Николай Патрушев, раҳбари вақти ФСБ ё Хадамоти амнияти федеролии Русия, ҳанӯз даҳ сол пеш дар бораи ходимони нави ин сохтор ҳамчун “ашрофҳои нав” ёд карда гуфта буд, ки онҳо на ба хотири пул ё даромад, балки ба хотири хизмат ба ватан зери чатри ин сохтор ҷамъ шудаанд.
Муаллифони таҳқиқоти “Ашрофҳои нав: Пажӯҳиши ФСБ дар солҳои 2000-ум” мегӯянд, ФСБ воқеан ҳам ба як ниҳоде табдил шуд, ки ашрофҳои замони навро тарбия ва масунияти онҳоро дар баробари назорати ҷамъиятиву парлумонӣ таъмин кард.
ФСБ дар даврони Путин
Владимир Путин ин хадамотро ба муҳимтарин сохтори давлатӣ табдил дод ва аксари дигар сохторҳои ҷудошударо дар дохили он ҳал кард. Ҳамчунин ин сохтор ҳаққи анҷоми амалиёт дар берун аз хоки Русияро ба даст овард.
Айни замон муаллифони пажӯҳиши тоза мегӯянд, ки дар асл Путин, афсари собиқи КГБ ва нафари нав дар ҳукумати Русия, танҳо ба ҳамин сохтор эътимод мекард ва КГБ ба манбаи аслии тарбияи кадрҳо барои аппарати давлатӣ ва ҳам ширкатҳои тиҷоратии давлатӣ табдил шуд.
Ирина Бороган дар бораи муҳимтарин пайғомҳои ин китоб дар сӯҳбат бо Озодӣ аз Ню-Йорк чунин гуфт:
“Таваҷҷӯҳи асосӣ болои он равона шудааст, ки Путин аз КГБ баромадааст ва ба назари бисёриҳо Путин бахше аз нақшаи ба даст гирифтани қудрат дар Русияи нав маҳсуб мешуд. Дар ҳамин китоб бо таҳқиқи нақши ФСБ ва фаъолиятҳои он мо ба хулосае омадем, ки дар воқеъ чунин набуд. Балки ФСБ такягоҳи ҳукумати нав шуд ва методҳои кори худ, ба мисли ниҳонкориву роздорӣ, бадгумонӣ, талош барои пешгирии ҳама гуна танқидҳову баҳсҳои ошкоро ба мақомоти раҳбарикунандаро ба ҳукумат бор кард. Дар натиҷа ҳамаи ин ба ҷомеа таъсири бад расонда, ҳар гуна баҳсу радду бадалҳои ошкорои миёни гурӯҳҳои сиёсӣ аз байн бурда шуд”.
Дар асл, мегӯянд муаллифони ин китоб, таҳкимёбии ФСБ на бо омадани Путин, балки пештар аз ӯ дар миёнаҳои солҳои 1990-ум шурӯъ шуд. Дар аҳди Путин бахши бозрасониҳои сиёсӣ ба роҳ монда шуд.
Тафовути ФСБ аз КГБ
Муаллифони китоб мегӯянд, таҳлилҳои онҳо собит кардааст, ки дар ҷомеаи Русия низоми сиёсиву иқтисодиро на ходимони собиқи КГБ, балки олигархҳову шахсиятҳое муайян мекунанд, ки роҳи Путинро дар қудрат ҳамвор кардаанд. ФСБ дар ин самт нақши таҳкимбахшандаи ин низомро бозидааст. Вале оё аз назари муаллифони ин китоб тафовути миёни ФСБ ва КГБ дар чист? Андрей Солдатов ба ин савол чунин посух дод:
“Агар нахуст дар бораи шумори ходимони ин сохторҳо фикр кунем, албатта бояд гуфт, ки КГБ-и даврони шӯравӣ як сохтори хеле бузурге буд, чунки Иттифоқи Шӯравӣ бузургтар аз қаламрави Русияи имрӯза будааст. Вале агар баҳои нисбӣ диҳем, мебинем, ки дар баъзе бахшҳо ФСБ аз КГБ дида бонуфузтар аст. КГБ комилан таҳти назари ҳизби коммунист буд. Дар КГБ аз норизоиятҳои органҳои ҳизбӣ бисёр метарсиданд. Масалан, дар оинномаи соли 1959 гуфта шудааст, ки кормандони партиявӣ ҳақ доранд ба шӯъбаи наздиктарини ҳизбӣ аз камбудиҳои кори аъзои КГБ хабар диҳанд. Ҳоло чунин қоида амал намекунад”.
Муҳаққиқонии кори ФСБ-и имрӯзаи Русия мегӯянд, дар шароити мусоиди корӣ ин сохтор ба ислоҳоту тағйирот ниёз надорад. Вале вазъият ингуна аст, ки масалан, қишри миёнаи аъзои он, яъне полковник ва майорҳо ба генералҳо бо шубҳа менигаранд.
Инро аз шикоятҳои зиёди додгоҳӣ дидан мумкин аст, ки дар миёни онҳо ҳатто чандтоаш аз ҷониби додгоҳи аврупоии Страсбург баррасӣ мешавад. Дар муқоиса бо солҳои 1990-ум ва шӯравӣ ин як ҳолати ғайри қобили қиёс аст, мегӯяд Андрей Солдатов.
Гурӯҳбозиҳо дар ФСБ
Муаллифони китоб мегӯянд, ки ҳоло яке аз мушкилоти сахттарини ФСБ ба сиёсати кадрии он вобаста аст. Ирина Бороган мегӯяд, ки дар сохторҳои ин ниҳод гурӯҳбозӣ яке аз ҷиддитарин мушкилот ба ҳисоб меравад. Вай мегӯяд, агар дар хориҷа ҷавонҳо баъди панҷ соли мактаби оливу курсҳои вижа ба кор дар сохторҳои амниятӣ қабул шаванд, дар Русия чунин нест.
Масалан низомиҳое, ки маъмулан бояд панҷ сол дар казармаҳо хизмат карда ба кор раванд, дар амал таҷрибаи зиндагӣ ва иртибот бо ҷаҳони берунро аз даст медиҳанд. Ва дар чунин ҳолати тарсу нигаронӣ аз кору зиндагӣ, мегӯяд ӯ, ФСБ барояшон эътимод ба нафс, ба фардо дода ҳимояти онҳоро таъмин мекунад.
ФСБ ва интихоботи 2012
Вале оё аз назари муаллифони китоб дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2012 ФСБ чӣ нақше хоҳад бозид? Андрей Солдатов мегӯяд:
“Пеш аз ҳама бояд гуфт, ки барои Дмитрий Медведев нақши ФСБ хеле муҳим аст ва вай аз ин сохтор даст кашиданӣ нест. Вайро системаи сохторҳои амниятии даврони Путин, яъне он шароити сиёсие, ки фароҳам омада буду ҳама гуна нирӯҳои ҷиддии мухолифи давлат маҳв шуданд, қонеъ мекунад. Вале айни замон, азбаски ӯ таҷрибаи шахсии кор дар хадамоти махсусро надорад, болои ФСБ зиёд тамаркуз намекунад. Вай бо ҳамин ҳадаф вазорати умури дохилиро истифода мекунад. Яке аз тасмимҳои муҳими ӯ ин буд, ки дар мубориза зидди экстремизм маҳз ҳамин вазорат сафарбар шавад. Дар Русия ин тасмимро чун мубориза зидди норозиён ва нафарони хатарзо ба суботи сиёсии кишвар мефаҳманд”.
Ба андешаи Солдатов, ҳоло масъалаи асосӣ ин аст, ки то куҷо Медведев ва Путин метавонанд ба ФСБ дар интихобот такя кунанд, чунки кор ба ҷое расидааст, ки ин сохтор на аз ҷониби ҷамъият ва на аз ҷониби Кремлин назорат намешавад. Медведев ва Путин намедонанд, ки аз миёни шумори зиёди аъзои ин сохторҳо ба чӣ касоне такя карда метавонанд.