Манбаъи ин хабар - Тоҳир Норматов, раҳбари ситоди вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС гуфтааст, бо таваҷҷӯҳ ба захира шудани чунин мавод ҷангиён ғолибан ба зимистонгузаронии тӯлонӣ омодагӣ мегирифтанд.
Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохила дар ҳамин ҳол ба Радиои Озодӣ гуфт, умедвор аст, ба зудӣ як гурӯҳи дигари силоҳбадастон дар Рашт дастгир хоҳанд шуд.Маҳмадулло Асадуллоев аммо хабари ожонсии “Азия Плюс” дар мавриди фуруди садамавии як чархболи нерӯҳои давлатӣ дар маҳалли амалиёт дар ноҳияи Раштро рад кард ва гуфт, ба далели дар рустоҳои аҳолинишин идома доштани амалиёти зидди шӯришиҳо, истифодаи чархбол дар ин амалиёт ғайримумкин шудааст.
Маҳмадулло Асадуллоев ҳамзамон хабари ҷароҳат бардоштани як сарбози дигар аз нерӯҳои давлатӣ дар ноҳияи Раштро низ рад кард.
Аммо тасдиқ ва ё такзиби ин хабарҳо аз манобеъи мустақил ба далели қатъ будани робитаи телефонӣ бо ноҳияи Рашт кори мушкил шудааст.
Гузоришҳо аз даргирӣ дар баландкӯҳҳои Рашт
Хабаргузории ИТАР-ТАСС қаблан дар бораи даргириҳо дар манотиқи баландкӯҳ ва душворгузари ноҳияи Рашт иттилоъ дода буд.
Аммо мақомоти Тоҷикистон ин гузоришҳоро рад мекунанд. Тоҳир Норматов, сардори ситоди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарҳоро бепоя хонд ва гуфт, рӯзи шанбеи 2 октябр дар он минтақа ягон садои тир баланд нашудааст.
ИТАР-ТАСС гуфт, ки даргириҳо дар баландкӯҳҳои дараи Камароб, воқеъ дар қисмати шарқии Тоҷикистон, идома дорад ва мақомоти кишвар гуфтаанд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ аз мухолифони давлат ва зархаридони хориҷӣ иборатанд.
Ёдовар мешавем, ки вазъ дар минтақаи кӯҳдомани Камароб сар аз 19-уми сентябр ноором шуда, даргириҳои ҳукумат бо гурӯҳҳои мусаллаҳ қурбониҳоеро ҳам ба бор овардааст.
Ахиран дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов, ки сафареро дар ҳамин минтақа анҷом медиҳад, ба хабарнигорон гуфт, аз гурӯҳҳои мусаллаҳ талаб дорад, ки оҷилан силоҳ ба замин гузоранд, ё комилан аз байн бурда хоҳанд шуд.
Ҷаноби Азимов ҳамчунин гуфта буд, ки мақомоти Тоҷикистон кишварҳои ҳаводори нооромӣ дарТоҷикистонро мешиносанд ва агар онҳо аз "аъмоли фитнаангез"- и худ даст накашанд, мақомот далели тахрибкориҳои онҳоро ошкор хоҳанд кард.