Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Тоҷикистон ба интихоботи Қирғизистон


Интихоботи порлумонии Қирғизистон пас аз ҳаводиси хунини Ӯшу Ҷалолобод, мавриди таваҷҷӯҳи ҷиддии кишварҳои ҳамсоя қарор дорад. Зеро Қирғизистон дар пайи ин раъйгирӣ нахустин кишвари дорои низоми порлумонӣ дар Осиёи Марказӣ хоҳад шуд.

Тоҷикистон аз баргузории интихоботи порлумонии Қирғизистон истиқбол кард. Давлат Назриев, сухангӯи вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳимоят аз интихоботи порлумонии Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, «Қирғизистон давлати ҳамсоя ва аз шарикони муҳим дар минтақа барои Тоҷикистон аст. Мавқеъҳои мо дар бештари масоили минтақаӣ ва байналмилалӣ ба ҳам шабоҳат дорад. Мо бо Қирғизистон ҳамкории хуб доштем ва дорем. Ҳамеша аз райъи мардуми Қирғизистон ҷонибдорӣ мекунем».

Интихоботи бесобиқа

Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик
Таҳлилгаронро он нукта ба худ бештар ҷалб кардааст, ки давлати Роза Отунбоева, раисиҷумҳури Қирғизистон, тавонистааст интихоботро дар шароити пас аз ҳаводиси тобистони соли ҷорӣ барои ҳама неруҳои сиёсӣ баробар фароҳам кунад. Ба ин далел Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси тоҷик интихоботи Қирғизистонро бесобиқа медонад.

Ӯ мегӯяд: «Интихоботи порлумонии Қирғизистон аз назари фароҳам будани фазои озод ва демократӣ на танҳо барои ин кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ, балки барои кишварҳои собиқ Шӯравӣ, шояд то ҷое ба истиснои кишварҳои соҳили Балтик бесобиқа буд. Зеро ҳукумати муваққати Қирғизистон ваъдаеро, ки баъд аз инқилоби дуввуми моҳи апрел дар ин кишвар дода буд, иҷро кард. Манзур фароҳам намудани шароити баргузории интихоботи озод аст, ки мардум битавонад иродаи худро баён кунад».

Шокирҷони Ҳаким, муовини раҳбари ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон, интихоботи ахири Қирғизистонро бо айни маъракае, ки дар моҳи феврал дар Тоҷикистон гузашт, муқоиса мекунад ва мегӯяд, кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон, ба хусус Тоҷикистон набояд аз демократия биҳаросанд:

«Новобаста аз он, ки Қирғизитстон ҳаводиси хунбореро пушти сар кард, аммо интихобот бо ширкати 29 ҳизбу эътилоф ва дар фазои баробарӣ сурат гирифт. Ба иродаи мардум эҳтиром гузошта шуд. Аммо дар Тоҷикистон чӣ? Дар ҳоле, ки доим дар бораи сулҳу субот ва арзишҳои демократӣ сухан меравад, чун иродаи сиёсӣ вуҷуд надошт ва аз демократияи воқеӣ меҳаросанд, мо дар натиҷаи интихоботи ғайришаффоф дар низоми ҳокимият парлумони яккаҳизбиро ташкил додем».

Нахустин низоми порлумонӣ дар Осиёи Миёна

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегии назди раёсатҷумҳури Тоҷикистон
Пас аз қабули Қонуни Асосии нави Қирғизистон дар моҳи июн ва ҳамин тавр интихоботи рӯзи якшанбе, ин кишвар ба нахустин низоми порлумонӣ дар минтақаи Осиёи Миёна замина гузошт. Аммо то куҷо ин низом метавонад барои ин кишвар муассир ва дар оянда намунаи ибрат барои кишварҳои минтақа бошад?

Сайфулло Сафаров, муовини раиси Маркази мутолеоти стратегӣ, ниҳоди вобаста ба раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, дар посухи ин суол мегӯяд, «албатта кафолати пойдории системаи порлумониро касе дода наметавонад. Дар як ҳолате, ки шахсиятҳои варзида ва фарҳангиву ватандӯст сари минбар биоянд, дар ин сурат сохти порлумонӣ метавонад ҳамчун омили демократӣ нақш бозад. Вале дар ҳолате, ки гурӯҳҳои мухталиф мавқеи ҳизби ҳоким ё пешбарро наметавонанд қабул кунанд, наметавонанд ҷойгузин шаванд, аз ин сабаб ин метавонад як хавфи иловагӣ на танҳо барои сулҳу суботи ҷумҳурии Қирғизистон, балки барои тамоми минтақа гардад».

Тоҷикистон барои низоми парлумонӣ омода нест?

Ҳамзамон Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази мутолеоти стратегӣ, низоми раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишварро, ки 16 сол боз рӯи кор аст, як низоми устувор медонад ва мегӯяд, низоми идории Тоҷикистон шояд бо гузашти даҳсолаҳо тағйир кунад. Зеро, ба таъкиди ҷаноби Сафаров, ҷомеаи Тоҷикистон дар канори бархе дигар аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба пазириши низоми порлумонӣ ҳоло омода нестанд.

Ин дар ҳолест, ки дар пайи истеъфои Раҳмон Набиев, собиқ президенти Тоҷикистон дар сентябри соли 1992, салоҳиятҳои раисиҷумҳур ба раиси порлумон ё Шӯрои олии вақт гузашт ва дар иҷлосияи 16 -уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 1992, Тоҷикистон низоми порлумониро ихтиёр кард ва он ҳам бо вожаҳои раиси Шӯрои олӣ - Сардори давлат.

Вале соле нагузашта боз ҳам Тоҷикистон ба низомӣ президентӣ рӯ овард ва аз соли 1994 то кунун низоми мудирият дар кишвар раёсати ҷумҳурист, ки дар раъси он Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
XS
SM
MD
LG