Садҳо нафар аз сокинони Тоҷикистон чандест, ба сомонаҳои интернетии Авеста.тҷ, Тоҷнюз.тҷ, Тҷкнюз.сом, Сентразия.ру ва Фарғона.ру дастрасӣ надоранд ва ҳамчунин бархе аз хонандагон аз мушкилҳоедар боз шудани як силсила торнамо ва торнигорҳои дигар хабар медиҳанд.
Замоне ин ақида ҳоким буд, ки пеши роҳи сомонаҳои интернетиро гирифтан номумкин аст. Вале воқеият дар намунаҳои Чин, Эрон, Узбакистон, Туркманистон ва чанд кишвари дигар нишон дод, чашмнорас кардани онҳо барои хонандагон дар қаламрави муайян имконпазир аст.
Тарзу шеваи бастанҳо
Корманди аршади "ВТ Канутерпан", як ширкати амнияти компютерӣ дар Иёлоти Муттаҳида, Брюс Шнейер мегӯяд, бастани торнамоҳо кори мушкиле нест: "Шумо гӯё тирезаро хишт чидаву девор мекунед. Филтре мегузоред, ки аз ворид шудани иттилои муайян ба шабакаи зери дасти Шумо пешгирӣ мекунад. Агар шумо ҳукумат ҳастед, ба ҳамаи ширкатҳои таъминкунандаи интернет дастур медиҳед, ки нишониҳои муайянеро ба шабакаҳои худ роҳ надиҳанд. Вақте одамон он нишониҳоро менависанд, чизе пайдо намешавад."
Дар Тоҷикистон айни ҳамин ҳолат ба миён омадааст. Ғолибан ба ширкатҳои интернетрасон дастури шифоҳӣ дода шудааст. Аммо ба чӣ далел метавон гуфт, ки сомонаҳои муайян амдан баста шудаанд, зеро гоҳо суръати ками интернет низ метавонад сабаби дастнорасии торнамоҳо шавад.
Мудири бунгоҳи хабарии "Авеста", Зафар Абдуллоев, мегӯяд, ин натиҷагирӣ далелҳои фаннӣ дорад. Аввалан, сомона тайи 24 соат дар ду ҳафтаи ахир дар ҳар гӯшае аз ҷаҳон қобили дастрасӣ буд, ба истиснои Тоҷикистон. Сониян, шумораи меҳмонони сомона дар ин муддат коҳиш ёфт ва ин коҳиш дар Тоҷикистон ба миён омадааст. Солисан, агар роҳи мустақим ба сомонаи Авеста.тҷ дар Тоҷикистон бастааст, роҳи давраӣ ба воситаи филтршиканҳо боз мебошад, ки нишон медиҳад, он амдан масдуд шудааст.
Ҷаноби Абдуллоев мегӯяд, ҳамкорони интернетшиноси ӯ, нишонии Авеста.тҷ-ро дар як торнамои ҷаҳонӣ мавриди озмоиш қарор дода, сипас мутмаин шудаанд, ки сомона баста шудааст: "Ин торнамоест, ки дар саросари ҷаҳон даҳҳо пойгоҳ дорад ва аз ҳар кадомаш посух ва гузориш медиҳад, ки оё дастрасӣ ба он мавҷуд аст ё не. Аз ҳамаи нуқоти олам дастрасӣ ҳаст, ба ғайр аз Тоҷикистон."
Мудири бунгоҳи хабарии "Авеста" меафзояд, бо аксари ширкатҳои интернетрасони кишвар робитаи ҳасана дорад ва онҳо дар сӯҳбати хусусӣ гуфтаанд, ки ба истилоҳ "аз боло" дастур гирифтаанд.
Парвина Ибодова, раиси Иттиҳодияи дастраскунандагони интернет дар Тоҷикистон низ ин нуктаро тасдиқ кардааст ва аммо афзудааст, ширкатҳои интернетрасон маҷбуранд, чунин дастурҳоро иҷро кунанд. Дар акси ҳол онҳо мумкин аст, худ баста шаванд.
Ва шеваи шикастанҳо
Хуб, аммо муштариёни ин сомонаҳо чӣ гуноҳ доранд? Чаро онҳо бояд аз дастрасӣ ба пойгоҳҳои дӯстдоштаи худ маҳрум шаванд? Ин ҳам дар ҳоле ки қонунҳои Тоҷикистон ҳама гуна сонсурро манъ мекунанд ва барои ин амал ҷазои ҷиноӣ пешбинӣ шудааст. Хуб, агар Шумо хонандаи ин сомонаҳо ҳастед, бояд чӣ кор кунед?
Брюс Шнейер, корманди ширкати амнияти компютерӣ дар Иёлоти Муттаҳида, мегӯяд: "Бале, ин ҷо найранге ҳаст. Бисёр роҳҳое ҳаст, ки кас метавонад, роҳи худро ёбад. Ин бастанҳо барои афродест, ки начандон пешрафтаанд ва роҳи чапғалатро намедонанд. Пойгоҳҳои проксӣ ё вакил мавҷуданд, ки ба торнамои дилхоҳ ворид шудани Шуморо пинҳон медоранд. Вақте аз тариқи онҳо ворид мешавед, филтрҳо дарк намекунанд, ки аз минтақаи зери датси онҳоед, онҳо ворид шудани Шуморо намебинанд ва роҳатонро баста наметавонанд. Барои ин бояд дар мурургар "web anonymiser tools"-ро навишт ё "web proxis"-ро дар Гугл дид ва шумо ҳама гуна абзори филтршиканро дар он ҷо метавонед пайдо кард."
Шнейер меафзояд, ҳоло торнамоҳо аз нусхаҳои ба истилоҳ, оинаии худ низ истифода мекунанд ва бар замми ин иттилои хешро дар шабакаҳои иҷтимоии назири Фейсбук нусха мекунанд ва аз ин нигоҳ бастани торнамоҳо як иқдоми "қарни санг"-и таърихи интернет аст, ки ба ғайр аз бадномӣ самаре намеоранд.
Мутахассиси интернет дар Тоҷикистон, ки худро Мансур муаррифӣ кард, ба ин ақидаи мутахассиси амрикоӣ мувофиқ аст ва мегӯяд, ҳоло дар Тоҷикистон ҳам чунин донишҳои интtрнетӣ дар байни мардум мунташир шудаанд ва талоши ширкатҳои интернетрасон як кори беҳуда мебошад: "Бубинед, ҳатто кишвари муқтадире монанди Чин натавонист, ба бастани торнамоҳо муваффақ шавад. Бояд дарк кард, ки амалан, ин кор ғайримумкин аст."
Яке аз масъулони торнамои Радиои Фардо, бахши форсии Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Ҷони Хокзод мегӯяд, дар чанд соли талошҳои ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ ба бастани сомонаҳои барояш номақбули интернетӣ, корбарони интернет дар Эрон фарҳанги истифода аз абзори рахна дар филтрҳои давлатиро ба хубӣ аз бар кардаанд. Ба ақидаи ҷаноби Хокзод, дар ҷустуҷӯгари Гугл чандин ҳазор филтршикани бепулро метавон пайдо кард ва бо сармоягузории бунгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида ба хотири дифоъ аз озодии маълумот нармафзори "Freegate" ё "Дарвозаи боз" сохтаву ба истифодаи озодона вогузор шудааст, ки миллионҳо нафар дар саросари ҷаҳон ба воситаи он ҳама гуна филтрҳоро мешикананд.
Ба ҳован об кӯбидан
Аммо сомонаҳои интернетии Авеста.тҷ, Тоҷнюз.тҷ, Тҷкнюз.сом, Сентразия.ру ва Фарғона.ру оё дақиқан бо дастури кӣ ба вуқӯъ пайваста бошад?
Ба ин суоли мо, мудири хабаргузории "Авеста", Зафар Абдуллоев чунин посух дод: "Ба фикри шахсии ман, гумон аст, ки чунин дастур аз президент сар зада бошад. Аслан фикр намекунам, ки вай ба торнамоҳо дарояд ё маводи онҳоро дастрас кунад. Ба эҳтимоли қавӣ, касоне аз дастгоҳи раёсатҷумҳурӣ ё афроде аз идораҳои муайян бо ин роҳ мехоҳанд, нишон диҳанд, ки бо назардошти вазъи кишвар ва ахборе, ки нашр мешавад, коре мекунанд, авзоъ ё соҳаи худро зери назорат доранд. Онҳо мехоҳанд, нишон диҳанд, ки тавони назорат бар авзоъ, аз ҷумла вазъи озодии баёнро доранд."
Ҷаноби Абдуллоев меафзояд, ҳадаф бо назардошти бозтоби рӯйдодҳо дар шарқи кишвар як ҳушдор аст, ки марзи озодии баён ба нуқтаи олии имконпазираш расидааст ва набояд густариши бештар пайдо кунад. Вай мегӯяд, интизор дошт, ки ин навъи ҳушдор ё фишор аз ҳафтае беш идома нахоҳад кард. Аммо дар ҳоле ки он ду ҳафта боз ҷараён дорад, ҷаноби Абдуллоев бар ин аст, ки филтркунӣ ин бор шояд каме дарозмуддат бошад.
Вале Брюс Шнейер, корманди ширкати амнияти компютерӣ дар Иёлоти Муттаҳида, мегӯяд, ҳукуматҳои саркӯбгар ҳоло роҳҳои бастани барномаҳои вакил ё проксиро низ пайдо кардаанд ва ҳарчанд ифшо ва бастани онҳо харҷи бештар металабад, онҳо аз ин талошҳо рӯ наметобанд. Ба ақидаи вай, як навъ сабқати таслиҳотии интернетӣ шурӯъ шудааст, ки бо вуҷуди пирӯзиҳои муваққатии ҳукуматҳои саркӯбгар бо шармсории онҳо тамом хоҳад шуд, зеро иттилоъ чизест, ки бо вуҷуди ҳамаи сангарбандиҳо роҳи худро худаш боз мекунад.