Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як гурӯҳ дар робита ба таркиши Хуҷанд


Додситони вилояти Суғд субҳи чаҳоршанбе дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, ки ниҳодҳои қудратӣ дар ноҳияи Истаравшан, дар ҷараёни як амалиёти густарда гурӯҳи чаҳордаҳнафараеро боздошт карданд, ки дар таркиши бинои раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфта дар Хуҷанд даст доштааст.

Аз макони боздошти ин афроди гумонбар 100 дона тир, силоҳ ва лавозимоти дигари ҷангӣ мусодира карда шудааст.

Юсуф Раҳмонов, додситони вилоят дар бораи шахсияти афроди боздоштшуда иттилоъ надод.

Вале гуфт, ки ин гурӯҳ қасд доштааст, дар иншоотҳои муҳими вилоят ҳамлаҳои террористиро анҷом диҳад.



Ба гуфтаи додситон Юсуфов, амалиёти ниҳодҳои қудратӣ барои боздошти ин афрод шаби сешанбе сурат гирифтааст.

Ахиран Кумитаи амнияти миллӣ дар вилояти Суғд бо пахши як баёния хабар дод, ки субҳи рӯзи 3-юми сентябр Акмал Каримов, зодаи шаҳри Истаравшан ва истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд бо мошини ҳомили маводи тарканда ба саҳни бинои шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои созмонёфта дар шаҳри Хуҷанд ворид гашта, худро мунфаҷир кардааст.

Иттиҳоми бародарон Каримовҳо

Дар баёнияи мазкур ҳамчунин гуфта шудааст, ки дар ин амали террористӣ бо Акмал Каримов бародараш – Фирдавс ва «дигар ҳаммаслаконаш аз Ҳаракати исломии Узбакистон» ҳамдастӣ доштанд.

Дар бораи шахсияти ҳамлавари интиҳорӣ омадааст, ки Акмал Каримов ҳамроҳи бародари дигараш – Илёс дар соли 2009 баъд аз ба гарав гирифтани писари яке аз соҳибкорони Хуҷанд ба хотири рӯёнидани маблағи калон аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иттиҳоми одамрабоӣ таҳти пайгард қарор доштанд.

Раёсати кумитаи амнияти Суғд мегӯяд, онҳо ба давлати Афғонистон фирор карда, то ин муддат дар урдугоҳҳои террористӣ таълим мегирифтанд. Моҳи майи соли равон Илёс дар Афғонистон вақти анҷом додани амалиёти террористӣ боздошт шуда, Акмал ба Тоҷикистон баргашта, дар Хуҷанд пинҳонӣ ба сар мебурд.

Аммо падари вай – Қурбон Каримов, сокини Хуҷанд, корманди собиқадори идораи раҳсозӣ дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, вай писарашро барои содири ҷинояти одамрабоӣ маҳкум карда, баъд аз он бо вай ҳеҷ гуна равобите надошт.

Фарзияи рабти парвандаи раиси бозор рад мешавад

Ҳамин тавр, баъди як моҳи таркиши интиҳории 3–уми сентябр дар саҳни шӯъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта дар Хуҷанд, мақомоти тафтшотӣ аз омилони он ном мебаранд. Ин навбат аз даст доштани сокинони Исфара зикр нарафтааст ва масъулияти ҳамлаи интиҳорӣ мушаххасан бар дӯши гурӯҳи ҲИУ вогузор шудааст. То ин дам миёни мардуми оддӣ аз қавли бархе аз мақомот овозаҳое ҳам паҳн гашта буд, ки ҳамлаи маргталабонаро ба бинои шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта як сокини Исфара анҷом додааст. Бо ин роҳ гӯё вай мехост барои марги писараш дар боздоштгоҳи шуъбаи мазкур ниқор ситонад.

Зимнан, вазорати дохилаи Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали баъди таркиш фарзияе пешниҳод карда буд, нахустин таркиши худкушӣ дар Тоҷикистон кори дасти нафароне мебошад, ки дар куштори Ҳомидҷон Каримов – раиси бозори шаҳри Исфара даст доранд.

Аммо бо ин вуҷуд, баёни фарзияҳои мухталиф дар бораи содиркунандаҳои ин амали ҷиноӣ аз ҷониби мақомот тайи як моҳ дар зеҳнҳо саволҳои зиёдеро ҳам пайдо кардааст.

Коршинос Тилав Расулзода мегӯяд: «Хуб мебуд, мақомоти зидахл номи боздоштшудаҳоро ошкор мекарданд. Зеро ин таркиш мардумро бисёр нигарон кардааст ва мехоҳанд донанд, ки оё омилони он шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд ё кишварҳои хориҷӣ ва аъзои гурӯҳҳои террористӣ, ки барои содири чунинҷиноят ба ватани мо фиристода шудаанд.»

Иқрори яке аз боздоштшудагон

Ба гуфтаи мақомот, яке аз боздоштшудаҳо Фирдавс Каримов, бародари ҳамлавари интиҳорӣ мебошад, ки шабакаҳои телевизионҳои Тоҷикистон боздошт ва суханронии вайро гаштаву баргашта ба намоиш мегузорад.

Аммо нозирони маҳаллӣ мегӯянд, ин ҳам шубҳабарангез аст, ки то анҷоми тафтишот ва ҳукми додгоҳ иқрори яке аз муттаҳамон ба содири ҷиноят батакрор ба воситаи телевизионҳои давлатӣ пахш карда мешавад.

Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мегӯяд, додситонии вилоятӣ нисбат ба дастгиршудагон мутобиқи банди 179 – «терроризм» ва банди 104 – «одамкушӣ» - и Асноди ҷиноӣ парванда боз кардааст ва тафтишоти онро мақомоти амниятӣ пеш мебарад.
XS
SM
MD
LG