан мустақил бошад ва касе набояд чи гуна зистанро ба онҳо талқин кунад. Ба ақидаи ин гурӯҳ, ҳар кас бояд сарфи зиндагии худро худ пардохт кунад, замони пириашро андеша кунад ва давлат барои ин муввазаф нест.
Давлат бояд барои зиндагии хубу арзанда доштан бояд замина ва шароит фароҳам оварад. Аз ин назар, ашхоси калонсол андешаҳои худро бо ҳизби ҷумҳурихоҳ, ки бештар ба масоили дохилӣ таваҷуҳаш равона шудааст, мувофиқтар медонанд. Аммо андешаҳои ҳизби демократ бештар ба мардуми камбизоат писандтар аст, ки кӯшиш дорад бимаи тибиро барои ҳама дастрас кунад ва зиндагии онҳоро каме осонтар.
Аммо боқи мондани мушкилоти иктисодӣ, дар тули ду соли раҳбарии Обама, тарафдорони ӯро коҳиш дод. Бояд гуфт дар Амрико касе расман шомили ин ё он ҳизб нест. Одамон мувофиқ ба вазъ ва сифати кори ҳизб андешаҳояшонро иваз мекунанд ва қарор мебароранд, ки тарафдораш бошанд ё не. Ин аст, ки вазъи бетаъғири бӯҳрони молӣ ва коҳиши ҷойҳои кориро мисол оварда аксарият ба он боваранд, ки курсиҳои бештари сенаториро дар конгресс ҳизби ҷумҳурихоҳ хоҳад гирифт.
Рақобати демократҳо ва ҷумҳурихоҳон
Феълан 59 курсии сенат дар ихтиёрии ҳизби демократ ва 49 курси дар ихтиёри ҳизби ҷумҳурихоҳ. Аз баски президант дар Амрико ваколатҳои маҳдуд дорад ва бидуни ҳамкорӣ бо Конгресс наметавонад ағлаби барномаҳояшро амалӣ созад, мардум бо ин тариқ мехоҳанд як навъ фазои рақобатро фароҳам оваранд.
Дар Аризона дар маркази интихобот, ҳузури ҷавононро нисбат ба интихоботи раиҷумҳурӣ фаъол арзёбӣ накарданд. Аммо бо ҳар ҷавоне, ки дар донишгоҳи аёлоти Аризона, бахши журналистика вохӯрдаму сӯҳбат кардам, онҳо гуфтанд ҳамин ҳоло аз райъдиҳӣ омадаанд. Барои фаъол шудани ҷавонон дар интихобот ба гуфти худи онҳо нақши сомонаҳои иҷтимоии интернетӣ муҳим аст.
Аҷиб ин аст, ки назари ҷавонон аз калонсолон комилан фарк мекунад. Агар калонсолони аризонаи солҳои тӯлони тарафдори ҳизби ҷумҳурихоҳ буданд. Ҳоло бисёре аз ҷавонон ба тарафдории ҳарду ҳизб овоз додаанд. Барои мисол, агар барои раҳбарии аёлот намояндаи ҳизби демократро интихоб карда бошанд барои ишғоли курсиҳои конгресс ҳизби ҷумҳурихоҳро ва ё баръакс.
Онхо мегӯянд чунин муносибат дар оянда ба аз миён рафтани чомеъахои суннатӣ (консерватив) ё як ранг андеша сабаб хоҳад шуд ва то андозае барои гуногунандешии дигар ҷомеаъахои аёлот ё шаҳрҳои Амрико сабаб мегардад.