Фурудгоҳи низомии Айнӣ, воқеъ дар ғарби шаҳри Душанбе, баъд аз анҷоми таъмири бунёдӣ, дар рӯзи 3-уми сентябр ба сурати расмӣ дубора мавриди истифода қарор гирифт.
Ин фурудгоҳ, ки мансуб ба вазорати дифоъи Тоҷикистон хоҳад буд ва дар замони шӯравӣ бунёд шуда буд ва дар чанд соли пеш тавассути мутахассисони ҳиндӣ бозсозӣ ва муҷаҳҳаз шуд.
Аз фурудгоҳи низомии Айнӣ тамоми намуди ҳавопаймоҳои борбар ва ҷангӣ, бидуни истисно метавонанд истифода кунанд.
Аммо дар ҳоли ҳозир миёни Тоҷикистон ва Русия баҳси ин фурудгоҳ идома дорад. Русия мехоҳад дар чаҳорчӯби аҳдномаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) аз ин фурудгоҳ ба сурати ройгон истифода кунад. Ва ҳавопаймоҳои ҷангандаи мутааллиқ ба пойгоҳи низомии худро дар Тоҷикистон дар ин пойгоҳи ҳавоӣ мустақар намояд. Амре ки Тоҷикистон ба он то кунун мувофиқа накардааст.
Дар навбати худ, бино ба хабарҳои то кунун радднашуда, Тоҷикистон мехоҳад барои истифода аз ин пойгоҳ пардохт дарёфт кунад. Гуфта мешавад, ин масъала дар музокироти ахири руасои ҷумҳури Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Сочӣ низ мавриди баҳсу баррасӣ будааст. Аммо зоҳиран тавофуқе дар ин замина ба даст наомадааст.
Русия барои пойгоҳи низомии худ, ки дар Душанбе ва воҳидҳои он, ки дар Қурғонтеппа ва Хатлон низ мавҷуданд, маблағе пардохт намекунад.
"Гурӯҳҳои мусаллаҳро кишварҳои ҳамсоя пуштибонӣ намекунанд"
Вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ин нишаст дар робита ба вазъи шарқи кишвар гуфт, ҳамтои русаш Сергей Лавров ва низ вазирони хориҷаи Туркманистон ва Қазоқистон зимни сӯҳбатҳои телефонӣ барои ҳалли бӯҳрони амниятӣ дар шарқи Тоҷикистон кӯмакҳои хешро пешниҳод кардаанд.
Оқои Зарифӣ афзуд, ҳамтоёни хешро итминон додааст, ки Тоҷикистон бо нерӯи худ ин бӯҳронро паси сар хоҳад кард.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ҳузури хориҷиён дар сафи гурӯҳҳои мусаллаҳи мавҷуд дар шарқи кишварро таъйид кард, аммо афзуд, ҳеҷ як аз кишварҳои ҳамсояи Тоҷикистон ва қудратҳо пушти онҳо намеистанд.
Ҷаноби Зарифӣ ҳамчунин изҳороти раисиҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов, ки нерӯгоҳи Роғунро тарҳи "аблаҳона" унвон карда буд, беасос хонд. Раисиҷумҳури Узбакистон изҳор дошта буд, ки барои пур кардани ин обанбор кишвари ӯро зарур аст, ки 8 сол камбуди обро аз сар гузаронад.
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон гуфт, кишвараш ин обанборро аз ҳисоби квотаи Тоҷикистон ва дар мӯҳлати 17 сол пур хоҳад кард. Вай афзуд, дарёи Вахш 28 дарсади Амударёро ташкил медиҳад ва ба камшавии об таъсири бузург надорад. Ба хусус, ки ба ҷуз нерӯгоҳи Роғун боз 5 нерӯгоҳи дигар фаъолият мекунанд.