Дабири доимии Нобел Питер Энглунд гуфтааст, ки “яке аз мавзӯъҳои муҳими асарҳои вай озодӣ, шӯриш, мубориза зидди ситаму истибдод ва бохту пирӯзӣ мебошад”.
Муаллифи беш аз 30 қиссаву эссе, роману пйессаҳои саҳнавӣ, нависандаи испанизабон Марио Варгас Лиоса гуфт, вақте чил дақиқа пеш аз гирифтани ҷоизаи Нобел ба ӯ аз Шветсия занг зада ин хабарро расонданд, такон хӯрд ва ҳатто бо гузашти чанд соат баъди ин ва пахши батакрори хабар дар телевизиону расонаҳои ҷаҳонӣ ҳам, ҳанӯз ба худ наомадааст.
Ифтихор аз забони испанӣ
Вай мегӯяд, ин ҷоизаро на танҳо чун қадрдонии заҳматҳои худ, балки дар маҷмӯъ ҳамчун арзи эҳтиром ба забони испанӣ арзёбӣ мекунад.
“Дастёбӣ ба ин ҷоиза як хабари хеле хуш аст. Аз лаҳзаи нахустине, ки ман ин хабарро шунидам, фикр кардам, ки ин ҷоиза на танҳо ба хотири қадрдонии шахси ман, балки ба хотири забоне, ки ман ба он эҷод мекунам ва минтақае, ки аз он баромадаам - дода шудааст”.
Марио Варгас Лиоса дар солҳои 1960-ум ба майдони адабиёт чун пайрави равияи модернизму сюрреализм қадам гузошт.
Нависандаҳои номдори дигаре, ки дар ин равия навиштаанд, Хорхио Луис Борхес ва Хулио Картасер мебошанд.
Борхесро асосгузори равияи адабии сюрреализм мегӯянд. Мунаққидони адабӣ мегӯянд, муваффақияти Лиоса ва бархе нависандаҳои дигари Амрикои Лотинӣ дар ин равия аз он ҷо маншаъ мегирад, ки онҳо дар омезиши устураву ривоятҳо ва афсонаҳои мардумони бумии мисли ҳиндуҳо, сиёҳпӯстон ва лӯлиҳои маҳаллӣ бо воқеиятҳои сахти зиндагии имрӯз истеъдоди нотакроре доштаанд.
Лиосаро дар баробари як нақшофарину қаламкаши нодир ҳамчунин дорандаи шеваи моҳиронаи баёни қисса ёд мекунанд.
Муваффақтарин асарҳои ӯ - “Ҷанги охирзамон”, “Хулио-хола ва қаламфарсо”, “Гуфтугӯе дар калисо”, “Сагҳо”, “Қаҳрамонҳо” гуфта мешаванд.
Кирилл Кобрин, хабарнигори бахши русии радиои Озодӣ, ки эҷодиёти Лиосаро омӯхтааст, мегӯяд, қиссаҳои ин адиби испанизабон аз лиҳози сужаву фалсафа ба рӯйдодҳое, ки дар қаламрави шӯравии пешин мегузарад, хеле наздик ва ошно аст.
Вай дар бораи ҷолибтарин асарҳои ӯ чунин гуфт:
“Асари хеле олиҷанобу хандаовари ӯ бо номи “Капитан Панталеон ва ротаи накӯкорон” охири солҳои 1980-ум чоп шуд. Ин қисса дар бораи артиш ва занҳои танфурӯш қисса мекунад, ки барои сарбозон дар шароити ҷанг кӯмакҳо мекарданд. Асари таърихии бузургҳаҷми ӯ, ки на камтар аз 600 саҳифа мебошад, “Ҷанги охири замон” ном дорад. Ин китоб дар бораи шӯриши деҳқонҳо дар Бразилия ҳикоят мекунад, ки дар садри он як рӯҳонӣ қарор доштааст. Дар ин китоб идеяҳои охири замон бо коммунизм омехта шудаанд. Марио Варгис Лйоса нависандаи бомаҳорате аст, ки шеваи баёни хосеро дорад. Ӯро мешавад давомдиҳандаи роҳи Фолкнер ном бурд”.
Худи Лиоса гуфтааст, ки ба эҷодиёти Гюстав Флобер, Эрнст Ҳемингуэй ва файласуфи давр Жан Пол Сатр зиёд пайравӣ кардааст.
Барандаи ҷоизаи Нобел барои тоҷикон низ ошност
Асарҳои Лиоса ба даҳҳо забон тарҷума шуда зимнан, ба кайфияти тарҷумаи русии давраи шӯравии асарҳои вай, ки барои хонандаҳои тоҷик ҳам аз ин роҳ дастрас шудааст, мунаққидон баҳои баланд додаанд.
Александр Богдановский, тарҷумони асарҳои Лиоса дар даврони шӯравӣ мегӯяд, аз шунидани хабари барандаи ҷоизаи Нобел шудани Лиоса хушҳол шудааст.
“Ман Лиосеро бостоннависи зинда арзёбӣ мекунам. Бидуни тардид, вай ба панҷгонаи нависандаҳои барҷастаи асри 20 шомил мешавад. Ин назари ман аст. Ман ду асари калони ӯ ва чанд навиштаҳои хурди вайро тарҷума кардаам. Романе, ки 20 соли пеш тарҷума кардам, “Ҷанги охири замон” ном дорад. Романи хеле хуб аст. Дар асарҳои вай ба таври хеле ҷолиб мероси адабии гузашта бо мушкилоти имрӯз тавъам шудаанд. Бояд таъкид кард, ки ӯ дар чаҳорчӯби равияи модернизм ё навгароӣ хеле бомаҳорат шакли навишт ё баёнро риоя мекунад”.
Ҳарчанд асарҳои Лиоса ба забони тоҷикӣ тарҷума нашудаанд, аммо, ба гуфтаи мунаққидони адабӣ, куллан эҷодиёти нависандаҳои Амрикои Лотинӣ ба олами тахайюли бархе аз адибони барҷастаи имрӯз таъсиргузор будааст.
Ҷӯрахон Бақозода мегӯяд, адабиёти Амрикои Лотинӣ, ки хусусияти сирф миллӣ дорад, якбора дар солҳои 1960-1970-ум аз ҷумла дар шӯравии собиқ шӯҳрат ёфт:
“Яке аз хусусиятҳояш ин аст, ки нависандаҳои Маркесу Кортасараву дигарҳо ривояту афсонаро дар мисоли зиндагии замонавӣ бисёр хуб истифода бурдаанд. Бисёр нависандаҳои Аврупою Амрико ва аз нависандаҳои Осиёи Миёна Чингиз Айтматов ҳамин хусусияти ривоятии адабиёти Амрикои Лотиниро хуб истифода бурданд. Дар адабиёти худи мо, масалан, Ӯрун Кӯҳзод, Саттор Турсун, Баҳманёр таъсири адабиёти Амрикои Лотиниро дар худ эҳсос кардаанд”.
Марио Варгас Лиоса дар Перу инчунин ба ҳайси як сиёсатмадори бонуфуз шинохта шудааст. Вай дар ҷавониҳояш мисли ҳама дигар нависандаву сиёсатмадорҳои маъруфи Амрикои Лотинӣ - дар он шароити қашшоқиву нодорӣ ва ноадолатиҳои ҷомеа аз ақоиди коммунистӣ тарафдорӣ карда бошад ҳам, вале баъд тадриҷан ба самти рост ҳаракат кард.
Нависанда ва сиёсатмадор
Мегӯянд, ба ӯ мавориди зиёди ҳабси дигарандешону мухолифон ва фишор ба озодии баён таъсири амиқ гузошт ва ӯ ба роҳи муборизаи сиёсӣ қадам ниҳода дар таъсиси ҳизби неолибералии Ҷабҳаи демократии Перу саҳм гузоштааст.
Ӯ соли 1990 довталаби курсии раёсатҷумҳурии Перу шуд. Ҳарчанд Лиосе ин рақобатро бохт, вале то охир муборизи риояи ҳуқуқи инсон ва демократия дар кишвараш боқӣ монд.
Зимнан, яке аз муҳимтарин марҳилаҳо дар зиндагиномаи вай бо исми Габриэл Гарсиа Маркес, дигар нависандаи маъруфи испанизабони колумбиягӣ иртибот мегирад.
Мегӯянд, Лиоса аз рӯи эҷодиёти ин нависандаи маъруфи ҷаҳонӣ кори илмӣ навишта яке аз беҳтарин дӯстони Маркес будааст.
Вале тафовути онҳо дар ин буд, ки оқои Маркес то охир аз ақидаҳои чапгароии худ ва пуштибонии Фидел Кастрову инқилоби Куба даст накашид.
Мегӯянд, соли 1976 дар шаҳри Мехико Лиоса ба рӯи Маркес торсакӣ зада бо ҳамин дӯстиашро бо ӯ қатъ кард.
Ҳарчанд то имрӯз сабаби аслии ногап шудани ду нависандаи бузургро касе аниқ намедонаду онҳо ҳам дар ин бора лаб накушодаанд, танҳо тахмин зада мешавад, ки ихтилофи назарҳои сиёсии онҳо ва ё рақобати ду мард барои ба даст овардани дили як хонум метавонист боиси чунин сурат гирифтани кор гардад.
Ба ҳар ҳол, рӯзи панҷшанбе, вақти эълони ҷоизаи Нобел ба Лиоса бархе дидаанд, ки дар шабакаи интернетии "Твиттер" Маркеси -барандаи ҷоизаи Нобелӣ дар соли 1982 гуфтааст: “Акнун мо баробар шудем”.