Як мақоми вазорати рушди иқтисод гуфт ки қарори ҳукумат дар мавриди манъи содироти ин панвоъи маҳсулот чанде пеш содир шуда ва масъулияти ҷилавгири аз чунин содирот бар души Кумитаи гумрук вогузор шудааст.
Аммо дар кумитаи Гумрук дар ҳоли ҳозир аз ташреҳи ин қарори Душанбе худдорӣ мекунанд. Яке аз муовинони раиси кумитаи гумрук гуфт: «Мо ҳоло ба тариқи расми ин ҳуччатро нагирифтем ва ҳич хел тафсир дода наметавонем».
Як содиркунандаи умдаи меваву сабзичот ба бозорҳои хоричи Ҷамъияти Тоҷикматлубот аст. Бобохоҷа Гадоев, намояндаи ин ширкат, ба РО гуфт, ки аммо Тоҷикматлубот ба хориҷ гӯшт ё пӯсту пашму чорво содир намекунад: «Мо гов, гушти гов. Пуст пашм содир намекунем.Шояд чунин амал аз сӯи ширкатҳои хусуси сурат бигирад.Фуруши пашм дар ихтиёри вазорати Энержи ва саноӣ ҳаст».
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз сокинони минтақаи Кӯлоб ва Рашт аз он шикоят доранд, ки пашми дар даст доштаи онҳо харидор надорад ва беҳуда нобуд мешавад.
Истиқболи коршиносон аз иқдоми раисиҷумҳур
Ба гуфти бархе аз коршиносон, агарчи Тоҷикистон корхонаи зуби оҳан надорад, вале чанд корхонаи хурди оҳангудозии кучак дар ҳамкори бо Чин дорад ки аз партовҳои оҳан арматура барои сохтмонҳо тавлид мекунанд.
Ҳоҷимуҳамад Умаров иқтисоддони тоҷик гуфт, тоҷирони Афгонистон бебаркаш оҳанпораи дар Точикистон бударо ба Афгонистон ва Чин содир мекунанд ва аз ин бояд ҷилавгири шавад:
«Дар чумҳури чанд корхонаи муштарак бо Чин фаъол аст.ки аз оҳанпора масолеҳи сохтмони тавлид мекунанд. Агар аз содироти оҳанпора ҷилавгири нашавад ин корхонаҳо аз кор мемонанд. Мо корхонаҳои коркарди маъдани оҳан надорем.»
Маҳдудсозиҳо - садд дар роҳи узвият ба СТҶ
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар замоне дар бораи манъи содирот дастур додааст, ки Тоҷикистон барои узвият дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ талош дорад. Бархе аз коршиносон ба ин назаранд, ки ин иқдоми президент дар мулҳақ шудани Тоҷикистон ба ин Созмон монеа эҷод мекунад.
Аммо профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров ба ин иддаоҳо розӣ нест. Вай гуфт: «Ин ба он вобаста аст, ки мо ба ин созмон чи гуна санади ҳусни тафоҳум имзо кардем. Ва чи ваъдаҳо додаем. Ман мутмаин ҳастам, ки дар бораи манъи содироти маводи хоми барои мо зарурӣ миёни ин Созмон ва Тоҷикистон якдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад».
Дар бораи содироти гӯшт ва картошка ба гуфтаи бархе аз коршиносон имкон дорад, бархе аз соҳибкорон чунин маводҳоро ба Узбакистон ва Афғонистон содир кунанд. Барои мисол имкон дорад, картошкаи Айнӣ ба Узбакистон содир шавад.