Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ҳафта дар оинаи матбуот


Мавзӯи меҳварии нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта, ҳамоно ҳаводису рухдодҳои водии Рашт боқӣ мондааст. Бештари ин нашрияҳо аз натоиҷи сафари Шукурҷон Зуҳуров ба ин минтақа, ки бо ҳосил шудани созиш миёни мақомот ва фармондеҳони пешини ИНОТ, аз ҷумла Мирзорхӯҷа Аҳмадов анҷом ёфт, матолиб ба нашр расонидаанд.

Барои мисол, ҳафтаномаи «Миллат» таҳти унвони «Тоҷикон дар дуроҳаи интихоб» ҳаводиси шарқи кишварро мавриди арзёбӣ қарор дода менависад, ки арзиши созиши ба даст омада дар Рашт аз сулҳи соли 1997 камтар нест. Муаллиф бо ишораҳо, даст доштани бархе аз омилони нуфузии кишварҳои хориҷӣ ҳатто дар раддаҳои болоии ҳукумати Тоҷикистон дар ин ҳаводисро истисно намекунад ва меафзояд «аммо ҳаводиси шарқи Тоҷикистон сарфи назар аз мақсади тарроҳони он, ҳама гуна интихобро аз гурӯҳҳои сиёсӣ ва мардум салб кард. Танҳо як интихобро барои тоҷикон боқӣ гузошт ва он пазируфтан ва ҳимоят кардан аз идомаи қудрати Эмомалӣ Раҳмон. Зеро ҳар гуна идомаи ҷанг ва хушунат ва табдили қудрат ба маънои аз даст додани андешаи давлати тоҷикӣ аст».

Ҳафтаномаи « Азия плюс» ба таҳлили вазъ дар минтақа пардохта ва аз сӯҳбатҳое иқтибос меорад, ки хабарнгори ин ҳафтанома бо модар ва яке аз муовинони Мирзохӯҷа Аҳмадов анҷом додааст. Ин хабарнигор аз қавли модари Мирзохӯҷа Аҳмадов- фармондеҳи пешини оппозисиюни тоҷик ва Олим Одилов- муовини ин фармондеҳ таъйид мекунад, ки дар ҳоли ҳозир Аҳмадов ва шоҳ Искандаров ҳамроҳи қувваҳои ҳукуматӣ дар амалиёти боздошт ва нобуд кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат дар дараи Камароб иштирок дорад. Модари Мирзохӯҷа аз раҳоии як фарзанд ва наберааш аз боздоштгоҳ изҳори шукргузорӣ кардаааст. Олим Одилов гуфтааст, ки дар ҷараёни музокироти намояндагони ҳокимияти марказӣ бо фармондеҳони ин минтақа, Мирзохӯҷа тақозо кард, ки ҳукумат нерӯҳояшро аз водӣ берун кашад ва ӯ метавонад мустақилона ин гурӯҳҳоро, ки ҳоло паноҳ бурдаанд ошкор ва хунсо созад. Вале дар ниҳоят мувофиқа шудааст, ки ҳамроҳ бар зидди ин гурӯҳҳо мубориза баранд.

Таҳлигари нашрияи «Наҷот» аз ҲНИТ афви размандагони пешини оппозисиюн дар ин ҳаводис аз сӯи ҳукуматро як гоми муфид ва сарнавиштсоз унвон кардаааст. Муаллиф мӯътақид аст, ки миёнии нооромиҳои минтақаи шарқи Тоҷикистон ва интихоботи парлумонии Қирғизистон як навъ иртибот вуҷуд дошт. Хелеҳо бо таваҷҷӯҳ ба натоиҷи интихоботи Қирғизистон интизор доштанд, ки нооромиҳо дар шарқи Тоҷикистон афзоиш меёбад, вале ҳукумат тавонист, ки ин ноамниҳоро ҷилавгирӣ кунад. Он пайкорҷӯён, ки ҳоло дар шарқи кишваранд, бо мусооидати Русия ва аз тариқи қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон ворид шудаанд. Ва агар, ки дар Қирғизистон аҳзоби рӯ ба Русия баранда намешуданд, эҳтимоли афзоиши ташаннуҷи вазъ дар Тоҷикистон вуҷуд дошт, хулоса кардааст ин нашрия.

Зафари Сӯфӣ -сардабири "Озодагон" дар сармақолаи ин нашрия, ки таҳти унвони «Говгум» нашр шудааст менависад мисле, ки ҳоло мо дар як чунин фосилаи рӯз қарор дорем, ки ҳам чиз норӯшан ва хира шудааст. «Ба зоҳир зиндагӣ мисли ҳаррӯзу ҳар вақти дигар идома дорад. Ва ҳатто бархе ҳам аз шикасти як ҳаммилат, ки албатта ҳаммаҳали онҳо нест ба ҳар шакле хушҳолӣ мекунанд. Вақте ин ҳамаро мебинам, дилам беҳузур мешавад».

«Вечерний Душанбе» ба мавзӯе, ки чанд вақти ахир дар маҳофили коршиносӣ мавриди баҳсҳо қарор дорад- яъне ба таври комил ва барои ҳамеша аз байн бурдани ҷазои ҳукми қатл дар қонунзории кишвар рӯ овардааст. Ҳукми эъдом менависад нашрия, аз соли 2004, шаш сол ба ин сӯ моратория эълон шудааст. Ин иқдом Тоҷикистонро дар шумори кишварҳои риояткунандаи ҳуқуқи инсон ва арзишҳои волои мардумсолорӣ ҷо медиҳад, вале беҳтар буд аслан ин банд ва ин навъи ҷазо аз қонунгузории ҷумҳурӣ хориҷ карда шавад. Зеро таҷрибаи баъзе аз кишварҳо нишон додааст, ки онро дубора барқарор кардаанд.

Таваҷҷӯҳи нависандаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» -ро вазъи корхонаҳои хурд ва омилҳову сабабҳои рушди карахти онҳо ва афзун бар ин солтосол коҳиш ёфтани шумори онҳо ҷалб кардааст.Муаллиф аз он изҳори нигаронӣ кардааст, ки корхонаҳои хурде, ки метавонанд барои 15 -20 ва ё шояд сӣ нафар ҷойи кор дуруст кунанд ба мавонеи зиёде мувоҷеҳ мебошанд. Ба назари муаллиф, андозбандии номувофиқ, адами ҳимояти давлат, сарфи назар кардани вижагиҳои маҳаллӣ авомиле ҳастанд, ки имкон намедиҳад ин гуна корхонаҳо фаъолият ва дар иқтисоди кишвар нақш дошта бошанд.

Ва дар охир аз нашрияи «Нури зиндагӣ». Ин нашрия бо ҳунарманди шинохта Сайидқул Билолов сӯҳбатеро таҳти унвони «Мо бояд сензураи маънавӣ дошта бошем» манзури хонанда кардааст. Ин ҳунарманд бособиқа аз он изҳори тааҷҷуб мекунад, ки бархе аз овозхононе, ки ҳанӯз дар муҳити ойилаи худ ношинохтаанд, ситора ва устод хонда мешаванд.Оқои Билолов мӯътақид аст, ки роҳ ёфтани чунин нафарон ва сурудҳои каммазмун ва ҳатто бемазмуни онҳо завқи мардумро паст кардааст. Ӯ мегӯяд дар ҳоле, ки қаблан танҳо як-ду нафар аз ҷумла Одина Ҳошиму Зафар Нозимро устод мегуфтанд, имрӯз «устодон»-и санъат адад надоранд.
XS
SM
MD
LG