Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Реҷаи тафтиши шиносномаҳо дар Қурғонтеппа


Эълони реҷаи тафтиши шиносномаҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа ва атрофи он, миёни сокинони маҳаллӣ сару садоҳоеро ба бор овардааст. Иддае мегӯянд, тафтиши хона ба хонаи шиносномаҳо ба хотири кашфи маҳбусони фирорӣ аст ва дигарон бар ин андешаанд, ки ин тафтишот ба ҳаводиси Рашт рабт дорад.

Онҳо мегӯяд мақомот бо ин баҳона гӯё ҳампаймонҳои афроди мусаллаҳи ҷиноятпешаро дар шаҳру навоҳии ҷануби Тоҷикистон ҷустуҷӯ мекунанд.

Низоми шадиди раводид дар Қурғонтеппа

Моҳира Каримова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа мегӯяд, вақте кормандони шӯъбаи умури дохилӣ хона ба хона гашта, шиносномаи шаҳрвандонро тафтиш мекарданд, аз ӯ пурсидаанд, ки оё дар ин авохир чеҳраҳои монанд ба маҳбусони фирорӣ ё одамони шубҳанокро дар наздикиҳои маҳалли зисташон вонахӯрдаанд.

Хонум Каримова афзуд: «Корманди милиса, ки шиносномаи аҳли хонаводамонро тафтиш кард, бо мулоимат ва хушодобона муошират намуда, тавсия дод, ки то ба эътидол омадани авзоъ дар водии Рашт ва боздошти маҳбусони фирорӣ, аз гаштугузори бидуни зарурати шабона дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр худдорӣ намоем. Вай гуфт, ки беҳтар аст баъди соати 8-9-и шом беҳудаву бесабаб кӯча набароем…»

Ҳамзамон Шоҳрухи Азиз, ҷавоне аз ноҳияи Бохтар, мегӯяд, кормандони милиса ба ҳангоми тафтиши шиносномаҳои ӯву пайвандонаш суол кардаанд, ки оё нафаре аз аъзои оилааш феълан дар Рашт ҳастанд ё аз шарқи кишвар дар рӯзҳои ахир дар хонаашон меҳмон доштаанд ё хайр.

Шоҳрух ҳамчунин гуфт: «Милиса ва намояндагон ҷамоат ба хонаҳои мо омаданд ва аз ҳуҷҷатҳои мо пурсиданд, то ки бифаҳманд чанд нафар дар ин хона зиндагӣ мекунанд, оё ҳама сабти ном шудаанд, кӯшиш мекарданд, аз мардум маълумот гиранд, ки оё аз Ғарм рӯзҳои наздик ягон меҳмон буд ё набуд. Фикр мекунам, ин пурсишу санҷишҳо ба ҳамон ҳодисаҳои Ғарм робита дорад. Ба ҳамин хотир шояд ин милисаҳо омада бошанд. Аммо мо, ки дар Ғарм хешу табори зиёд дорем, агар зарурат ҳам ба миён ояд, агар он ҷо вазъият вазнин шаваду онҳо гуреза шаванд, мо дар хонаи худамон ба онҳо барои панаҳбариашон ҷой дода метавонем…»

Шоҳрух мегӯяд, ба ҳангоми реҷаи тафтиши шиносномаҳо аз ҷониби кормандони милиса, ба сабаби пайдо шудани ҳар гуна овозаҳо дар миёни аҳли деҳе, ки дар он зиндагӣ мекунад, одамон аз хонаҳо берун намешуданд. Вай мегӯяд, бахусус шомгоҳон дар кӯча касе дида намешуд ва ҳамагӣ андаруни хонаҳояшон буданд.

Реҷаи тафтиши шиносномаҳо ба ҳодисаҳои Рашт дахл надорад

Ва аммо сарҳанг Дӯстов, сардори шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа, дар як тамоси телефонӣ гуфт, эълони реҷаи тафтиши шиносномаҳо дар чаҳорчӯби нақшаи солонаи фаъолияти ходимони милиса сурат гирифта, набояд боиси тарсу ваҳми сокинони маҳаллӣ гардад.

Ҷаноби Дӯстов афзуд, тамоми кормандони милиса дастур гирифтаанд, дар як шароити орому сокит тафтиши шиносномаҳои сокинони шаҳрро анҷом диҳанд. Вай ҳамчунин таъкид кард, ки ин як чорабинии ба истилоҳ, профилактикӣ буда, ба ҳаводиси шарқи Тоҷикистон ва сарусадоҳо дар мавриди вуҷуди хатар ба амнияти шаҳрвандон ҳеҷ иртибот надорад.

Дар ҳамин ҳол, як масъули раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, ки нахост номаш зикр шавад гуфт, пас аз фирори маҳбусон аз боздошгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ, тасмим гирифта шудааст, ки назорати кори ҳама бахшҳои хадамоти шиносномадиҳӣ дар Хатлон беш аз пеш пурзӯр карда шавад:

«Мо пас аз ҳодисаи фирори 25 маҳбус, дарҳол ба тамоми зерсохторҳоямон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон супориш додем, ки ҳар як шаҳрвандеро, ки қабул мекунед, шахсияташро амиқ омӯзед ва агар барои дарёфти шиноснома муроҷиат шавад, онро ба дасти худи соҳибаш, бо нишон додани дафтари манзили зисташ, ки он ҷо ҳатман дар қайд бошад, бидиҳед. Ин корҳо ба хотири пешгирӣ кардан аз чунин эҳтимол, ки мабодо фирориҳо ва афроди ҷиноятпеша, ки шояд дар мақомот ҳам робитаҳои худро доранд, шиносномаҳои тақаллубӣ ба даст наоранд. Реҷаи шиносномадиҳӣ ҳам аз рӯйи нақша-чорабинии РКД-и вилоят доир шудааст…»

Дар ҳамин ҳол, ҷомеашиносон мегӯянд, реҷаи санҷиши шиносномаҳо, ё ба истилоҳи маъруфи русии «паспортний режим», чуноне таҷриба нишон медиҳад, бидуни зарурати хос анҷом дода намешавад.

Оё зарурате барои ин кор вуҷуд дорад?

Коршиноси маҳаллӣ Сайраҳмон Назриев мегӯяд, ёд надорад, ки бори ахир дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон кай реҷаи тафтиши шиносномаҳо сурат гирифтааст ва сабаби чунин тадбир ҳам чӣ буда:

«Аз он сабаб, ки ҳоло дар минтақаи Рашт вазъият начандон мӯътадил аст ва шояд ба ҳамин хотир «паспортний режим» дар миёни одамон ҳар гуна овозаҳоро ба бор овардааст. Шояд агар барвақттар ҳамин чорабинӣ гузаронида мешуд, ё баръакс, баъди ба эътидол омадани авзоъ дар шарқи кишвар, беҳтар мебуд. Аммо ба ҳар ҳисоб, барои таъмини амнияти мардум ва бехатарии давлат ин чизи хуб аст…»

Коршиносон мегӯянд, бо ин вуҷуд, ки реҷаи тафтиши шиносномаҳо ба хотири таъмини амнияти сокинони маҳаллӣ анҷом мешавад, эълони ин тасмими мақомот бавижа дар пасманзари ҳаводиси водии Рашт, дар зеҳни одамон саволҳои зиёдеро тавлид кардааст.

Ба пиндори соҳибназарон, азбаски бахши аъзами сокинони вилояти Хатлон ба манобеъи дақиқу дурусти ахбор аз шарқи Тоҷикистон дастрасӣ надоранд ва дар ҳавои сару садоҳои мардумӣ рӯз мегузаронанд, ҳар амали кормандони мақомоти интизомӣ дар миёни мардум саволҳои сершуморро ба миён меорад.
XS
SM
MD
LG