Радиои Озодӣ ба суроғи ситораи саҳнаи театрии даврони шӯравӣ рафт ва аз ӯ тафсилоти бештаре роҷеъ ба ин филм пурсид:
Убайдулло Раҷаб: Ман дар нақши муйсафеди осиёбон бо номи бобои Раҷаб, нақш бозидаам. Муаллифони филм Аброри Зоҳир ва банда мебошанд. Таҳиягари филм Шаҳзоди Раҷаб- хатмкардаи Донишкадаи олии кинои шаҳри Санк- Петербурги Русия мебошад ва ин филмнома кори дипломии ӯст. Филмро дар ноҳияҳои Варзоб, Ваҳдат, Данғара ва Кангурт ба навор гирифтем.
Озодӣ: Муҳтавои филми нав аз чӣ иборат аст?
Убайдулло Раҷаб: Мазмуни асосии филм аз одаму одамгарӣ аст. Аз байн рафтани баъзе расму анъанаҳои миллӣ. То кадом андоза мардум нисбати ҳамдигар беэътибор шудаанд. Ҳатто нисбати табиат, ҳамдигар ва фарзандон. Дар ҳоле, ки дар оянда, шояд мо аз фарзандон робот созем.
Озодӣ: Сабаби аз саҳнаи театр ба саҳнаи кино рафтани шумо чӣ буд? Сину сол? коҳиши илҳоми эҷодӣ ё таъсири сиёсат?
Убайдулло Раҷаб: Шояд, то ҷое гуфтаҳои шумо ҳаққ бошанд. Аммо ҳамаи ҳунармандҳо ҳақ доранд, ки дар саҳнаи кино, театр, мусиқӣ, телевизион ва радио бошанд. Ҳамаи ин, касби ҳунарманд аст. Агар дар ҳамаи ин чизҳо муваффақият пайдо кунад, пас чаро ӯ накунад? Ҳунарманд нутқ дорад ва ягона яроқи асосиаш ҳунару суханаш аст. Агар мутриб бо асбобаш фикрашро баён кунад, ҳунарпеша бо суханаш ин корро мекунад. Яъне ӯ барои худаш ҳам сухан меофарад ва ҳам нақш мебозад. Кино ҳам саҳнаи ҳунар аст.
Озодӣ: Вале ба ҳар сурат ҷаззобияте, ки шумо дар саҳнаи театр дошт дар кино ба даст оварда натавонист ва мардум мехоҳанд, ки шуморо дар асли худ, яъне дар театр бинанд ва хотираҳои фаромӯшшудаи худро дубора зинда намоянд. Ё не?
Убайдулло Раҷаб: Ман ҳам ба хотири ҷаззобият аз театри академии драмавии ба номи номи Абулқосим Лоҳутӣ ба театри минётурии «Ойина»-назди шаҳрдории Душанбе омадам, ки инҷо худамро хубтар нишон диҳам. Ба мардум ва мухлисони хеш наздик бошам. Вале мутаассифона шароит дигар шуд.Ҷомеъа тағийр ёфт. Имрӯз барои як саҳна ва намоишро сохтан маблағи зиёд даркор. Ва он маблағе, ки имрӯз барои намоишномаҳои мо ҷудо мешавад, танҳо ба маошамон мерасад. Имрӯз тамоми театр ин аҳволро дорад.
Озодӣ: Ба ҳар сурат мухлисон мехоҳанд, ки шуморо дар саҳнаи театр бубинад ва ман ин нуктаро аз хоҳишҳои шунавандагони Озодӣ медонам.
Убайдулло Раҷаб: Дили ман ҳам ба тамошобини саҳна месӯзад. Вале, шумо аз фаъолияти эҷоди мо хабардор нестед. Он намоишномаҳои калоне, ки дар ҷумҳурӣ доир мешаванд, ки мекунад? Онҳо кори эҷодии мо аст. Кори душвор аст. Тариқи ин намоишномаҳо ба мардум фаҳмонидем, ки Тоҷикистон обод аст. Шукр, ки сулҳ аст, инҳо ҳам кори мо аст.
Озодӣ: Дуруст аст, ки Шумо муаллифи чорабиниҳои сатҳи давлатӣ ҳастед. Аммо ин ҷойи саҳнаи воқеъиро, ки қаблан шумо фатҳ карда будед, намегирад...
Убайдулло Раҷаб: Ҳамон давраи шумо гуфтагӣ ҳам, барои ман болои саҳна баромадан ва нақш бозидан осон набуд. Бо мушкилиҳо болои саҳна меомадам. Ҳар чизе, ки кардем, дар якҷоягӣ сохтем. Вале, ман он нақшҳоеро, ки бозидам агар ҳамин тавр гуфтан дуруст бошад, аз даҳони гургҳо гирифта бозӣ кардам. Онҳо ба осонӣ ба даст наомадааст.
Озодӣ: Хуб ҳоло аз даҳони ба истилоҳ гургҳо ва дар нақши гургҳо бозидани шумо аз тарс аст?
Убайдулло Раҷаб: То ҳоло қобилияти аз даҳони гургҳо гирифтанро дорам. Ҳамон гург ҳоло худам шудам. Худам аз даҳони гург мегирам. Ба мисли он, ки матое дорам, ки онро мехоҳам дӯхта пӯшам. Вале, дӯзандае надорам, ки онро ба қади ман пора кунад ва ман ӯро пӯшам. Яъне маблағе надорам, ки ба дӯзанда барам ва онро дӯзаму пӯшам. Барои таҳияи саҳнаи театрӣ, маблағи зарурӣ даркор. Ман намехоҳам бо саҳнаҳои сабук болои саҳна бароям.