Маҳмуд Хоркашев, раиси корхонаи “Қӯрғонтеппагаз”, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ахиран ширкати “Тоҷиктрансгаз” бо ирсоли як нома онҳоро дар бораи тасмими ҳукумат барои интиқоли гази Қизилтумшуқи ноҳияи Румӣ ба ТАЛКО ва корхонаи семент огаҳ кардааст.
Ҷаноби Хоркашев афзуд, ин тасмими ҳукумат баъд аз коҳиш ёфтани ҳаҷми гази ворида аз Узбакистон гирифта шудааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамарӯза то 40 ҳазор метри мукааб гази Қизилтумшуқ ба корхонаи ТАЛКО интиқол хоҳад ёфт. Ин газ тавассути лӯлаҳое кашида мешавад, ки дар гузашта гази Узбакистон аз Душанбе ба водии Вахш интиқол меёфт.
Шикояти сокинони маҳаллӣ
Таҳвили гази маҳаллии Қизилтумшуқ ба корхонаҳои саноатии маркази Тоҷикистон дар ҳолест, ки сокинони Қӯрғонтеппа ва шаҳру навоҳии атроф низ аз қатъи интиқоли он ба манозилашон шикоят мекунанд. Шукурҷон Тағоев, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, бори охир дар хонааш оташи газро дар моҳи июл дида буд:
“Шахсан ман пули истифода аз газро ҳар моҳ дар вақташ месупорам. Лекин се моҳ боз газ надорем. Дар хонаҳои баландошёна баъзан барқ ҳам намешавад, ки зиндагӣ бисёр азоб аст. Мана имрӯз, ки барқ хомӯш шуда буд, газ нест, маҷбур шудем дар кӯча чой ҷӯшонда, набераҳоро хӯронда ба мактаб гусел кунем. Ҳоло ки зимистон омада истодааст, вазъият бадтар мешаваду беҳтар не...”
Ин ҳама дар ҳолест, ки корхонаи «Қӯрғонтеппагаз» мегӯяд, қарзи аҳолии маҳаллӣ барои истифода аз гази табиӣ тақрибан ба як миллион доллар расида, танҳо дар сурати пардохти ҳадди ақалл 50%-и он имкони азсаргирии интиқоли ин навъи сӯзишворӣ ба манозили маскунӣ пайдо хоҳад шуд.
Гази Қизилтумшуқ барои ТАЛКО нокофист
Дар ҳоле ки мақомоти Тоҷикистон аз интиқоли гази конҳои маҳаллӣ ба ТАЛКО хабар медиҳанд, бархе аз коршиносон мегӯянд, ҳаҷми гази кони Қизилтумшуқ барои таъмини сад дар садии ин корхонаи азими саноатӣ нокофист.
Коршиноси масоили иқтисодӣ Қаландар Садурдинзода мегӯяд, агар сифат ва ҳаҷми гази маҳаллӣ қобил ба корандозии ширкатҳои азими саноатӣ мебуд, дар навбати аввал корхонаи тавлиди нуриҳои минералии “ТоҷикАзот” дар шаҳри Сарбанд фаъол карда мешуд, ки дар ду соли ахир бекор “хобидааст”.
Ба иддаои ҷаноби Садурдинзода, гузашта аз ин ҳама, қатъи интиқоли гази табиӣ ба манозили мардуми маҳаллӣ боиси рӯ задани ҳазорҳо мушкили иҷтимоӣ ва мавҷи эътирозҳои сокинон хоҳад шуд. Ба вижа пас аз он ки ояндаи наздик ҷорӣ шудани маҳдудиятҳои мавсимӣ дар интиқоли нерӯи барқ дар назар аст:
“Мардумро аз неъмати табиӣ, ки на моли Узбакистон, балки аз худи мост, ҳоло бебаҳра сохтаанд. Албатта, шароити бегазию бебарқӣ ба сатҳи зиндагии мардум, бахусус бо омадани фасли сармо, таъсири ҷиддӣ хоҳад расонид. Мардум дар гузашта, замоне ки дар сармои зимистон барқ ҳам надоштанду об ҳам дар хонаҳои бисёрқабата набуд, фақат аз ҳамин газ барои таҳияи ғизо ва гарм кардани об истифода мекарданд. Аммо имсол агар вазъ ислоҳ нашавад, эҳтимол аст, ки бемориҳо дар миёни кӯдакон, афроди бемору ниёзманд хуруҷ кунад, кори шифохонаҳо бамаротиб меафзояд, ҳоли мардум бениҳоят вазнин мешавад, мутаассифона, шояд миони маргу мир ҳам рӯ ба афзоиш ниҳад...”
Ваъдаи идораи "Қӯрғонтеппагаз"
Бо ин ҳама масъулини идораи “Қӯрғонтеппагаз” таъкид мекунанд, ки ин мушкили сокинони маҳаллӣ муваққатист, аммо истифода аз гази кони Қизилтумшуқ ҳам барои гардон кардани кори электролизҳои корхонаи алюминиум дар айни ҳол ногузир мебошад.
Коршиноси соҳаи саноат Ҷӯра Рӯзиев низ бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта мегӯяд, фаъолияти корхонаи алюминиуми Тоҷикистон ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мутаваққиф шавад, зеро, фаразан, агар ин муассиса ҳамагӣ 40 дақиқа бидуни барқ монад, ҳудудан 30 миллион доллари амрикоӣ барои рафъи хисорот зарур меояд. Вай афзуд, барои барқарор кардани танҳо як электролизор то 40 ҳазор доллари амрикоӣ бояд масраф шавад, ки ин гуна электролизорҳо дар корхонаи алюминиум беш аз 800 адад аст.