Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти пайвандони зиндониён дар Душанбе


Субҳи 2-юми октябр дар назди маҳкамаи муваққатӣ, ё СИЗО-и рақами 1-и шаҳри Душанбе падару модароне, ки қисмате аз онҳо иҷозаи Додгоҳи олиро барои дидору мулоқот бо фарзандони маҳбусашон доштанд, ҷамъ омаданд, аммо масъулони маҳкама ба онҳо имкони дидор надодаанд.

Субҳи 2-юми октябр дар назди маҳкамаи муваққатӣ, ё ба истилоҳ, СИЗО-и рақами 1-и шаҳри Душанбе падару модароне, ки қисмате аз онҳо иҷозаи Додгоҳи олиро барои дидору мулоқот бо фарзандони маҳбусашон доштанд, ҷамъ омаданд, аммо масъулони маҳкама ба онҳо имкони дидор надодаанд.

Вақте, бо дархости волидон, гурӯҳи эҷодии радиои Озодӣ ба маҳкамаи муваққат рафт, дар назди бинои он ҳудудан 40 то 50 нафар интизори дидор бо пайвандони маҳбусашон истода буданд.


Манъи дидорбинӣ бо маҳбусон


Маҳбуба Нуралиева, яке аз ҷамъомадагон шикоят кард, ки ҳарчанд се дафъа иҷозаи расмии Додгоҳи олиро гирифтааст, аз фасли баҳор ба ин сӯ наметавонад ба дидори бародараш бирасад.

Вай мегӯяд, масъулони маҳкамаи муваққатӣ бидуни шарҳи сабаб дар анҷоми мулоқот бо бародараш монеъ мешаванд. Бародари Маҳбуба яке аз 46 маҳбуси дигар аст, ки бо ҳукми Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи август ба 30 соли зиндон маҳкум шуда буд. Додгоҳ ин афродро бо иттиҳоми даст доштан дар нооромиҳои шарқи Тоҷикистон дар тобистони соли 2009 ва ҳамдастӣ бо гурӯҳи Неъмат Азизов ва Мирзо Зиёев дар тобистони соли гузашта аз озодӣ маҳрум карда буд.

Пирмуҳаммад Ашӯров, падари яке аз маҳбусони дигар, мегӯяд, тайи ду моҳи ахир барои ӯ ва ақрабояш иҷоза дода намешавад бо писараш дидорбинӣ кунад:

«Мо иҷозаи расмии Суди олиро дорем барои мулоқот бо писарам. Писарам Сафаралиро се моҳ шуд,ки дидагӣ нестем. Вайро, ки узви ягон бандаи ҷиноятӣ набуд, гирифта ба ҳамин гурӯҳи 46-нафара қӯш карданд. Пеш ин масъулони СИЗО баҳона мекарданд, ки карантин аст, баъди 25-ум карантин ҳам тамом шуд, аммо ҳоло ҳам иҷозат намедиҳанд...»

"Манъи дидорбинӣ муваққатист"

Вале Худомон Муборакқадамов, муовини аввали сардори раёсати корҳои ислоҳӣ, ниҳоди масъул ба умури зиндонҳо, мегӯяд, тасмими манъи дидорбинӣ бо зиндониён ба хотири халал наёфтани таҳқиқи парвандаи фирориён гирифта шудааст:

«Ба ҳар ҳол, мо ин масъаларо ба зудӣ ҳал хоҳем кард. Албатта, мо кормандони Раёсати корҳои ислоҳӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ худамон ҳам манфиатдорем, ки маҳбусон ҳар гоҳе бо пайвандонашон, фарзандонашон дидору мулоқот анҷом диҳанд. Ин гуна мулоқотҳо барои ислоҳ шудани маҳбусон, барои худдорӣ кардани онҳо аз такрори аъмоли бад, барои дилгарм шуданашон ба зиндагӣ лозиманд.»


"Бародарам иҷборӣ иқрор шудааст"


Зулфия, зани дигаре, ки низ пушти дари маҳбаси муваққат интизори рухсати мақомот барои дидори бародари маҳбусаш менишаст, гуфт, аз моҳи май инҷониб наметавонад дидори додарашро бубинад. Ӯ иддао дорад, ки бародараш дар натиҷаи латтукӯб ба гуноҳ иқрор кардааст:

«Додарамро Суди олӣ 30 сол аз озодӣ маҳрум кард. Вайро аз даруни хона гирифта бурда буданд. Вай бо Мирзо «Ҷага» умуман сарукор надошт, на инҳо «Ҷага»-ро мешиносанд, на вай инҳоро мешинохт. Вале вақте ки бори охир пеши додарам даромада будам, гуфт, ки ҳамин қадар латукӯб мекунанд, ки куштани Ленинро ҳам ба калла мегирӣ...»

Раёсати маҳбас: Ин иддао бепоя аст

Аммо Худомон Муборакқадамов, муовини аввали сардори раёсати корҳои ислоҳӣ, иддаоҳо дар мавриди латтукӯб шудани маҳбусон ё гумонбаронро дар зиндон ё маҳбаси муваққатӣ бепоя хонд. Ӯ афзуд, иҷозаи дидор бо маҳбусону гумонбаронро танҳо Додгоҳ ва ё муфаттишони парвандаҳояшон дода метавонанд.

Вай афзуд, пас аз ҳодисаи фирори 25 маҳбус аз СИЗО-и Кумитаи амнияти миллӣ, ҳудудан 30 маҳбуси дигар, ки бо иттиҳоми даст доштан дар ҳодисаҳои шарқи кишвар дар соли гузашта ва пайравӣ ба гурӯҳи генерал Мирзо Зиёев роҳии зиндон шуда буданд, ҳоло дар парвандаи марбут ба фирори маҳбусон ҳам ширкат мекунанд. Ҷаноби Муборакқадамов гуфт, то анҷом ёфтани таҳқиқи ин парванда, иҷозаи дидор додан ё надодан бо маҳбусон ба ихтиёри муфаттишон аст.

Масъулони раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлияи Тоҷикистон мегӯянд, дар кӯтоҳтарин фурсат масъалаи дидору мулоқоти афроди маҳбус дар СИЗО-и рақами 1-и Душанбе бо пайвандонашон ҳалли худро хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG