Дар ин чемпионат, ки дар ду сол як маротиба баргузор мешавад, 1800 варзишгари наврас аз 56 кишвари ҷаҳон ширкат кардааст.
Ҷавоне бо азми росих ва иродаи оҳанин
Алишер, мегӯяд ба ин мусобиқа бо омодагии вижа сафар карда тасмим гирифта буд, ки бояд бо пирӯзӣ ба ватан баргардад.
Падари Алишер зиёд сигор мекашид, ки ин одати вай ба варзишгари ҷавон писанд набуд, падар бошад қабл аз сафар тасодуфан ба писараш ваъда медиҳад, ки агар соҳиби унвони чемпиони чаҳон гардад, ҳатман аз кашидани сигор даст мекашад:
«Маро падарам гуфтанд, ки чемпиони ҷаҳон шавӣ ман сигоркаширо мепартоям. Ман ҳамин ки чемпион шудаму ба мақсадам расидам, ба падарам занг задам ва гуфтам, ки дада шумо ба фикрам бояд сигоркаширо бас кунед. Падарам ин суханро шунида сигори дар даст доштаашонро шикаста, аз хурсанди ашк рехтанд. Ба ман рости гап сигоркашии падарам писанд набуд. Пайваста дар хона сигор мекашиданд ва ман инро дӯст намедоштам».
Фаёзиддин Аҳмадов, духтури маркази ҷумҳуриявии наркологӣ ва падари Алишер мегӯяд, ҳарчанд барояш аз одати кӯҳна даст кашидан осон нест, аммо чун ба писараш қавл додаст, бояд онро иҷро кунад:
«Душвор аст, кори мо хеле пурфишор аст ва бе тамоку рӯзам осон намегузарад. Аммо вақте ба писарам қавл додам, бояд онро иҷро кунам вагарна ман чихел намуна шуда метавонам? Бинобар ин сигорро партофтам».
Алишер мегӯяд дар ин чемпионати ҷаҳон бо намояндаи чор кишвар дар панҷ давр бе мушкил ва эҳсоси тарсу ҳаяҷон зӯрозмоӣ кардаааст:
«Якум ба намояндаи Русия, ки варзишгараш чемпиони Аврупо буд, ғолиб шудам. Дуюм рақобатам бо варзишгари Булғористон буд ва ӯро 3 бар 0 мағлуб кардам. Дар як чор финал бо варзишгари Маҷористон мубориза бурдам ва ӯро низ бо натиҷаи 3 бар 0 мағлуб кардам. Дар нимфиналӣ бо варзишгари Полша сабқат карда даст боло шудам ва дар бозиҳои ниҳоӣ ба варзишгарӣ Русия пирӯз шудам».
Устодонаш Алишерро варзишгари муввафак меҳисобанд ва мегӯянд вай аз синни 6 солагӣ ба омӯзиши машқи теквандо ва кикбоксинг шурӯъ кардааст.
Алишер меъмори маъруф ҳам шуданӣ аст
Алишер ҳоло дар гимназияи хусусии Тоҷикистон дар синфи нӯҳ таҳсил карда дар ҳайати якачини кишвар оид ба Теквандо ва кикбоксинг машқ мекунад.
Мавриди зикр аст, ки соҳиби унвони чемпиони ҷаҳон шудан аввалин муввафақияти Алишер нест.
Моҳи майи соли ҷорӣ дар Қазоқистон вай ба унвони чемпиони мутлақи Осиё соҳиб шуда, моҳи август барандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон оид ба теквандо дар Минск гардид.
Алишер феълан ба чемпионати Осиё омодагӣ мебинад, ки баъд аз ду сол қарор аст дар Душанбе баргузор гардад.
Аммо бо вуҷуди ин ҳама пешравиҳо вай дар дил муҳабат ба пешаи меъмориро мепарварад ва мегӯяд ба ин низ бовар дорад, ки дар оянда меъмори маъруф хоҳад шуд.