Ҳанифа Мавлонова- ҳунарманди маъруфи тоҷик, яке аз чеҳраҳои тобноки мусиқии касбӣ, тибқи васияти худи ӯ дар ҳамдастии сафорати Тоҷикистон дар Руссия ва вазорати фарҳанги Тоҷикистон, аз Маскав ба Душанбе оварда шуд ва баъди баргузории маросими хайрбод бо ӯ дар бинои театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, дар қабристони Сариосиё ба хок супурда шуд.
Ҳанифа Мавлонова ҳанӯз дар айёми навҷавонӣ, дар солҳои 50-60-уми қарни гузашта, бо садои ширину марғуладораш дар зодгоҳаш ноҳияи Конибодоми вилояти Ленинободи вақт шӯҳрат пайдо кардаву баъдан мактаби мусиқии касбии овозхони опера ва симфонияро дар Маскав хатм кардаву ба Душанбе баргашт ва солҳои зиёд дар театри опера ва балети ба номи устод Садриддин Айнӣ кор кардааст.
Арияву операҳои бастакорони ҷаҳониву ватаниро дар саҳнаҳои бузурги кишвари худ ва Русияву дигар ҷумҳуриҳо иҷро карда шунавандагонро мафтун кардааст. Марҳум Ҳанифа Мавлонова дар сароидани сурудҳои классикӣ ва мардумӣ низ маҳорати хубе доштааст.
Таронаи «Ҷон акаҷон ҷангам макун...», ки бо ҳунарманди машҳур Рафаел Толмасов иҷро кардааст ва даҳҳо дигар таронаҳои мардумӣ ва клосикӣ бо садои ӯ дар хазинаи тиллои маҳфуз аст, ки акнун моли таърих аст.
Шамсиддин Низомов саркоргардони теаатри опера ва балети ба номи С. Айнӣ, дар сӯҳбат бо РО, гуфт, Ҳанифа Мавлонова аз қабили ҳунармандоне буд, ки ҳанӯз дар ҳамон солҳои шӯравӣ, ки низоми тотолитарӣ кам иҷоза иҷрои шеъру таронаҳои ватандориву ифтихори миллиро дар саҳнаҳои театр, кино ва консертҳо медод, таронаҳоеро ба монанди «Ватанам», «Тоҷикистон кишвари ман», «Диёрам», ва «Ман аз Шарқи Озодам»ро сурудаву тараннуми ватани худ Тоҷикистонро кардааст.
«Вақте бо оҳанги симфонӣ ва ё оркестри асбобҳои халқӣ Ҳанифахон суруди «Ман аз шарқи озодам»-ро бар матни Боқӣ Раҳмизода месароид, дили касро фараҳу шодӣ ва ё ҳисси неки ватандорӣ пур мекард ва чунин тасаввур мекардед, ки тамоми марзу буми сарзамини азизи худ Тоҷикистонро баробари садои ӯ ба оғӯш мегирӣ. Ҳанифахон ҳамчун як духтари ҷавони тоҷик дар саҳнаи тетри Кремл солҳои 70- ум арияи Иван Грозниро иҷро кард, тамоми зал ба по хест ва кафкӯбӣ кард. Қаду қомати зебо, чеҳраи дилкаш ва ҳаркатҳои саҳназеб дошт раҳматӣ. Воқеан садои хубу тиллоӣ доштанд он кас. Рӯҳашон шод бод!»
Яке аз ҳамкорон ва шогирдони Ҳанифа Мавлонова, Бурҳон Муҳаммадқулов аз ин бонуи ҳунар чунин ёдовар шуд.
«Дилбастагии маро ба перасароӣ устодоне ба монади Ҳанифа Мавлонова, Шоиста Муллоҷонова ва Аҳмад Бобоқулов зиёд карданд. Ман ифтихор мекунам, ки бо ин устодон, хусусан Ҳанифа Мавлдонова ҳамкорӣ кардаам. Он кас дар институти санъат дарс медоданд, профессор буданд».
Дӯстону ҳамтоёни Ҳанифа Мавлонова ёдовар мешаванд, ки солҳои 60- 70-ум, дар миёни занони овозхон, ду овози тиллоӣ будааст, яке овози Шоиста Мулллоҷонова ва дигарӣ садои Ҳанифа Мавлонова
Феълан дар театри Опер ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва консерваторияи милии Тоҷикистон як идда ҷавоне кору таҳсил доранд, ки мактаби овозхонии ин ҳунармандонро аз худ мекунанд ва идома медиҳанд.
Хонуми Шарофат, овозхони театри опера ва балет мегӯяд овози ширадори Ҳанифа Мавлонова ӯро мафтун кардааст ва ӯ барои омӯзиш маҳз сабки ӯро интихоб кардааст.
«Ба фикри ман садои ӯ нотакрор буд ва ман дигар чунин овозу иҷроро во нахӯрдам».
Ва хонум Шарофат таронаро аз Ҳанифа Мавлонова бо номи «Лутф фармоӣ» хеле динишину зебо замзама кард:
«Чӣ мешуд лутф фармоӣ,
Қадам монӣ ба даргоҳам,
Диламро шод бинмоӣ.
Шави аз ҳолам огоҳе...
Шогирди дигари ин мактаб, ки худро Шӯҳрат Сафаров ном бурд, мегӯяд бо сабку мактаби овозхонии Ҳанифа Мавлонова дар чанд фестивалҳо ва озмунҳои байналмиллӣ ширкат кардаву сазовори истиқболи гарми мардум ва ҷоизаҳо гаштааст.
Мо порае аз сӯҳбати шодравон Ҳанифа Малоноваро аз хазинаи тиллоии радиои Тоҷикистон пайдо кардем, ки мегӯяд:
«Ман хуб дар ёд дорам, ки дар як сӯҳбати хусусӣ, устод Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров аз Фазлиддин Шаҳобоб дархост карданд, ки ба зудтарин фурсат «Шашмақом»-ро ба нотта дароварда омӯзиши онро ба шогирдони донишгоҳи санъат шурӯъ кунанд ва дар ҳамон сӯҳбат як шеъри худро устод Айнӣ ба ман доданд, ки оҳанг баставу сароям ва ман чунин кардам»
Муҳаррама Шарифова, овозхони ансамли «Дарё»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон гуфт, ӯ дуои Ҳанифа Мавлоноваро ҳамчун устод ва пири касбу кор гирифтааст ва аз ин хотир худро хушбахт меҳисобад.
«Як рӯз бо мошин мерафтам, ки дар истгоҳ устод Ҳанифа Мавлоноваро дидам, ки нишастаанд. Ман мошинро нигоҳ доштаву фаромадам. Салом додам. Гуфтам маро шумо нашинохтед устод, вале ман шуморо хеле дӯст медорам ва орзу дорам, ки ягон суруди шуморо сароям. Устодро то пеши дари Тетри Опера ва Балет бурдам ва он кас мисли модарам дастонашонро баланд бардошта маро дуо доданд. Ман аз вазорати фарҳанги кишвар миннатдорам, ки васияти онкасро ба ҷо оварда тобуташонро ба ватан овардаву гӯронидаанд.»
Ин буд азизон, ёде аз ҳунрманди маъруфи тоҷик шодравон Ҳанифа Мавлонова ва нигоҳе ба роҳи тайкардааи ӯ дар санъати касбии тоҷик ва нашқи муаасири ӯ дар рушди он. Ва бо тамманои он, ки сабку мактаб ва таронаҳои Ҳанифа Мавлонова пойбарҷо ва мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор дошта бошад ва ҷавонони ҳунарманд ҳамеша талабгори дуои чун ӯ устодон бошанд ва бо ин дуо, ки рӯҳашон шод ва манзили озхираташон обод бошад.