Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қасди эҳёи дубораи УБОП дар Рашт


Мақомот дар садади таъсиси дубораи Раёсати минтақаии мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорати корҳои дохилӣ ё УБОП дар навоҳии минтақаи Рашт ҳастанд. Раёсати минтақаии мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Рашт соли 2008 мунҳал шуда буд.

Ҳарчанд сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, ки чунин тасмиме ҳанӯз гирифта нашудааст, аммо огоҳони умур дар Рашт мегӯянд, ки тамоми корҳои муқаддамотӣ барои фаъолияти дубораи ин раёсат анҷом шудааст. Аз ҷумла, чанд идора, ба шумули идораи кишоварзӣ аз маҳалли худ кӯч дода шуда ва гуфта мешавад, ки дар ҷои он раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи минтақӣ мустақар хоҳад шуд.

Ин раёсат дар ҳоле дубора эҳё мешавад, ки се ҳафта ба ин сӯ дар минтақаи Рашт амалиёти алайҳи гурӯҳҳои мутшаккили мусаллаҳ идома дорад.

Ин амалиёт ба думболи ҳамла ба корвони Артиши Тоҷикистон дар 19 -уми сентябр оғоз шуд, ки бар асари он 26 нафар кушта ва 15 нафар маҷрӯҳ шуданд. Мақомот масъулияти ин ҳамларо бар дӯши Алии Бедакӣ ва Мулло Абдулло, аз фармондеҳони пешини собиқ ИНОТ вогузор намудааст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар сафи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Рашт зархаридони покистонӣ, чеченҳо ва афғонҳо низ ҳузур доранд.

Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вазорти корҳои дохилӣ дар Рашт дар соли 2008 барҳам дода шуд. Раҳбарии ин раёсатро Мирзохуҷа Аҳмадов аз фармондеҳони пешини мухолифин бар ӯҳда дошт.

Дар соли 2008 дар саҳни ҳавлии ин раёсат дар Рашт ба сурати мармуз Олег Захарченко, фармондеҳи ОМОН ё Дастаи махсуси милисаи Тоҷикистон ба зарби тир кушта шуд.

Кормандони раёсати мубориза бо ҷиноёти муташакил дар Рашт дар гузашта дар саркӯбии чандин гурӯҳи мусаллаҳ дар ноҳияҳои ин минтақа, аз ҷумла гурӯҳи Мулло Абдулло нақши умда доштнд.

Ба назари коршиносон агар Раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфта дар ноҳияҳои минтақа фаъол мебуд, имкон бештари ҷилавгирӣ аз ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳ вуҷуд медошт.

Мирзохуҷа Аҳмадов ба навъе дар ин қазия гумонбар шинохта мешуд. Ба думболи ин ҳодиса, раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи минтақаӣ дар Рашт бар ҳам дода шуд.

Дар рӯзи 23 -юми сентябр алайҳи Мирзохуҷа Аҳмадов низ амалиёти нерӯҳои даватӣ сурат гирифт, вале ин нерӯҳо муваффақ ба боздошти ӯ нашуданд ва ба гуфтаи мақомоти вазорти корҳои дохилӣ, Аҳмадов бо ҳамроҳонаш тавонистааст, ки аз маҳал фирор кунад.

Ӯ аз сӯи мақомот дар паноҳ додани Мулло Абдулло, ки мақомот ӯро дар ҳамдастӣ бо Ал-Қоида ва ҲИУ гумонбар медонанд, муттаҳам дониста мешавад.

XS
SM
MD
LG