Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО Русияро ба ҳамкорӣ дар Афғонистон мехонад


Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО
Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО

Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО мегӯяд, умедвор аст, ки ин паймони низомӣ ва Русия дар амри ба эътидол овардани авзоъ дар Афғонистон ва ҷанг алайҳи Толибону Ал-қоида ҳамкориҳояшонро тақвият хоҳанд дод.

Ӯ гуфт, ин ҳамкориҳо бояд дар нишасти сарони кишварҳои узви НАТО дар шаҳри Лиссабон, ки дар он Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳури Русия, ҳузур хоҳад дошт, баррасӣ шавад. Ба гуфтаи Андерс Фог Рассмсуссен, ҳамоиши оянда барои Русия ва НАТО аз замони шурӯъи ҳамкорӣ миёни ду тараф ниҳоят муҳим хоҳад буд.

"Оғози тозаи ҳамкориҳо"

Андерс Фог Рассмуссен, дабири кулли НАТО мегӯяд, ҳамоиши сарони кишварҳои узви паймон дар шаҳри Лиссабон «оғози тозае дар ҳамкориҳои миёни НАТО ва Русия” хоҳад буд.

Дар мусоҳибае бо рӯзномаи “Файненшл Таймс” дар рӯзи 26 октябр Андерс Фог Рассмусен гуфтааст, нишасти сарони паймон дар Лиссабон муҳимтарин рӯйдод дар ҳамкориҳои ду ҷониб аст, ки соли 2002 Шӯрои НАТО ва Русияро таъсис доданд. Ӯ афзудааст, Русия ва Амрико аз ҳоло доир ба фурӯши 20 чархболи русӣ барои нерӯҳои амниятии Афғонистон музокирот доранд. Бар изофаи ҳамкориҳо дар заминаи таъмини нерӯҳои афғон ба чархболҳои русӣ, масоили дигари ҳамкориҳои Русияву НАТО дар Лиссабон баррасӣ мешудааст.

Бино ба гузориши рӯзномаи бритониёии “Гардиан”, дар ин нишаст тамрини халабонҳои афғон аз тарафи мутахассисони Русия, кӯмаки эҳтимолии ин кишвар дар амри тамрини нерӯҳои амниятии Афғонистон, ҳамкориҳо дар роҳи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва терроризм, посбонии марзҳо ва роҳҳои муносиби таъмини нерӯҳои НАТО дар Афғонистон баррасӣ мешавад.

Баррасии роҳҳои шимолӣ ба Афғонистон

“Гардиан” аз қавли як дипломати ғарбӣ навиштааст, дар нишасти Лиссабон эҳтимолан дар мавриди ба ихтиёри НАТО гузоштани роҳҳои муносибтари ҳавоӣ ва заминии таъмини нерӯҳояш дар Афғонистон, аз ҷумла аз тариқи қаламравҳои Тоҷикистону Қирғизистон тавофуқ ҳосил шавад. Ин тавофуқ барои НАТО бисёр муҳим хоҳад буд, зеро ҳамлаҳои тундравон ба корвонҳои мошинҳои НАТО дар Покистон, як роҳи аслии таъмини нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон, афзудааст.

Дигар ин ки моҳи гузашта бинобар танишҳо миёни ҳукумати Покистон ва НАТО, давлати Исломобод, гузаргоҳи муҳими марзии Хайбар барои нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистонро муваққатан баст. Русия ҳоло ба интиқоли баъзе аз муҳимоти ғайринизомии нерӯҳои НАТО аз тариқи қаламраваш иҷоза медиҳад, аммо на интиқоли аслиҳаро. НАТО мехоҳад, то Русия ин маҳдудиятро аз миён бардорад.

Анатолий Сердюков, вазири дифоъи Русия гуфтааст, кишвараш мехоҳад, дар Афғонистон ба нерӯҳои ғарбӣ кӯмак кунад, зеро ба гуфтаи ӯ, ихроҷи нерӯҳои эътилофӣ аз Афғонистон вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказиро ба таври ғайри қобили пешбинӣ тағйир хоҳад дод. Аммо Русия дар ивази кӯмакҳояш дар Афғонистон, талабҳои мутақобилае ҳам хоҳад дошт.

Шарти Русия барои ҳамкорӣ

Рӯзномаи “Коммерсант”-и чопи Маскав рӯзи чаҳоршанбе навиштааст, Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия аз НАТО хостааст, то замонат бидиҳад, ки дар қаламрави аъзои нави паймон, нерӯҳои зиёди худро мустақар нахоҳад кард. Ба навиштаи “Коммерсант”, ҳукумати Русия пешнависи созишномаи батафсил дар ин заминаро пешниҳод кардааст, ки он пешнавис дар ҷараёни сафари дабири кулли НАТО ба Маскав дар аввали моҳи ноябр баррасӣ хоҳад шуд. Шарҳи расмие дар ин бора ҳоло аз НАТО нарасидааст.

Иттиҳоди Шӯравии собиқ баъди ҷанги нӯҳсола дар Афғонистон, ки аз соли 1979 то соли 1988 идома кард, 14 ҳазор сарбозашро талаф дод ва дар ниҳоят шикаст хӯрд ва нерӯҳояшро аз он ҷо берун кашид. Бо ин шикасти шармовар ва ҳамчунин сӯхтани ангуштонаш дар Афғонистон, Русия ҳоло мойил ба баргашт ба ин кишвар нест.

Сухангӯи НАТО дар Брюссел гуфт, баргашти нерӯҳои Русия ба Афғонистон аз имкон берун аст ва кӯмаку ҳамкориҳои Руси дар хориҷ аз қаламрави Афғонистон сурат мегирад. Дар нишасти Лиссабон ҳамчунин ин масъала низ баррасӣ мешавад, ки оё НАТО ва Русия метавонанд дар роҳи таъсиси сипари дифоъи мушакӣ дар Аврупо ҳамкориро шурӯъ кунад, ки ҳадафи он сипарро муҳофизат аз ҳамлаҳои мушакие аз кишварҳое ба мисли Эрон хондаанд.
XS
SM
MD
LG