Тарҳи якуми Қонуни забон дар 22-юми июли соли 1989 дар пайи талошҳои як идда аз рӯшанфикрони тоҷик, тазоҳуроти гидиҳамоии ҷавонон ва баҳсҳои шадид дар матбуоти кишвар аз тарафи Шӯрои олӣ ё порлумони вақти кишвар қабул шуда, зимни он ба забони тоҷикии форсӣ мақоми давлатӣ дода шуд.
Ҳамин тағйири замони ҷашнро бархе аз нашрияҳои кишвар як беэҳтиромӣ ба он талошҳо номиданд.
Аз раиси Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик ба номи Рӯдакӣ, Сайфиддин Назарзода, пурсидам, заминаи тағйири Рӯзи забон оё аз нигоҳи эшон чӣ буд?
Инро ҳам бояд ёдрас шуд, ки тарҳи нави қонуни забон, ҳарчанд эътирозҳоеро дар Русия ба вуҷуд овард, бархе аз рӯшангарони тоҷикро қонеъ накард.
Онҳо мегӯянд, дар матни Қонуни аввал номи забон “тоҷикӣ (форсӣ)” сабт ёфта буд. Вале, дар замони ҷанги дохилӣ, дар соли 1994 бо пешниҳоди намояндагони давлат калимаи "форсӣ" аз матни қонун берун карда шуд.
Ин нукта ҳангоми баррасии тарҳи нави қонун яке аз баҳсҳои асосӣ буд.
Намояндагони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар порлумон пофишорӣ карданд, то дубора вожаи форсиро ба паҳлуи вожаи тоҷикӣ баргардонанд, вале ба ин муяссар нашуданд.
Нуктаи дигари мавриди баҳс ҳам он вақт ва ҳам ҳоло зарурати бозгашт ба алифбои форсист.
Аз нависандаи тоҷик, Адаш Истад, ки дар охири солҳои ҳаштодум ва қабл аз тасвиби қонуни забони тоҷикӣ талош кардааст, то дар баробари мақоми давлатӣ додан ба ин забон ҳамчунин масъалаи баргаштан ба хатти форсӣ низ ҳал шавад, пурсидем, назари ӯ ба масъала тағйир кардааст ё бетағйир мондааст?
Имрӯз ба муносибати Иди забони тоҷикӣ раиси ҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон як паёми идона хоҳад дод ва бо гурӯҳе аз рӯшанфикрони тоҷик мулоқот хоҳад кард.
Иттифоқан имрӯз, зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ аст.