Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи сарнавиштсози Конгресси Амрико


Шаҳрвандони Амрико рӯзи душанбе дар интихоботе ширкат хоҳанд кард, ки ба бовари бештари нозирон, тавозуни нерӯҳоро дар Конгресс комилан тағйир хоҳад дод. Бештари шаҳрвандони Амрико рӯзи 2 ноябр ҳамчунин волиҳои аёлатҳоро интихоб мекунанд.

Баъд аз интихоботи соли 2008-ум демократҳо раҳбарии Кохи Сафед ва назорат аз болои ҳарду палатаи Конгрессро дар ихтиёр доранд. Назарпурсиҳои ахир ҳокӣ бар онанд, ки ҷумҳурихоҳон бештари курсиҳои Маҷлиси намояндагонро соҳибӣ хоҳанд кард ва онҳо аз имкони қабули қонунҳо бархурдор хоҳанд шуд. Дар Сенат, бар пояи пешгӯиҳо, демократҳо бештари курсиҳоро ҳифз хоҳанд кард.

Аз нигоҳи коршиносон, шурӯъ аз соли 2008, ки раисиҷумҳур Барак Обама ва аъзои ҳизби демократ дар пояи умедҳои шаҳрвандон барои тағйири сиёсати раисиҷумҳури пешин Ҷорҷ Буш ба қудрат расиданд, пирӯзии ҷумҳурихоҳон - бузургтарин таҳаввулоти сиёсӣ дар Амрико хоҳад шуд.

Аз умедворӣ то нигаронӣ

Бо гузашти камтар аз ду сол умедҳо барои берун шудан аз бӯҳрони шадиди иқтисодӣ ба навмедӣ ва нигарониҳо табдил шуданд.

Брюс Каин, коршиноси масоили интихобот ва донишманди Донишгоҳи Барклайи Калифорния мегӯяд, ки дар интихоботи ахир демократҳо қудрати аз ҳад бешро дар ихтиёр гирифтанд ва аз ин рӯ интизороти ҷомеъа низ аз онҳо аз ҳад зиёд буд. Мардум аз он дилсард шудаанд, ки демократҳо ваъдаҳои худро иҷро накарданд.

Ӯ меафзояд, “ба назар мерасад, ки мушкили иқтисод аз пиндори одамони Обама дида сангинтар буд. Онҳо гумон карданд, ки метавонанд тавассути дигар роҳу василаҳо сатҳи бекориро коҳиш диҳанд, ҳарчанд бисёр кишварҳои олам ошкор намуданд, ки ҳалли мушкили иқтисодӣ хело ҳам сангин аст ва сатҳи бекорӣ ҳамчунон баланд боқӣ мемонад. Аз як сӯ гуфта мешавад, ки чораҳои эҳёи иқтисод кофӣ набуданд, аз сӯи дигар, бисёриҳо мутмаинанд, ки ин чораҳо ба самти зарурӣ равона нашудаанд.

Бештари амрикоиҳо дар сатҳи баланд боқӣ мондани бекориро, ки ҳоло тақрибан даҳ дар садро ташкил медиҳад, далели асосии нокомиҳои рӯзгори худ мешуморанд. Дар ҳамин ҳол дар бархе аз бахшҳои иқтисоди Амрико нишонаҳои эҳё ба чашм мерасад ва аммо ҷойҳои нави кор таъсис нашуданд, зеро ширкатҳо бо теъдоди ками кормандон фаъолият карданро омӯхтанд.

Нуфузи Барак Обама коҳиш меёбад?

Як назархоҳии нашрияи Ню-Йорк Таймс ва телевизиони CBS News собит мекунад, ки бисёр амрикоиҳои пуштибони Обама имсол аллакай аз ҷумҳурихоҳон ҷонибдорӣ мекунанд. Бар пояи ин назархоҳӣ, 57 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй изҳор намудаанд, ки омодаанд ба номзад бо таҷрибаи ками сиёсӣ овоз диҳанд. 25 дар сад гуфтаанд, онҳо ба номзаде раъй хоҳанд дод, ки андешаҳои фавқулодда дорад.

Брюс Каин, коршиноси масоили интихобот мегӯяд, ки натои/и интихоботи рӯзи душанбе баёнгари то куҷо муваффақ будани Обама дар ду соли аввали раёсаташ хоҳад буд. Ӯ ҳамчунин ҳадс мезанад, ки дар ин маъракаи интихоботӣ демократҳо ноком хоҳанд шуд ва аммо ин маънои онро нахоҳад дошт, ки Обама дар интихоботи навбатии раёсатҷумҳурӣ дар соли 2012 ширкат нахоҳад кард.

Ба гуфтаи коршинос, ҳизбҳои президентҳои собиқ Билл Клинтон ва Роналд Рейган низ соли аввали раёсаташон дар интихоботи миёнадавраӣ мағлуб шуда буданд ва аммо онҳо дар ду соли минбаъда нерӯе пайдо карда дар интихоботи навбатӣ ҳам пирӯзӣ ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG