Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инқилоби интихоботӣ дар «ҷазираи демократия»


Интихоботи порлумонии Қирғизистон, ки бо рақобати 29 ҳизби сиёсӣ сурат гирифт, дар ниҳоят танҳо ба панҷ ҳизб, аммо бо ҳудуди камтар аз 10 дар сади раъй имкон дод то вориди порлумон шаванд. Мизоне, ки дар ҳеҷ як аз интихоботҳои Осиёи Миёна ва ҳатто кишварҳои собиқи Шуравӣ то ба ҳол ба мушоҳида нарасидааст.

Таҳлилгарон инро нишонаи фароҳамии шароити озоду фазои демократӣ барои баргузори як интихоботи шафоф ва мунсифона унвон мекунанд. Афзун бар ин, интихоботи порлумонии Қирғизистон заминаи қонунии низоми порлумониро дар ин кишвар эҷод кард, ки бесобиқа аст. Бо таваҷҷӯҳ ба интихоботи Қирғизистон, таҳлилгарон мегӯянд дар ҳар вазъ, ҳатто дар шароити пас аз ҳаводиси хунин, имкони баргузории интихоботи шафофу демократӣ дар ин минтақаи дур аз Урупо вуҷуд хоҳад дошт.

"Ангушти ҳайрат"-и нозирон ва таҳлилгарон

Дар пайи барканории Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури Қирғизистон ва ҳодисаҳои хунини Ушу Ҷалолобод дар тобистони соли ҷорӣ, чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин кишвар дӯхта шуд. Аммо интихоботи порлумонии рӯзи якшанбеи 10 октябр дар ин кишвари Осиёи Миёна бештар ҷалби таваҷҷӯҳро ба худ касб кард. Агар ҳаводиси ҷануби Қирғизистон мояи нигаронӣ буд, аммо баргузории интихобот ва натиҷаҳои шумориши раъйҳо ба он сабаб шуд, ки созмонҳои байналмилалӣ ва таҳлилгарону соҳибназарон «ангушти ҳайрат» газанд.

Зеро нахуст мизони ширкати воҷидони шароити раъй ба беш аз 57 дар сад ва аҳзобе, ки вориди порлумон шуданд, пешсафи он танҳо ҳудуди 9 дар сади райъҳоро ба даст овард. Тибқи гузориши Кумиссиюни Марказии интихоботи Қирғизистон, дар интихоботи порлумонии ин кишвар, 29 ҳизби сиёсӣ ширкат карда ва танҳо 5 ҳизб тавонист садди панҷ дарсадиро убур кунад.

Санавбар Шерматова, коршиноси масоили Осиёи Миёна, ки интихоботи порлумониро пайгирӣ карддааст, дар ин замина гуфт:

«Ман дар ёд надорам, ки дар Осиёи Миёна ва ҳамин тавр кишварҳои собиқи Шуравӣ интихоботе шабеҳи Қирғизистон баргузор шуда бошад. Шояд дар Молдова ва Украин то ҷое равандҳои деморкатӣ ба мушоҳида расидаанд, аммо дар маҷмӯъ интихоботи Қирғизистон бесобиқа аст ва ҳатто ҳеҷ мавриде то ҳол набудааст, ки ҳизбҳои роҳёфта ба порлумон камтар аз даҳ дар сади раъйҳоро ба даст оранд. Рақобати солим вуҷуд дошт ва ба ин хотир интихоботи Қирғизистон ба таври демократӣ сурат гирифт».

Бубин тафовути роҳ аз куҷост то ба куҷо


Аммо Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили порлумон, ки ҳизби онҳо собиқаи талхи интихоботи порлумонии моҳи феврал дар ин кишварро доштааст, бар ин бовар аст, ки дар интихоботи Қирғизистон ба истилоҳ он чӣ дар дег буд рӯи кафлез омад:

«Ҳар чӣ ки воқеият буду воқеан дар ин рӯз ба сандуқҳои райъ рехта шуд, ҳақиқати он бармало шуд. Зеро нахуст 57 дар сади воҷидини шароити раъй ширкат карданд, ҳамон чизе буд, ки эътироф карданд. На ин, ки мисли мо медонем, ки мардум он қадар зиёд ширкат намекунанд, аммо эълом мешавад, ки 90 ё 97 дар сад иштирок карданд, чизеро мегӯянд, ки онро мо дар Қирғизистон надидем. Албатта аз интихоботи Тоҷикистон фарсахҳо фарқ мекунад. Чун дар интихоботи Тоҷикистон дар пайи тақаллуб, овозҳо ба ҳизби ҳоким таҳвил мешавад ва эълом мешавад, ки ин ҳизб 80 –90 дар сади райъҳоро ба даст овардааст ҳизбҳои дигар бошад 2 - ву 3, то 7- ву 8 дар сад».

Интихобот дар Қирғизистон пас аз хушунатҳои тобистони соли ҷорӣ баргузор шуд, вале новобаста аз нигарониҳо, мақомот тавонистанд фазои солим ва барои ҳама нерӯҳои сиёсӣ баробарро фароҳам оваранд. Коршиносон инро бештар ба талошҳои ҳукумати нави Қирғизистон ба раҳбарии Роза Отунбоева, ки дар гузашта чунин ваъдаеро дода буд, рабт медиҳанд. Афзун бар ин, ба таъкиди коршиносон - эҳтиром гузоштан ба иродаи сиёсии мардум омили аслии интихоботи озоду демкоратии ин Қирғизистон шудааст.

Демократияи-низоми идеал

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Шокирҷони Ҳаким, муовини раиси ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон, дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна низомҳои худкома рӯи коранд ва ғайриимкон аст, ки онҳо аз интихоботи Қирғизистон сабақе бардоранд. Вай мегӯяд дар ҳоле, ки бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро пеш гирфтаанд ва кишварашро ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ медонанд, бояд аз демкоратия наҳаросанд:

«Барои он, ки кишварҳо аз вазъияти ба амаломада бароянд ва кулли мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳар чӣ зудтар ҳал шавад ва камбудиҳо ислоҳ шаванд, шарти асосӣ ҳаққи интихоб доштани мардум бояд бошад. Пеш аз ҳама будани иродаи сиёсӣ ва бо истифода аз салоҳият ва вакокатҳояш, раиси ҷумҳур, ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар гузаронидани интихоботи демократӣ омода бошанд ва наҳаросанд. Зеро, ки демократия низоми беҳтарин аст ва маҳз халадор гардидани демократия боиси мушанниҷ гардидани авзоъ дар минтақа шуда истодааст».

Суоли матраҳ низ ин аст, ки чаро дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ арзишҳо ва меъёрҳои демократӣ дар раванди баргузории интихоботҳо риоят намешавад. Созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА, ки ба унвони нозир дар интихоботҳо ҳузур пайдо мекунад, шеваи баргузории ин тадобирро интиқод мекунад. Ин дар ҳолест, ки ҳоли ҳозир раёсати САҲА –ро яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва он ҳам Қазоқистон бар ӯҳда дорад.

Чаро арзишҳои демократӣ риоят намешаванд?

Урузбек Молдалиев, раиси Маркази таҳлилии «Садаф» дар Қазоқистон иллати аслии риоят нашудани арзишҳои демократӣ дар интихоботҳои кишварҳои минтақа ва ҳатто дар кишварҳои пасошӯравиро ба худкомагии раҳбарони ин кишварҳо марбут медонад,

«Раҳбарони кишварҳо мехоҳанд то ҳукумати худро ҳифз кунанд ва дар мансаб ба таври расмӣ фаъолият кардани худро аз тариқи порлумонҳои ба истилоҳ « кисагӣ» амалӣ месозанд. Порлумон зоҳиран ҳамчун рукни демократия фаъолият мекунад, аммо дар асл хидматгори хоҷагон - раҳбарони кишварҳо аст. Ин қариб дар ҳама кишварҳои собиқ Шӯравӣ ҳамин тавр аст. Ба ин раҳбарон порлумони мустақил лозим нест, балки барои онҳо порлумони вобаста ба ҳукумат даркор аст».

Чанд моҳи ахир Қирғизистонро ба унвони кишвари риоя кунандаи арзишҳо ва меъёрҳои демократӣ муаррифӣ кард ва аз ин кишвар дар муқоиса ба бақия кишварҳои Осиёи Марказӣ дар заминаи густариши ҷомеаи маданӣ ва демократия ба унвони пешсаф ном бурда мешавад. Як мисоли рӯшане, ки ҳукумати нави Қирғизистон қабл аз интихобот пеш гирифт, берун шудани Роза Отунбоева, раиси ҷумҳури феълӣ аз ҳизбаш буд.

Ин дар ҳолест, ки ҳеҷ раиси ҷумҳур дар кишварҳои Осиёи Миёна ба чунин иқдоме даст назадааст, балки ба таъкиди Саидумар Ҳусайнӣ, раисони ҷумҳури бақия кишварҳо талош кардаанд, ки то дар ҷараёни интихобот ҳамеша пуштибонӣ ҳизбашон бошанд. Вай дар мисоли Эмомалӣ Раҳмон, ки раёсати ҳизби халқӣ - демократиро бар дӯш дорад, мегӯяд:

«Ин гуна, ки раиси ҷумҳур аз ҳизбаш берун шавад ва барои интихоботи шафофу демократӣ шароит фароҳам кунад, дар таърихи кишвари мо то ҳол нашудааст. Балки мебинем, ки дар канори ҳизб истода ва тақаллубҳои зиёде ҳам ба фоидаи он ҳизб сурат мегирад. Чун инҳо ба ин фикр ҳастанд, ки агар як ҳизб ҳоким бошад идорааш осонтар мегардад».


Ҳамакнун бо қабули Қонуни Асосии нави Қирғизистон дар чаҳор моҳи пеш ва баргузории интихоботи порлумонӣ, ин кишвар нахустин гомро барои роҳандозии низоми порлумонӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳамин тавр кишварҳои собиқ Шӯравӣ гузошт. Аммо дар воқеъ Қирғизистон бо баргузории чунин интихоботи озоду демократӣ ва пой гузоштан ба низоми порлумонӣ, метавонад барои дигар кишварҳои минтақа намунаи ибрат бошад?

Оё Қирғизистон ба низоми порлумонӣ омода аст"

Таҳлилгарон омилҳои зиёдеро дар ин робита матраҳ мекунанд. Коршиноси тоҷик Қосими Бегмуҳаммад дар ин замина мегӯяд:

«Агар имконият фароҳам бишавад ва низоми порлумонӣ битавонад ба эҷоди суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ дар Қирғизистон даст биёбад, пас бидуни шакку тартид дигар аҳзоби сиёсии кишварҳои минтақа ба хусус, аҳзоби мухолиф ин шеваро барои кишварҳояшон намуна ва чизи қобили муаррифӣ хоҳанд кард».

Ин дар ҳолест, ки дар авлавият қарор додани порлумон дар ҷомеаҳои худкома ҳамеша аз сӯи соҳибназарон ва ба хусус неруҳои сиёсӣ дар Осиёи Марказӣ матраҳ мешавад. Зеро онҳо бар ин боваранд, ки порлумони мустақил ва он ҳам дорои мудирият, ки ҳукумат зери назараш хоҳад буд, метавонад аз ҳама падидаҳои номатлуби ҷомеа ҷилавгирӣ кунад.

Дар воқеъ барои порлумони Қиризистон, ки тоза аз низову даргирӣ берун шудааст, таъмини суботу амният вазифаи асосист. Аммо бисёриҳо ба ин шак доранд. Чун ба эътиқоди бархе аз коршиносон, дар Қирғизистон ҳанӯз ҳам мубориза барои қудрат вуҷуд дорад ва аз сӯи дигар гурӯҳҳои мухталиф фаъол ҳастанд. Бо таваҷҷӯҳ ба шароити феълӣ, Абахон Султонназаров, раиси минтақавиии Пажӯҳишгоҳи Ҷанг ва Сулҳи Бритониё дар сӯҳбат аз Бишкек гуфт, низоми порлумониро барои ин кишвар ва минтақа созгор намедонад,

«Хуб, дуруст аст, ки давлат порлумонӣ мешавад. Аммо бовар кунед, аз ин метавон бесарусомнӣ ва беназмиро дар дохили порлумон интизор шуд. Аз сӯи дигар, шоҳиди фасод низ хоҳем шуд. Чун ҳизбҳои сиёсӣ, бахусус ҳизби ба қавле ҳоким талош мекунад, то ба хотири қабул шудани лоиҳаи пешниҳодии худ орои дигар ҳизбҳоро бихарад. Низоми порлумонӣ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ он қадар қобили қабул нест. Чун мардум омода нестанд. Барои ин беҳтар аст, то низом дар ин кишварҳо президентӣ ва порлумонӣ бошад».

Ҳамсоякишварҳо дар чӣ ҳоланд?

Ин дар ҳолест, ки ҳоло дар чаҳор кишвари Осиёи Марказӣ, Қазоқистон, Тоҷикистон. Узбакиситон ва Туркманистон низоми президентӣ роиҷ аст ва порлумон низ зери назари раиси ҷумҳур қарор дорад. Ҳарчанд порлумонҳои дупалата дар ин кишварҳо фаъол аст ва ин ба маънии густариши парламентаризм дар ҷомеаи кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад.

Дар Қазоқистон порлумон танҳо аз намояндагони ҳизби «Нур – Отан», ки дар раъси он Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳур қарор дорад, ташкил шудааст.

Туркманистон низ чунин шеваро ҳанӯз аз даврони марҳум Туркманбошӣ, президенти собиқи ин кишвар пеш гирифтааст ва курсиҳои ҳар ду палатаи порлумонро ҳизби Сотсиал – демократ, ба раҳбарии Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раиси ҷумҳури кунунӣ соҳиб аст.

Дар Узбакистон низ чунин низом ҳукмрон аст, аммо ба шеваи демократитар. Зеро панҷ ҳизб ва як гурӯҳи иҷтимоие, ки дар Олӣ Маҷлиси Узбакистон, палатаи поёнӣ ҳастанд, ҳизбҳои давлат маҳсуб мешаванд ва Ислом Каримов, дар ҳар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз тарафи яке аз ин ҳизбҳо ба унвони номзад пешниҳод мешавад.

Аммо дар муқоиса ба дигар кишварҳои минтақа, аз соли 2000 ба ин сӯ ба порлумони Тоҷикистон, намояндагони ҳизби наҳзати исломӣ, яке аз ҳизбҳои мухолиф ба сиёсати давлат низ роҳ ёфтааст. Ҳоло палатаи поёнии порлумон аз панҷ ҳизб ташкил ёфтааст, аммо порлумон комилан дар дасти ҳизби ҳокими халқӣ - демократ ба раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур аст. Зеро дар интихоботи порлумонии моҳи феврал ду ҳизби дигар – аҳзоби кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, ки вориди порлумон шуданд, дар асл ҷонибдори давлат ҳастанд.
XS
SM
MD
LG