Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олӣ: Парвандаи Искандаров баррасӣ намешавад


Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон
Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон

Додгоҳи олии Тоҷикистон гуфт, қарори Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар бораи истирдоди ғайриқонунии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси зиндонии Ҳизби демократ аз Маскав ба Душанбе далеле барои бозбинии парвандаи ӯ буда наметавонад.

Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъа дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, ҳукми Искандаров бар пояи қонунгузории миллии Тоҷикистон содир шудааст, аммо дар ҳолати пайдо шудани ҳолатҳои нав парванда аввал дар додситонии кул бозбинӣ мешавад ва пас аз он ба додгоҳ интиқол меёбад:

«Имрӯз ба Додгоҳи олии Тоҷикистон пешниҳоди додситонии кулл ворид нашудааст, аз ин рӯ парвандаи мазкур ҳоло дар баррасии додгоҳ нест».

Ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо

Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо моҳи сентябр истирдоди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров аз Русия ба Тоҷикистонро ғайриқонунӣ дарёфта, Маскавро 33 ҳазор евро ҷарима баст.

Мақомоти Русия Муҳаммадрӯзӣ Искандаровро бо дархости мақомоти Тоҷикистон моҳи декабри соли 2004 боздошт ва моҳи апрели соли 2005 раҳо карданд. Аммо баъди чанд рӯз ӯ дубора дар шароити мармуз ғайб зад ва мақомоти Тоҷикистон баъдан дар бораи боздошт ва истиридод шудани ӯ ба Душанбе хабар доданд. Искандаров ҳамон сол ба 23 соли зиндон маҳкум шуд.

"Парвандаи Тавилдара"

Мавзуи дигаре, ки дар нишасти матбуотии раёсати Додгоҳи олӣ матраҳ шуд, ҳукми додгоҳ дар қиболи аъзои гурӯҳи марбут ба Мирзо Зиёев, вазири собиқи ҳолатҳои изтирорӣ, буд.

Додгоҳи олӣ матолиби интиқодии расонаҳо дар бораи ноодилона будани ҳукми 46 нафар аз аъзои гурӯҳи Мирзо Зиёев, вазири собиқи ҳолатҳои изтирории кишвар ва фармондеи нирӯҳои мухолифини тоҷик - маъруф ба "парвандаи Тавилдара"-ро рад кард.

Бобокалон Муродов, додраси ин парванда гуфт, ин як гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ аст, ки барои куштор, ширкат дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, кӯшиши ғасби қударт бо роҳи зӯроварӣ, истифодаи зӯр алайҳи намояндаи ҳукумат, нигаҳдошти силоҳи ғайриқонунӣ ва таслими он ба дигарон муттаҳам шудаанд:

«Ин ҷиноятҳое, ки онҳо содир кардаанд, вазнин ва махсусан вазнин буда, тибқи қонун, ҷазо аз 40 сол зиёд ҳам мешавад. Аммо қонунгузор ҷазои ниҳоиро 30 сол муайян кардааст».

Ҳукми шадид

Расонаҳо баъд аз фирори 25 зиндонии боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ба шумули 9 тан аз «парвандаи Тавилдара», навишта буданд, ки яке аз далоили рӯ ба фирор овардани онҳо ҳукмҳои ноодилонаи додгоҳҳо будааст.

Олга Тутубалина, хабарнигори ҳафтаномаи «Азия-плюс» дар мисоли фарзандони Мирзо Зиёев - Саидаҳмади 26-сола ва Муҳаммадризои 23-сола, ки ба 30 соли зиндон маҳкум шудаанд, мегӯяд, бо он вуҷуд то ба ҳол мақомот собит накардаанд, ки онҳо дар чунин синну сол чӣ тавр тавонистаанд ин ҳама ҷиноятро содир кунанд:

«Тавре дар мо мегӯянд, онҳо аз паси падари худ рафтанд. Ҳамчунин маълум аст, ки онҳо бори аввал силоҳ гирифтанд ва аз он тир накушоданд. Албатта, барои ғайриқонунӣ силоҳ ба даст гирифтан бояд муҷозот шаванд, вале мо намедонем, ки ҳукме, ки додгоҳ баровардааст, одилона аст ё на ва он воқеан ҳам шадид аст».


Дар ҳамин ҳол, Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз парвандаи ҳеҷ як аз зиндониёни фирорӣ ва низ онҳое, ки бо иттиҳоми даст доштан дар норомиҳои ахир дар шарқи Тоҷикистон боздошт шудаанд, ба додгоҳ ворид нашудааст.
XS
SM
MD
LG