Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таблиғгари фарҳанги тоҷикӣ дар Қазоқистон


Сироҷ Раҳимзода
Сироҷ Раҳимзода

Сироҷ Раҳимзода, овозхони навраси 12 солаест, ки дар як гӯшаи тоҷикнишини Қазоқистон ноҳияи Сариоғоч ба дунё омадааст. Бо вуҷуди наврасиаш оҳангу таронаҳои вай борҳо дар шаҳрҳои Алмаатову Остона , Тошканду Самарқанд садо дода дили ҳаводорони таронаҳои мардумиву классикии тоҷикро ба хурӯш овардааст.

Тавре Муҳаммад Раҳимбоев-- падари Сироҷ мегӯяд, ҳанӯз аз сесолагӣ писараш ба мусиқӣ шавқ пайдо кард ва ин шавқу дилбастагӣ ҳамарӯза дар фузун аст.

Дар пайи рушди истеъдод

Вале барои рушди ҳунари овозхониаш ба ҷузъ Бунёд Исоматов омӯзгори мусиқии мактаби миёнаи ба номи Бобоҷон Ғафуров боз Раҳимшо Шодмонов овозхони тоҷики фарғонагӣ таъсири амиқ расонд ва ба гуфтаи Сироҷ ӯро дар роҳи душвори ҳунар раҳнамоӣ кард.

Сироҷ мегӯяд , «он касро падарам аз Фарғона даъват карданд. Ба ман он кас сурудҳои худашону оҳангҳои устод Ҷӯрабек Муродовро омӯзониданд».

Ҳамааш аз он оғоз шуд, ки боре ба хонаи онҳо баъди анҷоми ҷашни арӯсие сарояндаи хушовоз Раҳимшо Шодмонов меҳмон шуд ва чун дар он маҳфил Сироҷ ҳам таронае хонд, он ба овозхони заршинос писанд омад ва тавре Муҳаммад изҳор кард:

«Раҳимшо илтимос карда гуфт, ки Сироҷро ба ман супор , ман ба Фарғона гирифта барам. Аммо ман розӣ нашудам ва аз вай хоҳиш кардам, ки соле як маротиба ба хонаи мо омада моҳе Сироҷро машқ диҳад ва ҳамин тавр ӯ устоди писарам шуд».


Машқҳои пай дар пай бо устод ӯро бо нозукиҳои нав ба нави ҳунари овозхонӣ ошно кард .

Чун худи Раҳимшо шогирди устод Ҷӯрабек Муродов буду бо сабки вай тарона мехонд, ба шогирдаш низ аввал таронаҳои «Модар», «Нонреза» ва дигар сурудаҳои устоди хешро омӯзонд.

Маҳз бо ин таронаҳо вай дар деҳа ва ноҳияи худ шинохта шуд ва ӯро акнун ба ҳар маҳфилу ҷашнҳо даъват мекарданд.

Бори нахуст вай дар 8 солагиаш дар Алмаато тавассути телевизиони Қазоқистон тарона хонд ва писанди тамошобинон гардид.

Баъдан вай дар ҷашнвораи ҳунарӣ дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона ширкат карда, соҳиби ифтихорнома ва ҷоизаи вижа гардид.

Аз ҳунари овозхонии Сироҷи наврас командони бахши тоҷикии телевизиони Ӯзбакистон низ огоҳ гардида, ӯро ба меҳмонӣ хонданд ва садои ширадори ин овозхони наврас дили миллионҳо тоҷикони ӯзбакистонро низ лабрези фараҳ гардонд.

Сафари фаромушношуданӣ

Вале ӯ аз ҳама бештар сафари Самарқандро барои хеш фаромӯшношуданӣ медонад. Зеро ӯ таронаи классикии «Ушшоқи Самарқанд»-ро барои диски видеоииаш дар ҳамин ҷо дар Регистони машҳур хонд.

Ҳамчунин дар ҳамин макони муқаддас ӯ бо чандин шоирони самарқандӣ, ки онон ҳамеша барои тамоми тоҷикон мояи ифтихор буданду ҳастанд, шинос шуд ва дар ин ҷо аз шоир Озод Холиқзода фотиҳаи нек гирифт.

Ҳоло диски видеоии Сироҷ Раҳимзода, ки шомили 11 таронаи тоҷикист, то ба Самарқанду Бухоро, Тошканду Алмаато ва Душанбеву Хуҷанд ва Фарғонаву Остона расида ӯро маҳбуби ҳазорон хонадон гардонидааст.

Акнун ӯро чун овозхони баркамол баробари маҳфилҳо ба ҷашнҳои арӯсиву хатнасур даъват мекунанд, вале ба гуфтаи падараш, Сироҷ бояд машқ кунад ва ҳунари овозхониашро сайқал диҳад ва аз ҳар гуна ҷашнҳои арӯсӣ худро канор гирад.

Садои ошно баъд аз солҳо

Вале дар ҳар сурат падараш натавонист хоҳиши тоҷикони ноҳияи ҳамсояи Ҷеттисойро рад кунад ва иҷоза дод, дар маҳфили онон фарзандаш тарона хонад.

Ӯ гуфт: «дӯстонам аз Ҷеттисой омада илтимос карданд, ки дар деҳаи мо тоҷикон бисёранд ва Сироҷ ба тӯйи мо рафта хидмат кунад.Ман розӣ шудам ва худам ҳам ҳамроҳ рафтам. Вақти сурудхонии Сироҷ бисёриҳо гиря карданд ва гуфтанд, ки бист- бисту панҷ сол боз онҳо суруди тоҷикиро нашунида буданд. Фақат ҳофизони ӯзбак омада суруди ӯзбакӣ мехонданд. Акнун ду- се тӯйи дигарамон ҳаст ба ҳамон ҳам Сироҷро иҷоза медодед, то суруди худамонро шунавем»...

Муҳаммад аз он шод аст, ки писари наврасаш барои пиру барнои Ҷеттисой-- тоҷиконе, ки ташнаи таронаи тоҷикианд, ҳадяи гаронбаҳое тайёр кард ва бо таронаҳояш хотири мардумро шод гардонд.

Аз ин хотир падараш мегӯяд, ки Сироҷ ба андозае қарзи тоҷикии худро дар назди ҳаммиллатонаш адо кард. Вале ҳамаи ин барои овозхони наврас оғози роҳе ба дилҳост.

Ва дар ин роҳ бояд ӯ чун ғаввосе ба баҳри беканори шеъру таронаи тоҷикӣ ғӯта зада аз он дурру гавҳарҳои бебаҳоеро ба даст орад. Ҳоло дар барномаи Сироҷ беш аз 20 тарона ҳаст,ки аз он сетоаш таронаҳои қазоқӣ ва боқӣ ҳама таронаҳои форсӣ тоҷикианд.

Ин таронаҳои мардумӣ, классикӣ ва муосиранд, ки 6-тои онро худи овозхони наврас оҳанг бастааст.

Сироҷ мақсад дорад, ки боз таронаҳои нав эҷод кунад ва фардо баъди хатми мактаб таҳслашро дар Донишгоҳи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода идома диҳад.
XS
SM
MD
LG